Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мавлоно Ваҳшии Бофқӣ            

Навғизолони ваҳшимаонӣ роми вай будаанд. Дар устодию ширинзабонӣ мусаллами рӯзгору ягонаи олам аст. Девонаш машҳур ва ароиси абкори афкораш ғайрати сад чунон ҳур аст. Мутатаббиъи равиши Бобо Фиғонист, валекин шӯхии каломро бар тарзи вай афзудаву тағйире дар таври Бобои марҳум додаст, ки баъзе онҳо  бисёр ширину намакин афтодаву баъзе дигар сусту камрутба воқеъ шуда.

Ба эътиқоди роқими ҳуруф, ҷаримиа хомшоирони ин замон бо  ӯву Шавкатои Бухороию Мавлоно Зуҳурист, зеро ки дар водие, ки  Мавлоно Зуҳурӣ қадам ниҳода, Ҷабраилро маҷоли пар задан нест. Мояву салиқаи ӯ мусоидат карда, ки аз уҳдаи  тарзи худ баромадааст ва ҳар кӣ татаббуи тарзи ӯ кард, ашъораш берутба, балки бемаънии маҳз шуда ва ҳеч касро тарзи ӯ чунончӣ баяд ба даст намеояд ва ин равиш бар вай хатм шудааст.

Ва дигар Мавлоно Ваҳшист, ки аксар ба равиши рӯзмарраи  авом гуфтугӯ карда, лекин маънии устодию мояварии ӯ, филҷумла, монеи хомию берутбагии каломаш шудааст. Дигаронро, ки тарзи  гуфтугӯи ӯ хуш омадаву хостаанд, ба равиши ӯ шеър бигӯянд, сухани эшон якбора аз дараҷаи фасоҳату пухтагӣ афтода ва ба ҷое расидааст, ки ҳар касро қадре ҳам аз ин олам баҳра бошад, аз шунидани он ору танаффур меояд.

Ва, ҳамчунин, Шавкатои Бухороӣ, ки нозукхаёлиҳоро ба ҷое  расонидааст, ки шаҳбози андеша ба перомуни он наметавонад расид. Чун ӯро низ ин равиш мусоидат карда буд, филҷумла, аз уҳдаи он  баромаду пайравонаш пайро гум карда, ба залолат афтоданд ва   пиндоштанд, ки сухани эшон нозуку баланду балеғ шудааст. Ва агар  касе аз ағлоти афҳоми эшон хабар дод, аз вай озурда шуда, ба  мухосимату муҷодилаташ бархоста, ҷарҳи сухандонии ӯ намуданду  амсолашон тақвияту ионати онҳо карданд. Сухандонон забон ба коми хомӯшӣ кашиданду ҳарзагӯён равиши худро ривоҷ дода, кори суханро  расониданд ба ҷое, ки расидааст, хусусан, дар замони мо, ки ҳар кас аз  афрод инсонро бояд шоир донист ва агар хилофаш зоҳир шуд, нодуруст аст.

Ба ҳар ҳол, гӯянд, ки Мавлоно Ваҳшӣ ба дасти маъшуқи худ кушта шуд ва ин ғазалро дар ҳолати назъ гуфтааст, ки ин байт аз он ҷост:

Магар дар ман нишони марг зоҳир шуд, ки мебинам

                        Рафиқонро ниҳонӣ остин бар чашми тар имшаб.

 

Миёнаи вай ва Мавлоно Муҳташами Кошӣ мушоироту муҳоҷот воқеъ  шуда. Ⱪиссаи «Фарҳоду Ширин» ва «Нозиру Манзур»-ро дар ду маснавӣ ба камоли узубату ширинбаёнӣ адо фармуда, аз ҳар як чанд байт ба ҷиҳати таншити табъи нозирони ин маҷмӯаи фавоид симати таҳрир меёбад:

Аз «Фарҳоду Ширин»

Илоҳӣ, синае деҳ оташафрӯз,

Дар он сина диле в-он дил ҳама сӯз,

Ҳар он дилро, ки сӯзе нест, дил нест.

Дили афсурда худ ҷуз обу гил нест,

Каромат кун, даруни дардпарвард,

Диле дар вай дарун дарду бурун дард.

Дилам пуршуъла гардон, сина пурдуд,

Забонам кун ба гуфтан оташолуд.

Ба сӯзе деҳ каломамро равоӣ,

К-аз ӯ гармӣ кунад оташ гадоӣ.

Диламро доғи ишқе бар ҷабин неҳ,

Баёнамро забони оташин деҳ.

Сухан, к-аз сӯзи дил тобе надорад.

Чакад гар об аз ӯ обе надорад.

Диле афсурда дорам сахт бенур,

Чароғе з—ӯ бағоят равшанӣ дур.

Бидеҳ гармӣ дили афсурдаамро,

Фурӯзон кун чароғи мурдаамро.

Надорад роҳи фикрам равшаноӣ,

Зи лутфат партаве дорам гадоӣ.

Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019.

 

Таҳияи Малика Абдуллоева,

 мутахассиси шуъбаи маркетинг ва

менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.