Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мир Наҷот
Исми вай Абдулол аст. Аз содоти рафеуддараҷоти Ҳусайнӣ буда. Дар ҳусни хулқу вусъати машрабу сафои тинат назир надошта. Тамоми мардуми Исфаҳон, аз умарову фузало ва умуми аозиму аизза ба ақсиалғоят дар поси ҳурмату иззати вай мекўшидаанд. Маҷолису маҳофили худро ба вуҷудаш зебу зинат мебахшидаанд.
Дар сухансанҷию нодирагӣ ягонаи офоқ ва дар хушсуҳбатию кўчадилӣ дар олам тоқ буда. Латифаҳои намакину нақлҳои ширин аз вай бар забонҳост. Аз ҷумла, рўзе дар хонаи Мирзо Тоҳири Ваҳидуззамон, вазири аъзам меҳмон буда, вақти шом пис арони Мирзо Тоҳир, ки адимуллиҳя ва соҳибҷамол буданд, ба маҷлиси падар дар меоянд Мирзо Тоҳир аз эшон мепурсад, ки дар куҷо будед?
Арз карданд, ки дар боми денвонхона ба дидани Уторуд машғул будем.
Падари олиқадр мепурсад, ки муяссар шуд ё на?
Арз мекунанд, ки дидем.
Ва чун машҳур аст, ки дар вақти дидани Уторуд ҳар кас, ки ҷамии бандҳои малбуси худро бигшояду он рубоии машҳури арабиро бихонад, албатта, ганҷе аз мол ё ганҷе аз илм дасти он шахс хоҳад омад, лиҳозо, Мирзо Тоҳир ба унвони хуштабъӣ мепурсад, ки бандҳои худро во кардед?
Мегўянд: Бале.
Мепурсад, ки банди изорро ҳам?
Мир Наҷот мегўяд, ки онро дар вақти дидани Муштарӣ во хоҳанд кард.
Ба Мирзо Тоҳиру аҳли маҷлисро аз ин латифа инбосити тамом рў медиҳад.
Ва аз ин мақула суханҳои ў бисёр аст, ки зикри онҳо мўҷиби тўли калом мегардад.
Хулоса, Мир Наҷоти марҳум дар силки муншиёни узоми шаҳаншоҳи Эрон, яъне шоҳ Сулаймони мағфур мунсалик буд ва дар гумон доранд, набуд, балки метавон гуфт, ки хуни мазаллати шеър баъд аз Зилолии Хонсорию Мирзо Ҷалоли Асиру Шавкати Бухороӣ дар гардани Мир Наҷоти марҳум аст, Зилолию Мирзо Чалоли Асирро дар баъзе ашъор роҳ ба водии муҳмалот афтода, ба эътиқоди худ, ин равишро назокатгўӣ донистаанд ва ҳол он ки аз фарти бемоягӣ дар водӣ пай ғалат карда, аз манзили мақсуд дур афтодаанд. Аз уҳдаи равиши назокатбандии Мулло Зуҳурии Туршезӣ ба қуввати табъу зўри моя баромада ва Ҳар кӣ татаббуи ў кунад, албатта, кораш ба муҳмалгўӣ меанҷомад.
Аммо Мир Наҷоти марҳум моварои равиши онҳо тарзи тозае ихтироъ кардааст, ки писандидаи табъи авом шуда. Яъне, тобеи рўзмарраи аҷомимраву авбошу бозориён гардида, ба тариқи гуфтугўи эшон бинои шоириро гузоштаааст. Ва чун аксари халқ аз дарёфти дақоиқи маротиби суханварӣ маҳруму дасти фикраташон аз домани ароиси ҳиҷлаи фасоҳату балоғат кўтоҳ асту бад-он чи мутобиқи салиқаву мувофиқи табъашон иттифоқ афтода бошад, роғиб мебошанд, лиҳозо, ба равиши ў рағбати тамом пайдо шуда, аксар ба ҳамон тарз моил гардида. Агар мавзун бошанд, татаббуи он меноманд ва илло ба хондану шунидани ин қисм ашъор қаноаат мекунанд. Ва бархе дигар аз шуарои замони мо, мисли Оқоризои Умед, ки мухотаб ба Қизилбошхон буд ва ҷамъе дигар нозукмуҳмалиҳои тарзи Зилолию Асириро иловаи тарзи Мир Наҷот намуда, қўси музахрафот дар боми фазиҳат менавозанд. Ва агар аҳёнан касе хоҳад, ки дар ин боб сухане, ки хилофи равияи эътиқоди эшон бошад, бигўяд, биттабъ орзуда шуда, балки дам аз хусумат мезананд. Раббанаҳкум байнано ва байна қавмино би-л-ҳаққи ва анта хайр- ул- ҳокимин.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Саноат Набиева,
сармутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.