Аз “Риёз-уш-шуаро”. Воҳиди Кирмонӣ
Машҳур ба «Уқтулу».Сабаби шуҳрат ёфтан ба ин исм ашъоре чанд аст, ки дар ҳаҷви ҷамъе гуфта, ки дар авали ҳар байт «уқтулу фалон» – у «уқтулу баҳмон» омада ва ин ду байт аз он ҷост
Уқтулу котибони муфрадаро,
Аввал он Абдии фалакзадаро.
Уқтулу он, ки сохт аз зари суд.
Масҷиде ло суҷуд баҳри суҷуд.
*****
Бар гиряи ман хандаи он пистадаҳан бин,
Дар хандаи он лаб нигару гиряи ман бин.
*****
Аз боди нашъае ба дилу ҷон намерасад,
Кайфийяте ба ишқи ҷавонон намерасад.
Мавлоно Водӣ
Дар аҳди Акбарподшоҳ ба Ҳинд омада, саёҳат мекарда.
Ўрост:
Қадди ту ниҳолест нишон дар барам ўро,
К- аз дида диҳам обу ба ҷон парварам ўро.
Кӯри май хоҳам зи гиря дидаи ағёрро,
То набинад чашми бад дигар ҷамоли ёрро.
Воҳидӣ,тойибу зоҳид шуда будӣ ду-се рўз,
Боз ошиқ шудай,ҷойи муборакбод аст.
Сўфӣ,ту ҳадиси маю маъшуқ зи мо пурс,
К- ин нуктаи ишк аст, надонӣ ту беҳ аз мо.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Саноат Набиева, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.