Аз “Риёз-уш-шуаро”. Амир Ҳумоюни Исфароинӣ

riyoz-ush-shuaroТақии Авҳадӣ навишта, ки аз содоти Самарқанд аст. Ширинии қанди баёнаш дар олам самару лаолии афкораш аз дурри самин серобтар аст. Аз Мовароуннаҳр ба Ҳирот омада,  иззати тамом ёфт ва аз он ҷо ба хидмати Султон  Яъқуб рафта, аз муқаррабони вай гардид. Мирзо Соиб ва ғайра ӯро Исфароинӣ навиштаанд, ағлаб, ки Тақии Авҳадӣ ғалат карда бошад, чи ӯ касирулғалат аст.
Ба ҳар ҳол ин абёт ӯрост:

Наёбӣ дар чаман сарве, ки ман сад бор дар пояш
Саре нанҳодаму нагристаам бар ёди болояш.

Бувад зи кисвати осудагӣ фароғ маро,
Бас аст пӯшиши тан пунбаҳои доғ маро.

Ба даст оина дод, он ки дилситони маро
Яке  ду сохт балое, ки буд ҷони маро.

Нишастам то камар дар хун зи ашки лолагуни худ,
Ту чун душман шудӣ, ман ҳам камар бастам  ба хуни худ.

Ба кӯи майфурӯшон баҳри ҷоме дарбадар  гаштам,
Чӣ об аст ин, к-аз ӯ ҳарчанд хӯрдам,  ташнатар гаштам?!

Маё  бар сар маро рӯзе, ки мирам дар вафои ту,
Ки тарсам зинда гардам бозу афтам дар балои ту.

Сарви ман, азбаски дилҳо баста дар ҳар мӯйи ӯ,
Гулбини пурғунчаро монад қади дилҷӯи ӯ.

Раҳме  дигар  намекунам, андешаи  дигар,
Дил медиҳам ба дасти  ҷафопешаи дигар.

Як дам чу бо туам, зи худам бехабар макун,
Серат надидаам, ба сӯи ман назар макун.

Мумтоз бувад нолаам аз навҳаи ушшоқ,
Чун оҳи мусибатзада дар ҳалқаи мотам.

Бутам  дар ҷилваи нозу раҳам аз ашки  ҳасрат гил,
Гуноҳи ман чӣ  бошад, гар билағзад пойи  имонам?

Шабе дар хоб дидам, мешумурдӣ куштагонатро,
Гирифтам доманат, пиндоштам, рӯзи ҳисоб аст ин.

Ба дард мурдану лаб ногушуданам беҳ аз он аст,
Ки нолае кунаму мӯҷиби малоли ту бошад.

Маро аз сина набвад пурбаи доғи ниҳон пайдо,
Чунонам сӯхт доғи ӯ, ки гардид устухон пайдо.

Наёмад бар забон ҷуз  ҳарфи он номеҳрубон ҳаргиз.
Ба зикри ғайри ӯ гӯё намегардад забон ҳаргиз.

     Ин байт дар тазкираи Сом Мирзои мағфур ба номи Маъруфи Табрезӣ забт шуда ва дигарон ба исми вай забт кардаанд:

Рӯзи аҷалам нола на аз рафтани ҷон аст,

Аз ёр ҷудо мешавам, ин нола аз он аст.

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА.