Аз “Риёз-уш-шуаро”. Хоҷа Ҳумомиддини Табрезӣ

hoja-orunЗубдаи аҳли ҳолу қудваи арбоби камол буда. Аз шогирдони  Хоҷа Насириддин ва аз ақрабои Мавлоно  утбиддин Алломаи Шерозист, гуё, нисбатсабабӣ доштаанд. Ба хидмати Шайх Саъдии Шерозӣ, қаддасал-Лоҳу сирруҳ, бисёр расидаву суҳбатҳо доштааст. Вафоташ дар санаи 713/1313-14 воқеъ шуда.

Ӯрост:

 

Булбулонро боди наврӯзӣ башорат медиҳад,
К-аз раҳи яксола гул сӯйи гулистон мерасад.

Лаби ту умри ҷовидон арзад,
На, ғалат  рафт, беш аз он арзад.

Завқи  дарде, ки ошиқони турост,
Ҳама осоиши ҷаҳон дорад.

Чун  хаёли ту зи пеши назари ман наравад,
Шарм дорам, ки шикоят кунам аз танҳоӣ.

Пас аз соле ба хобаш дидаам дӯш,
Мабодо ҳаргиз ин хобам фаромӯш!
Ҳанӯзам ҳаст дидори ту дар чашм,
Ҳанӯзам ҳаст гуфтори ту дар гӯш.

Хоҷа Ҳорун

Писари Хоҷа Шамсиддини Соҳибдевон аст. Донишманду фозил буда, ҳолати вай аз ашъораш ҳувайдост:

Ⱪимати мард аз ҳунар  бошад,
На зи динору аз гуҳар бошад.
Мард бояд ки дониш омӯзад,
То зи ҳар кас шарифтар бошад.
Хок бар фарқи меҳтаре, к-ӯро
Олати хоҷагӣ падар бошад.

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА.