Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мирзо Иброҳим Вафо
Замидоварист. Ба иттифоқи афоғина аз Ⱪандаҳор омада, мушшиюлмамолики подшоҳи онҳо буд. Алҳақ, ба он хубӣ одам камтар дидааст. Ба ҳусни хулқу сафои тинату эътиқоди хушу кӯчакдилию мурувват мумтоз буд. Дар фанни шеъру иншо камоли маҳорату дастгоҳ дошт. Роқими ҳуруфро бо он марҳум камоли хусусийят буд. Дар ин авқот шунида шуд, ки ба ҷивори раҳмати илоҳӣ пайваста.
Ин ду байт аз натоиҷи табъи он гавҳари кони муруввату вафост:
Ин маломат бас Зулайхоро, ки дар мизони ишқ
Нақди Юсуфро сабук санҷиду бо гавҳар кашид.
Ҷуз надомат ҳосиле дар улфати хубон набуд,
Аз миёни бевафоён чун Вафо бархостем.
Мирзо Муҳаммадрафеъ Воизи Ⱪазвинӣ
Аз фузалои асру уламои даҳр аст. Лаолии обдори вазъу насоеҳи ӯ овезаи гӯши хоссу ом буда. Фанни шеъру иншоро бо ойине, ки бояд замимаи дигар камолот сохта буд. Китоби “Абвол-ул-ҷинон”-ро, ки муштамил бар тарҷумаи аҳодиси аҳли байт, алайҳиму-с-салом, аст, дар ғояти кайфийяту рангинӣ тасвид намуда. Дар авоили ҷулуси Хоқони моликриқоб доъин Ҳақро лаббайки иҷобат гуфта. Ин чанд байт аз он китоб аст:
ДАР ТАВҲИД
Ато карда аз ганҷ инъоми хеш,
Ба дил ёди хешу ба лаб номи хеш.
Нафас дар миён шуд чунон бесукун,
Ки як по дарун асту як по бурун.
ДАР МАНⱩАБАТ
Набию Алӣ ҳар ду нисбат ба ҳам
Дутову яке чун забони қалам.
Хати шарь гардид нохон аз он,
Ки гунҷид ғайре чу мӯ дар миён.
МИН ҒАЗАЛИЁТИҲИ
Дуру дароз шуд сафари буҳудӣ маро,
Гӯё, ба бӯйи зулфи ту аз ҳуш рафтаам.
*** *** ***
Сад ҳайф, ки мо пири ҷаҳондида набудем,
Рӯзе, ки расидем ба айёми ҷавонӣ.
*** *** ***
Ҳамон ки ситам мекунӣ, ҳамон бинӣ
Ба қадри зӯри камон зӯр бар камон ояд.
*** *** ***
Зибас хоност аз пешоният хатти гунаҳкорӣ,
Тавонад номаи аъмол шуд оина дар дастам.
*** *** ***
Хуррам аз нашвунамои ин тани хокӣ мабош,
З-он ки аз рафтори умрат мешавад гарде баланд.
*** *** ***
Эй бехабар, шумораи неъмат нигоҳ дор,
Тасбеҳ кардаанд барои ту донаро.
*** *** ***
Аз пояи баланд зи худ бехабар шудан,
Афтодам он қадар, ки фитодам ба фикри хеш.
*** *** ***
Ба пеши кас нагушоӣ даҳан барои талаб,
Ки мавҷи рехтани обрӯст ҷунбиши лаб.
*** *** ***
Ҳар куҷо меравӣ, эй шӯх, ҳамон дар назарӣ,
Чӣ шабеҳ аст хироми ту ба рафтори нигоҳ.
*** *** ***
Дар гуфтани айби дигарон бастазабон бош,
Аз хубии худ айбнамои дигарон бош.
*** *** ***
Гарчи моро нест пешопеш дуди машъале,
Нест дудиоҳи мазмуле ҳам аз дунболи мо.
Аз ҳеҷ кас ба ҷуз дузабонӣ надидаам,
Халқи замонаро ҳам гӯё забон якест.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Малика Абдуллоева,
мутахассиси шуъбаи
маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.