Аз “Риёз-уш-шуаро”. Муртазоқулибеги Воло

kitobАз мардуми Эрон буд, лекин ватанаш маълуми фақир нест. Муддатҳо буд, ки ба Ҳиндустон омадаву дар хидмати Сарбаландхони  Тунӣ умр ба сар бурда. Баъд аз вафоти Сарбаландхон ба Бангола рафту дар он ҷо фавт шуд.

Дағдағаи шоирияш мешуд, лекин шеъри беайб, балки марбут аз ӯ камтар ба назар расида. Ин матлаъ, ки мунтахаби ашъори ӯ буд, навишта шуд:

Дар синаам зи ҷаври ту, золим, диле намонд,

           Ҷуз бедилӣ ба мазраи ман ҳосиле намонд.

 

МИРЗО МУҲАММАДАЛИИ ВАФО

  Аз вафо туҳмате ва аз шоирӣ номе дорад. Дар тиббу сиёқ, фи-л-ҷумла, вуқуфе ҳосил карда, хатти шикастаро покиза менависад. Ⱪабл аз ин бо марҳум Мирзо Абдулкарими Иштиҳоридӣ, вазири аъзам, ки аҳволаш  мазкур шуд, мебуд. Муддатест, ки ба Ҳиндустон омада, ҳар чанде бо касе авқот ба сар бурдаву мебарад. Бемуболотиро дар шаръиёт ба бемазагӣ расонидааст. Умед, ки Ҳақ таъоло ислоҳи ҳолаш бикунад.

Ин байт аз ӯст:

Агар ба сайри хазон ёри гулзор ояд,

                     Ба саҳни боғ дигарбора навбаҳор ояд.

Муште бошад намунаи хирвор.

МИРЗО АЛИСҒАРИ ВОЗЕҲ

  Исфаҳонист. Фи-л-ҷумла, таҳсиле ҳосил карда, дар шаҳри худ ба касби заркашӣ мадор мегузаронид. Оқибат даст аз он кор кашида, ба Ҳиндустон омада, замона бо ӯ нахост, ба нокомӣ дар Сикокул, ки аз музофоти савбаи Ҳайдаробод аст, дасти аҷал тори умрашро аз ҳам гусехт.

Шеъри ӯ ин аст:

Пас аз резиш надорад рӯйи мондан абри найсонӣ,

                     Фирорӣ мекунад арбоби ҳимматро парешонӣ.

 

Рӯйи истодан намедорад пас аз резиш саҳоб,

                     Аҳли ҳимматро парешонӣ фирорӣ мекунад.

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА.