“Аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ” — мавзуи маҳфили “Хонандаи имрӯз – созандаи фардо”

Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани фазои созандаи маънавию фарҳангӣ барои кӯдакону наврасон дар давраи таътили тобистона, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилҳои адабӣ-фарҳангии «Хонандаи имрӯз – созандаи фардо» идома доранд.

Маҳфили навбатӣ таҳти унвони «Аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ» баргузор гардида, иштирокдоронро ба сайри рангини ҷаҳони адабиёти классикии тоҷик, ба олами андешаву ҳикмати суханварони бузурги миллат мебарад.

Дар доираи маҳфил вохӯрӣ бо нависанда, адабиётшинос ва муҳаққиқ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар назар аст. Суҳбати адабӣ бо ин донишманди тоҷик метавонад барои дӯстдорони китобу адабиёт як фурсати хуби шиносоӣ бо ганҷинаи адабии миллати тоҷик ва андешаҳои тозаи пажӯҳишӣ бошад.

Агар мехоҳед таътили тобистонаи худро бо китоб, сухани ноб, андешаи созанда ва ғизои маънавӣ рангин созед, ба маҳфили мо биёед!

Марҳамат ба нишасти адабии «Аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ»!

Макон: толори «Фурӯғи китоб»-и Китобхонаи миллӣ
Замон: 14 июли соли 2026, соати 10:00
Вуруд озод аст.