Аз садои зиндагӣ то нидои ҷовидонаи сухан

Аз садои зиндагӣАдабиёти тоҷик ҳамеша бо чеҳраҳое зиндаву пойдор аст, ки дар вуҷудашон истеъдод, сарнавишти пурталотум, андешаҳои баланд ва муҳаббати беандоза ба инсону зиндагӣ таҷассум ёфтааст. Чунин шахсиятҳо бо ашъор, бо рӯҳи зинда, хулқи инсонӣ ва рисолати маънавии худ дар дилҳо маъво мегиранд.

Ривояту ёддоштҳое, ки дар бораи чунин абармардони сухан эҷод шудаанд, бештар аз як нақли одӣ мебошанд, онҳо оинаи замон, таҷассумгари муҳити адабӣ ва нишони эҳтирому муҳаббати ҳамасрони бузург ба якдигар ҳастанд. Дар ин навишта, ки аз қалами шахсиятҳои барҷастаи адабиёт рӯйи коғаз омадааст, мо симои як шоир, ҷаҳони пурмуҳтавои як инсонро мебинем, инсоне, ки дар баробари шодӣ, ғам, заҳмат, эҷод ва дӯстдорӣ зиндагиро бо тамоми рангорангиаш пазируфтааст.

Ин ривоят моро ба умқи зиндагии як шоири зиндадил мебарад, ки ҷавонӣ дар рӯҳаш абадист, гарчанде айём ба пеш меравад. Дар он самимият, ҳикмат, эҳсос ва як навъ гармии инсонӣ эҳсос мешавад, ки хонандаро ба тафаккур водор месозад. Ин навишта гувоҳи он аст, ки шоири ҳақиқӣ сухансаро, мураббӣ, дӯст, роҳнамо ва инсонест, ки дардҳои замонро бо қалам ба сухан меорад.

Бо мутолиаи ин ривоят, хонанда бо шахсияти адабӣ, бо рӯҳи як давра, бо муносибатҳои инсонӣ ва бо арзишҳои аслии зиндагӣ ошно мегардад. Он моро водор месозад, ки ба қадри сухан, ба қадри инсон ва ба қадри зиндагӣ бештар бирасем.

Ин шахсияти дар адабиёти мо таърихсоз устоди шодравон Боқӣ Раҳимзода аст, ки ин ҷо табрикоти ду устоди дигари сухан Мирсаид Миршакар ва Ҷалол Икромӣ ба шастсолагии шоири маъруфро меорем, ки 56 сол пеш дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст.

Бунафша Абдуллоева

ПИРИ МУРОД

Мегӯянд синну соли шоирро аз шеъраш фаҳмидан мумкин аст. Ман, чун миллионҳо  хонандагонат, бовар карда наметавонам, ки ба шаст даромадӣ!

Бори шеъру шоирӣ сангин ва масъулияти шоир дар назди халқу Ватан хеле бузург аст. На ҳар кас қодир аст, ки бори вазнини шоириро ба дӯши худ бардорад. Басо миёнҳо ҳанӯз дар ҷавонӣ аз он камон шудаанд. Он тӯӣ, ки қади мавзунатро на бори вазнини шеъру шоирӣ ҳам карда тавонисту на нозу нузи ҳар замон навталабиҳои он!

Мегӯянд қудрати Боқӣ дар он аст, ки соҳиби маълумоти олӣ ва иродаи қавист. Бовар мекунам. Лекин дар ҳар сурат як чизро фаромӯш набояд кард, ки ту, Боқиҷон, ҳаётро аз боркашӣ дар заводи пахта сар карда будӣ, бо ин роҳ на танҳо муборизаи садоқатмандонаи одамони одиро барои ояндаи бузург бо чашмони ҷавону тезбини  худ медидӣ, балки иштироккунандаи фаъоли он муборизаҳо гардидӣ. Сабақи ҳаётро омӯхтӣ, ба пастию баландиҳои он тобовар шудӣ, комёбиҳоро дида аз худ нарафтӣ ва ба номуродиҳо дучор гашта таслим нашудӣ.

Мегӯянд  ниҳоли он гулҳоеро, ки имрӯз бӯстони моро оро медиҳанд, дирӯз шинондаанд. Ин дуруст аст. Дар байнашон он ниҳол, ки ту шинондаӣ, бараъло намоён аст, ҳар гулу шохчаи он чун рухи  фарзандонат хандон ва чун қалами шогирдонат пурсамар ва уммедбахш аст. Муборак  бошад,  меҳнатат самар бахшид!

Боқиҷон,  ёд дорӣ, дар Бадахшон, дар сари чашмаи Носири Хисрав нишаста будем. Мӯйсафеди зиндадиле ҳар бор косаи обро ба сӯи мо дароз карда мегуфт: “Нӯшед, ин оби чашмаест, ки аз Носири Хисрав ба халқ ёдгор мондааст…” Ба сари кӯҳ уқобе намоён шуд, ту онро дида гуфтӣ: “Уқоб то сад сол умр медидаст, чи ҷонвари аҷибе!” Мӯйсафед  дар ҳол гуфт: “Шумо писарам, уқобчашм ҳастед ва илова бар он шоир! Пас аз уқоб ҳам бештар умр мебинед!”

Мехоҳам он суханони ҳаққонии мӯйсафедро аз рӯзи шастсолагиат чун орзуи неки худ такрор кунам.  Ту шоирӣ, аз уқоб бештар умр хоҳи дид.

Мирсаид Миршакар

Мегӯянд, ки Боқӣ Раҳимзода ба шаст даромада, худро ба қатори пирон гузоштааст. Боварии кас намеояд, ки Боқӣ Раҳимзода барин як ҷавони барно ба шаст даромада бошад. Агар баъзе бемориҳо ва дарду ранҷҳо намешуданд, намуди зоҳирии Боқӣ низ ҷавонона буд. Вай марди бузургҷусса, баҳодурталъат, чӯнг ва ҷавони ба назар намоён буд ва ҳаст. Ҳамин бузургҷуссагии Боқӣ Раҳимзода аст, ки раҳматӣ Деҳотӣ шӯхикунон ҳар чизе ки калон бошад ва аз дараҷаи одӣ бузургтар бошад, ба Боқӣ монанд мекарданд:

Ӯ, ин харбузаҳоя Боқӣ Раҳимаш будааст!

   -Ӯ, ин себа Боқӣ Раҳимаш будаааст!

-Ӯ, ин кӯҳҳоя Боқӣ Раҳимаш будааст!.. ва ғайра ва ҳоқазо…

Боқӣ Раҳимзода на танҳо ҷисман ҷавон менамояд. Вай ҷавонтабъ ҷавонгуфтор ва ҷавонрафтор аст! Вай рӯҳи ҷавон, хулқи ҷавон, мизоҷи ҷавон дорад. Ҳамаи ин мегӯяд, ки хабари ба шаст даромадани ӯро шунида, бовар намекунад!

Лекин афсӯс, ки умри инсон мисли оби дарёи кӯҳӣ тез  мегузарад, ба як ҷо намеистад, ҳамеша ҷорист ва аксаран гузашти онро кас надониста мемонад. Хусусан Боқӣ Раҳимзода бо ин хуштабъӣ, бо ин хушфеълӣ ва бо ин дӯстпарварӣ. Ман гумон мекунам, ки моҳаш рӯз, солаш моҳ барин гузаштагист! Вай ёру дӯсти бисёре дорад. Агар ба ҳар кадомашон як соатӣ вақт ҷудо кунад, шабу рӯз камӣ мекунад. Мардум бо вай дар сӯҳбат шуда ғаму андӯҳи худро фаромӯш мекунанд ва гузашти фурсатро намедонанд, бо онҳо худи вай ҳам. Бедарак нест, ки Боқӣ Раҳимзодаро пиру барно, зану марди республика ва дар хориҷ  аз республика дӯст медоранд. Вай ба онҳо шеъру тарона мехонад, вай меҳнату кори онҳоро васф карда, достонҳо месарояд, вай дӯсти беғараз ва самимии хонанда аст. Ҳамин ки Боқӣ Раҳимзода ба минбар барояд, ҳамеша дар маҷлисгоҳ як фараҳ ва сурур ҳукумрон мегардад ва дар лабони ҳама табассуми шодӣ гул мекунад. Вай дар сӯҳбати худ  мардумро механдонад, ба онҳо бевосита сухан мекунад ва қаробати худро изҳор мекунад; дар ҳар маҷлис, дар ҳар сӯҳбате, ки Боқӣ Раҳимзода бошад, дар он ҷо шодӣ ва хурсандӣ ҳукмрон мешавад…

Аз ин гуфтаҳо чунин хулоса баровардан лозим нест, ки Боқӣ Раҳимзода як одами беғам, фориғбол, кайфӣ ва чақчақии муқаррарӣ аст!

Ҳаргиз не!

Боқӣ Раҳимзода ғам дорад ва ғам хӯрда истода механдад ва механдонад…

На ҳар кӣ замона кори ӯ дарбандад

Фарёду ҷазаъ бар осмон  пайвандад.

Бисёр касо, ки андарунаш  чун раъд

Меноладу чун барқ лабаш механдад.

Рост мегӯяд Саъдии Шерозӣ!

“Ғам”  чи тавре ки ба мо мафҳум мешавад, чизи бад ва чизи манфӣ нест. Бар акс ғам эҳсосоти бузургест, ки месозад, барпо мекунад ва ҳаётро пеш мебарад. Агар мо дар ғами кор  набошем, дар ғами эҷод набошем, дар ғами  зиндагӣ набошем дунё чаппа мешавад. Инак, Боқӣ Раҳимзода низ беғам нест, ғам дорад, ғамҳои калон дорад. Як ғами калони вай шеър гуфтан эҷод кардан аст. Ин ғам ҳамеша ӯро таъқиб мекунад; ҳам дар вақти кор, ҳам дар вақти истироҳат. Бинобар он хонандагони бешумори ӯ ҳамеша аз самари кори ӯ баҳрабардоранд. Достонҳо ва маҷмӯаҳои ашъори ӯ ҳар сол тоза ба тоза ба дасти хонанда расида меистад.

Лекин ҳаминро ҳам қайд кардан лозим аст, ки дар замони мо шеъри нағз гуфта, хонандаи баландтабъ, нозуксанҷ ва пурдонро қонеъ гардонидан, бо чанд мисраъ шеър ба дили хонанда ғами коре, ғами пешравӣ, ғами ишқу латофатро тавлид кушодан аз мушкилотест, ки бар ҳар кас муяссар намешавад!  Шеъре, ки беғамона навишта шуда бошад, ба ҳеҷ кас таъсире намебахшад. Шеъре, ки дар он ҷӯшу хурӯши қалби шоир эҳсос нашавад, нодаркор аст. Шубҳае нест, ки пас аз ғами эҷодӣ, пас аз ба майдон омадани асар шодии бузург ва фараҳи аҷоибе рӯй медиҳад, ки аз нашъаи сад коса шароб афзунтар аст. Боқии хушбахти мо аз ҳамин нашъаи сад коса шароб афзунтар аст. Боқии хушбахти мо аз ҳамин нашъа борҳо баҳраманд шуда, имрӯз ба шаст даромадааст!

Боз як ғами калони Боқӣ Раҳимзодаи мо ғами адабиёт ва назми тоҷик аст. Ин ки ҳамаи эҷодкорони ҳақиқии адабиёти моро фаро гирифтааст, хусусан дар Боқӣ афзунтар аст. Зеро ҷавонҳои бисёре ӯро устоди худ, муаллим ва мураббии худ медонанд. Як лақаби машҳури ӯ “муаллими бузург” аст.

Аммо ҷавонҳои имрӯзаи мо аз гӯлу содаҳои солҳои сиюм нестанд. Онҳоро худи ҳаёт ва зиндагии мутараққии мо ҳушёр, пурдон ва мандонам карда расонидааст. Як қисми онҳо пешхезӣ, мандонамии аз ҳад  зиёд мекунанд, ба таври худ навоварӣ кардан мехоҳанд, қонун ва анъанаҳои шеърсароии классикӣ ва имрӯзаро зада, вайрон кардан ва аз худ як сухани нав овардан мехоҳанд. (Ин, албатта, агар ба маънои мусбаташ бошад, агар дониста ва устодона карда мешуда бошад, хуб аст!) Онҳо аз худ гӯё дунёи наве эҷод кардан мехоҳанд…

Қисми дигарашон баръакс, кӯр-кӯрона ба классикҳо часпида гирифта, аз доираи танг ва кӯҳнашудаи назми тақлиди берун намебароянд,  кору борашон “сӯзу гудози” бемаънӣ ва пайравии ноҷоиз! “Гулу булбулу, ёру ҷонона” гуфта фаҳмидаанду намедонанд, ки ин маъниҳоро дар куҷо ба кор баранд. Қисми дигарашон кундфаҳм, ноқобил ва якраҳа.

Ана, бо ҳамаи ин хел ҷавонҳо сару кор доштан, онҳоро ба роҳи дуруст равона кардан лозим аст. Шубҳае нест, ки аксаран ҷавонҳои қобил, хуштабъ ва ҳушёр ба назди Боқӣ Раҳимзода шеърҳои нағз, шеърҳои пурмазмун ва шеърҳои бамаънии худро гирифта оварда, ӯро  дунё-дунё шоду хурсанд мекунанд ва дар ин тавр фурсатҳо вай ҳамаи мушкилоти тарбиятгарии худро фаромӯш карда, кайф мекунад ва ба худ мегӯяд:

“-Хуб аст, бад аст, ба ҳар ҳол ба ин дунё бедарак наёмадаем, адабиётамон бекас намемонад!”

Ғами дигари вай ишқ аст: ишқи ҳамсар ва рафиқааш, ишқи фарзандони дилбандаш аст. Фарзандҳо калон шуда, ба камол расида истодаанд, ба онҳо илму маърифат додан, онҳоро ба роҳи ҳамвори ҳаёт бароварда мондан лозим аст.

Боз ғами дӯстон, ғами ёру ошноҳо. Рӯзе нест, ки вай мушкили касеро осон накунад, ба сарвақти касе нарасад, аз дасти касе нагирад!

Бо ҳамаи ин ғаму шодиҳо Боқӣ Раҳимзода гузаштани айёмро надониста, ба шаст расидааст. Ин ҷашни камолот, ҷашни калоншавандагӣ, ҷашни пешгаҳнишинӣ аст! Акнун, агар Боқӣ Раҳимзода ба троллейбуси серодам баромада монад, албатта, ҷавонҳои нишастагӣ ба ӯ ҷои худро пешкаш мекунанд. Пас, ин ҳоло ҷашни пирӣ нест.  Агар ҷашни пирӣ мешуд, ман, албатта, дар бораи ин дӯсти қадрдони худ як китоб ҳикоя менавиштам, зеро ман ӯро дерест мешиносам ва тақрибан  бо тамоми роҳи эҷодии ӯ шиносо ҳастам. Бинобар он, ҳоло бо ҳамин як андак гуфтор қаноат карда, дар рӯзи ҷашни камолоташ Боқӣ Раҳимзодаро аз таҳти дил  муборакбод мекунам, ба вай умри дароз, муваффақиятҳои зиёди эҷодӣ орзумандам.

Ҷалол Икромӣ.

МАНБАЪ: ”Садои шарқ”, соли 1970 №9

Таҳияи Бунафша Абдуллозода
мутахассис пешбари шуъбаи
матбуоти даврӣ.