Аз шароити Китобхонаи миллӣ ва шаффофияти озмун мегўянд
Панҷумин рӯзи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба поён мерасад. Бо мақсади донистани андешаҳои ширкаткунандагон, падарону модарони онҳо дар мавриди шаффофити озум ва шароити фароҳамовардаи Китобхонаи миллӣ бо чанд нафар ҳамсуҳбат шудем.
Муаззам Комилов, аз вилояти Суғд:
Пеш аз он, ки доир ба шароити Китобхонаи миллӣ бигўям, ба Ҷаноби Олӣ миннатдориямро баён мекунам, чунки дар чунин шароити хуб имрўз фарзандону наберагони моро ин ҷо гирд оварда, озмунро ташкил намудааст. Ҳазор ташаккур ба ў. Дар Китобхонаи миллӣ барои гузарондани озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ…» бисёр шароити хуб фароҳам оварданд, миннатдорам аз рафтору муносибати кормандонаш, аз роҳбаладон ва умуман шароите, ки роҳбарияти ин муассиса фароҳам овардааст. Ман, ки набераамро ба озмун омода карда овардам, дар шароити хуб нишаста, рафти озмунро мушоҳида дорам.
– Озмун шаффоф мегузарад?
– Шаффофияти озмун таъмин ва аз рўи адолат аст. Озмун дар сатҳи баланд мегузарад. Шахсан худам бисёр розиам аз ҷараёни он. Мисле, ки дар пеши чашмамон мегузарад.
Соатой Гулова, муаллимаи мактаби рақами 97 –деҳаи Саховати шаҳри Ҳисор, Аълочии маорф, Аълочии фарҳанг.
– Имрўз шодам, ки ба озмун шогирд ва набераамро овардам. Пеш аз ҳама аз Президенти кишвар миннатдорам, ки ин анъанаро роҳандозӣ намуд. Туфайлӣ ин озмун шогирдони зиёд новобаста ба он, ки ҷой гирифтанд ё нагирифтанд, ба майдони сухан ворид шуданд. Президенти муҳтарам ганҷи суханро кашф кард, хеле хурсандем. Ифтихори миллати фарҳангдўсти мост.
Озмун ҳам боадолатона мегузарад. Касе, ки ба қадри сухан ва китоб мерасад, шароити китобхонаро хуб мебинад.
Ба Китобхонаи миллӣ бо бисмиллоҳ даромадам, зеро ин ҷои муқаддас аст, хазинаи бузургони ниёгонамон ин ҷо маҳфуз аст. Мо аз он истифода бурда метавонем. Донишҷуён, ки аз канори кишвар ҳастан, мисли хонаи худашон аз боигарии китобхона баҳузур истифода мебаранд. Духтарам, ки донишҷуи Донишгоҳи миллӣ буд ва аъзои ин китобхона. Ҳар гоҳе ба деҳа мерафт, аз китобҳои хондааш мепурсидаму шод мешудам, ки кишвари ман чунин китобхона доранд.
Сурма Алифбекова, омўзгори забон ва адабиёти муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 23, Роштқалъа, вилояти Бадахшон.
– Соли сеюм аст, ки ширкат дорам. Хостам донишамро такмил диҳам, ба ин хотир довталаби сабқат шудам. Озмун дар сатҳи баланд доир гардидааст. Барои иштироккунандагони озмун тамоми шароит муҳайёст, мо аз ин шароит хеле розием. Шароит аз ин беҳтар намешавад. Аз Китобхонаи миллӣ, ки шароти замонавӣ дорад, хушбахту хурсандем. Озмун дар Китобхонаи замонавӣ гузашта истодааст.
Озмун шаффоф мегузарад, ба воситаи монитор онро ҳам падару модарон ва ҳам устодону довталабон тамошо доранд. Яъне ягон ноадолатӣ нест.
Рўзимо Нарзиева, ҷамоати Лоиқ Шералӣ, шаҳри Панҷакент.
– Камбудие нест. Мо,ки аз роҳи дур омадем, мебинем, ки кулли шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ташаккр мегўям, ки чунин озмунҳо таъсис дода, барои ҷавоно чунин шароит фароҳам оварда ҷавононро дастгирӣ менамоянд.Доварон саволҳои одӣ, мувофиқ ба сол ва донишҳои андўхтаашон медиҳанд.
Раҳима Бобоева.