Аз тамоми ину он гумкардагон…

Ҳар кас, ки бо забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад

Оре, забони одамӣ аз забони модарӣ оғоз меёбад. Нахустин сухани тифл низ аз забони модарӣ сарчашма мегирад, ки ҳатто он боиси омӯхтани дигар забон шуда метавонад. Шахсе, ки забони модарии худро хуб медонад, азбар намудани забонҳои хориҷӣ низ ба ӯ, ба осонӣ даст медиҳад.

Чуноне гуфтаанд: Забондонӣ – ҷаҳондонист

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуданд:  Ҳамзамон бо ин, барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимӣ ва илмиро ба забонҳои русӣ ва англисӣ хатм карда, рисолаҳояшонро ба ин забонҳо омода кардаанд, иҷозат дода мешавад, ки корҳои илмиашонро бо ҳамин забонҳо дифоъ намоянд. Зеро забонҳои зикршуда забони илму муоширати байналмилалӣ ба шумор рафта, донистани онҳо аҳаммияти бағоят бузург дорад.
Дар
ҷаҳони мутамаддин имрӯз шаш забони фаъоли муоширати байналхалқӣ ҳамчун забонҳои расмии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, ки мо низ бояд насли ҷавонро барои донистани онҳо раҳнамоӣ созем ва дар созмонҳои бонуфуз бо ин забонҳо аз манфиатҳои милливу давлатии худ дифоъ кунем.

Забон – инъикоскунандаи халқу миллат инчунин воситаи муошират ба ҳисоб рафта, тамоми халқиятҳоро бо ҳам мепайвандад. Ҳар як халқияту миллат забон, шева ва лаҳҷаи худро дорост, ки маҳз забон метавонад воситаи муошират, гуфтугӯ, ибрози фикру андеша ва мулоҳизаронии онҳо гардад. Забон воситаи умдаи ифодаи фикр маҳсуб ёфта, дар кору фаъолият ва ҳаёти ҳаррӯзаи мардум роли басе муҳимеро мебозад. Лаҳҷаҳо мисли забонҳо дар олам хеле зиёд ва гуногунанд ва бо гузашти айём дар онҳо навовариҳо дохил мешаванд, пешрафта мешаванд ва ё баръакс баъзе ё қисме аз онҳо пурра аз байн мераванд.

Аз тамоми ину он гумкардагон
Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон,

З – он, ки гум карда, забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намудаанд:

Дар раванди таҳияи дастурҳои истилоҳсозӣ ба лаҳҷаву шеваҳои забони тоҷикӣ, ки ганҷинаи пурфайзи забони модарӣ ба ҳисоб мераванд, бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд.

Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд.

Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.

Бинобар ин, ба ҳамватанону дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки барои омӯзишу таҳқиқи таърихи забонамон ҳарчи бештар талош намуда, ҷиҳати омода кардани мутахассисони таърихи забон, бахусус, донандагони забонҳои қадимаамон, ки имрӯз ангуштшумор мебошанд, инчунин, шевашиносону хатшиносон чораҷӯӣ намоянд, то ки дар асоси калимаву ибораҳои зебову шевои бостониамон нуқсу камбудиҳои забони имрӯзаамонро бартараф сохта, онро боз ҳам ғанӣ гардонем.

Баробари рушду пешрафти ҷомеа забон низ такомулу тағйир меёбад ва дигаргуниҳои ҷомеа низ дар он бозтоб мешаванд. Техникаю технологияи муосир (телефон, планшет, компютер) дар якҷоягӣ бо васоити ахбори омма (ВАО), интернет махсусан рекламаҳо ба забон вобастагии зич доранд. Бад ин минвол метавон гуфт, ки забон ифодагари асосии ифодаи нутқ баҳри ҳамаи аҳли башар аст.

Заҳр бодо шири модар бар касе
К – ӯ забони модарӣ гум кардааст

Нилуфар Назарова
Мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”
22.05.2024 с.