Аз таърихи китобхонаҳои олам. Китобхонаи давлатии Русия
Ба лиҳози таърихӣ китобхонаи давлатии Русия, ки қаблан китобхонаи миллии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравӣ ба номи Ленин буд, аз бузургтарин китобхонаҳои ҷаҳон аст. Аз инқилоби Октябр ба баъд шоҳиди муҳимтарин марҳилаи пешрафти он будем.
Пешрафтҳои ҳайратовари китобхонаи миллии Порис дар қарни XIX фарзанди инқилоби Фаронса буд. Ба ҳамин сон инқилоби Октябр нерў ва қудрати бесобиқа ба рушди шигифтангези китобхонаи давлатии ба номи Ленин бахшид ва дар арзи ин солҳо теъдоди ҷилдҳои ганҷинаи он афзоиш ёфт, гарчи бо таври куллӣ пешрафти он самараи мусодираи давлатии китобхонаҳои хусусӣ буд, аммо далоили умдаи рушди он дар мақсадҳои ҳадафдор ва умдаи ҳокимони сусиолисти он дар иртиқо ва густариши дониш ва қарор додани маҷмўаҳои китобхона дар хидмати мардум нуҳуфта буд.
Маншаи ин китобхонаро метавон дар музейи умумии Румянтсеви Маскав, ки соли 1862 сохта шуда буд, дарёфт. Гарчи сиёсатмадорон, донишпажўҳон, нависандагон ва соири андешамандани Русия иштиёқ ва таваҷҷуҳи фаровоне нисбат ба он нишон медоданд, пешрафти чандоне накард ва маҷмўаҳои он аз доираи истифодаи хонандагони бисёре хориҷ буд. Таърихи ҷаҳиши бузурги он бо инқилоб оғоз шуд. В.И.Ленин роҳбари инқилоби Русия, аҳамияти фаровоне ба китобхонаҳо медод ва онҳоро яке аз муҳимтарин авомили паҳн намудани фарҳанги кишвар мешумурд. Ў ба китобхонаҳо алоқаи бисёре дошт ва бо он ки худ аз муштариёни ҳамешагии китобхона буд, бо чашмони худ медид, ки кишвар дар ин замина чӣ ақибмондагии ваҳшатноке дошт.
Дар аввалҳои соли 1913 роҳҳои боз кардани дарҳои китобхонаҳои бузург бо садҳо ҳазор ва миллионҳо китоб ба рўйи тўдаи мардумро дар сар мепарварид. Дар мақолаи «Барои омўзиши ҳамагонӣ чи метавон кард?», ки соли 1913 навишт, Ленин китобхонаҳои умумиро ба воситаи тамос надоштан бо мардум мавриди интиқод қарор дода ба он ишора кардааст, ки «…ба доштани маводи қаламӣ, кутуби қадимӣ ё нусхаҳои хаттӣ наболанд, балки ба мизоне, ки ин китобҳо ба мардум восупор мешавад, ба теъдоди хонандагони тозае, ки ҷалб мешаванд ва ба суръате, ки китоби мавриди дархост дар ихтиёр қарор мегирад, бинозанд».
Ҳангоме, ки Ҳукумати Шуравӣ дар ситодҳои, фармондиҳии Маскав мустаҳкам гардид, аҳамияти китобхонаи Румянтсев бозшинохта шуд ва онро ба унвони китобхонаи марказии кишвар дар назар гирифтанд. Китобхонаҳои хусусӣ ва маҷмўаҳои шахсии китоб миллӣ гардид ва миллионҳо ҷилд китоб ба ин китобхона ворид шуд. Давлат буҷаи махсусе барои харидани китоб ихтисос дод ва сиёсати пуёие дар таҳия ва фароҳамоварии беҳтарин интишороти кишвар, илова бар фарҳанги ҷаҳонӣ, барои сохтани ганҷинаи китобхона дунбол шуд. Рўзи 6.02.1925 китобхонаи Румянтсев муҷаддадан номгузорӣ гардид ва ба номи китобхонаи давлатии СССР ба номи В.И.Ленин шинохта шуд. Давлати Шўравӣ ба пуштибонии ҳамешагӣ ва ҳидояти сиёсатҳои он пардохт ба тавре, ки на танҳо китобхона аз назари рушд ва пешрафти минобеъ болидан гирифт, балки тамоми вижагиҳои як китобхонаи сутсиалистии навин дар он таҷассум ёфт. Соли 1935 нишони Ленин – олитарин бозшиносӣ ва нишонаи ташхиси давлати Шўравӣ ба хотири хадамоти барҷастааш дар гирдоварӣ ва нигоҳдории китобҳо ва фароҳам намудани онҳо барои мардум дар сатҳи васеъ ба китобхона эҳдо гардид. Соли 1962 ин муассисаи фарҳангӣ ва омўзишии Иттиҳоди Шўравӣ садумин соли умрашро пушти сар ниҳод.
Имрўз китобхонаи давлатии Русия номгузорӣ шудааст, ки миллионҳо китоб, маҷаллаву рўзномаҳо, маҷмўаҳои соири нашрияҳоро дорад. Ин манобеъ аз ганҷинаҳои адабии қарни XI Русияи куҳан ва кутуби чопии қарни XУ гирифта то ба интишорёфтаи имрўзиро дар бар мегирад.
Дар даврони Шўравии собиқ фароҳамоварии солонаи китобҳо ва маҷмўаҳои хориҷӣ ба 70000 то 80000 китоб ва 13000 матбуоти даврӣ сар мезад. Ба ин маҷмўа китобҳое аз тариқи мубодилаи байналмилалии интишорот аз 2700 муассиса дар 81 кишвари ҷаҳон, дарёфт медошт. Аз назари хидмат ба хонандагон хеле пешрафта ва муҷаҳҳаз мебошад.
Теъдоди хонандагони он соли 1961 2400000 нафар ё 370000 нафар беш аз кулли истифодакунандагон дар панҷоҳ соли аввали он расид. Миллионҳо китоби он дастраси хонандагон қарор гирифт, ки 30 баробари соли 1913 буд. Ин китобхона маркази низоми мубодилаи байни китобхонаҳо ва хадамоти китобшинохтӣ аст. Ба истиснои китобхонаҳои фаннӣ, ки аз маҳдудаи кори он хориҷ аст, ба ёрӣ ва тавсияи соири китобхонаҳо мепардозад ва фаъолиятҳои онҳоро ҳамоҳанг мекунад. Китобхона ба интишори роҳнамоҳо ва дастномаҳо даст мезанад ва дар созмондиҳии гирдиҳамоиҳои илмӣ, семинарҳои байналмилалӣ ва барномаҳои омўзиши ҳирфаии коркунони китобхонаҳо ҳамкорӣ менамояд.
Соли 1979 китобхона 30 млн. маводи хонданӣ бо 247 забонҳои ҷаҳон (89 забонҳои халқҳои СССР) доштааст.
АЗ КИТОБИ С.Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишвраҳои хориҷӣ”. Душанбе, соли 2013. Таҳияи Мадина Ҳамидова.