Аз таърихи суннати парчаму парчамдории тоҷикон. Бахши аввал
Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусиятҳои хоси давлатдории миллӣ номдор буда, тўли садсолаҳо тавонистаанд, ки бо таҷрибаи ғании давлатсозии худ империяҳои бузургу тавоноро пойбарҷо гузоранд.
То ба имрўз дар тахрихномаву ёддоштҳо дар баробари дигар аркони давлатдорӣ, инчунин баъзе рамзу нишонаҳои давлатдории миллати тамаддунсози тоҷик боқӣ мондааанд, ки ба сифати рукнҳои асосии давлатдорӣ мавриди омўзишу таҳқиқ қарор доранд.
Омўзиши таърихи давлатдории тоҷиқон нишон медиҳад, ки ҳокимону пешвоён барои ифодаи қудрати салтанати хеш рамзу нишон, ишораву аломат ва рангҳоро қабулу истифода намудаанд.
Парчам дар масири таърихи пуршебу фарози мо дорои маъно ва тарзу услуби хоси истифодабарӣ буда, ҳамзамон як ҷузъи муҳимми таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба ҳисоб меравад.
Муқаддас донистани парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният дар ҳар давру замон онро барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ ба хотири баҳри ҳаёти осоишта, таъмини баробарӣ ва пирўзии адолат баланд мебардорад. Парчам ҳанўз аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва ифодагари нангу номуси ватандорӣ, шукуҳу ифтихор ва ифодагари нангу номуси ватандорӣ эътироф шудааст. Бояд зикр кард, ки қадршиносӣ аз давлату парчам, ифтихор аз гузаштаву имрўза ва фардои халқ аз ҷумлаи омилҳои муҳимми таҳқими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳбус меёбанд. Боиси хушнудист,ки мардуми тоҷик нисбат ба парчам эҳтироми самимӣ ва эътиқоди хоса дорад. Ва маҳз ҳамин эътиқоду завқи мардум коршиносон ва таърихнигоронро водор месозад, ки барои равшану возеҳ намудани суннати парчамсозиву парчамдорӣ ва бақарор кардани шаклу таҳри парчамҳои қадима, инчунин омўхтани суннати хоси парчамдории тоҷикон таҳқиқоти илмии хешро ҳар чӣ бештар густариш диҳанд. Метавон ойини парчамдории тоҷиконро вобаста ба ҳукмронии сулолаҳо ба чунин марҳалаву номҳо ҷудо намуд:
- Дирафши ковиёнӣ Стандарти империяи Ҳахоманишӣ
- Дирафши давлати Ашкониён.
- Дирафши давлати Сосониён.
- Дирафти давлати Сомониён.
- Дирафши сулолаи Ғуриён.
- Парчами аморати Бухоро.
- Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон
- Парчам Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тавре ки болотар зикр шуд, мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ аҷдоди мо ҳанўз дар асрҳои III –II пеш аз милод соҳиби рамзҳои «Меҳр» ё «Фарри ориёӣ» буданд, ки чун тимсоли замину хуршед, покиву озодагӣ ва нишонаи абадият ба чаҳор унсури ҳаёт-хок, об, оташ ва ҳаво ё ба асосҳои мавҷудияти олами ҳастӣ далолат мекарданд. Доир ба муҳим будани сунати парчамдорӣ ва таваҷҷуҳи пешвоёни халқи мо ба он дар яке аз сарчашмаҳои боэътимоди таърихи миллатамон, яъне дар китоби «Авесто» аз номи Аҳурамаздо чунин ёд мешавад: «ЧАҲОРУМИН КИШВАРИ НЕКЕ, КИ МАН – АҲУРАМАЗДО ОФАРИДАМ, БАҲДИИ ЗЕБОИ АФРОШТАДИРАФШ БУД” Воқеан, дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ аз парафшонии доимии парчамҳои Балхи бостонӣ ёд мешавад. Тибқи пажӯҳишҳои таърихиву бостоншиносӣ таърихи парчамдориву парчамбардории халқи мо ҳанўз аз аҳди бостон, яъне аз давраи давлатдории сулолаҳои Пешдодиён ва Каёниён оғоз шудааст, ки ин далел худ аз суннати дирафшбардор будани тоҷикон башорат медиҳад. Аҷдоди шарафманди мо на танҳо империяҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёни Сомониён таъсис дода, низоми тавонманди идоракунии давлатиро созмон доданд, балки муаллифи аввалин парчамҳо ва яке аз нахустин парчамбардорон мебошанд. Перомуни суннати парчамдории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нигоштаанд:
«Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нируманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Айни замон аз рўи устура минётураҳои бостонӣ баъзе шаклу сохти парчамҳо барқарор гардидаанд, ки дар ҳақиқат онҳо як ҷузъи оийни давлатдории тоҷикон буда, аз арҷ гузоштани аҷдоди мо ба ҳамаи парчамҳои гузаштагони худ шаҳодат медиҳанд. Яке аз онҳо Дирафши ковиёнӣ- парчами дар таърих машҳуру номдор буда, нишонаи абадияти давлатдориву давлатсозии мардуми ориёист.
Дирафши ковиёнӣ аз пўст сохта шуда, дорои рангҳои сурх ва зарду бунафш буда, шакли чоркунҷа доштааст. Дирафши ковиёнӣ дар дарбори шоҳ ва мавзеи баланди берун аз иморат, ки дар он барои насби дирафш ҷойи махсус муқаррар шуда буд, афрохта мешудааст. Баъзе таърихнигорон чунин ақида доранд, ки баъди пайдо шудани маҳбубияти мардум нисбат ба Дирафши ковиёнӣ замина ба миён омад, ки парчам ба рамзӣ пирўзӣ ва давлатдорӣ табдил ёбад ва ҳар шахсе, ки ба қудрат расида, кулоҳи шоҳи ба сар менамуд, парчамро баланд меафрохт ва онро гиромӣ медошт.
Марҳалаи гиромӣ доштани парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон аз ҳимояти ҷолиби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ роҷеъ ба корномаи Коваи оҳангар, ки то ба рўзгори мо расидааст, оғоз мегардад.
Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳок ба дод омада, алайҳи ин шоҳи золимпеша ба шўриш бармехезад. Кова пешдомани чармини худро ҳамчун рамзи ваҳдат бар нўги найза баста, мардумро ба мубориза даъват менамояд ва ниҳоят ба пирўзӣ мерасад.
Пас аз ҷониби шўришгарон сарнагун шудани Заҳҳок шоҳ Фаридун пешдомани Коваи пирўзро Дирафши ковиёнӣ (тибқи баъзе сарчашмаҳо Ахтари ковиёнӣ) номида, онро бо зару зевар оро медиҳад ва муққадас медонад. Тибқи фарзияи дигари таърихнигорон Дирафши ковиёнӣ нахустин парчами тоҷикон эътироф шуда, он ҳамчун рамзи ваҳдат, истиқлол, давлатдорӣ ва ягонагии мардуми мо қабул гардидааст.
(Идома дорад)
Аз китоби Иброҳим Пирмуҳаммадзода “Парчам”. Душанбе 2015.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар толори хониши шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бихонанд.
Таҳияи Рисолат ШЕРАЛИЕВА,
мутахасиси пешбари шуъбаи
хидматрасони ба шахсони
имконияташон маҳдуд.