Аз таърихи суннати парчаму парчамдории тоҷикон. (Идома)

парчаму парчамдориТасвирҳое, ки дар рамзҳои шоҳони ориёии Эрон ва Тӯрон дар сиккаҳо, деворнигораҳо дида мешаванд, роҷеъ ба хусусияти хоси давлатдории гузаштагони мо маълумот медиҳанд.

Яке аз чунин аломатҳо тасвири шер мебошад. Шер рамзи қудрат, неру ва шукӯҳи кишвар буда, нишонаи неруву тавоноӣ ва далериву паҳлавонӣ будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шери болдор рамзи давлатдории подшоҳони Суғд ва нишонаи давлатдории шоҳони Хатлон будааст.

Дар қисмати боло ва пойини нишони шоҳони Хатлон шерозаи ороишӣ тасвир ёфтааст, ки чунин гулкорӣ дар сохтмон ҳам истифода мешудаст. Дар маркази нишон тасвири ду шери ба ҳамдигар назаркунанда ҷой дода шудааст, ки маънои он «рақибро аз худ кам ҳисоб накун» мебошад.

Сарчашмаҳои таърихӣ тасвири шерро ҳамчун рамзи бостонии давлатдорӣ ёдовар мешаванд. Дар баъзе катибаҳо ва устураҳо иттилоъ дар бораи шери тоҷдор омадааст, ки тасвири он дар рамзҳои давлатӣ ба маънои муҳофизи дарахти ҳаёт арзёбӣ мешуд.

Тасвири шер ба маънии шоҳи ҳайвонот ва уқоб ҳамчун ҳомии озодӣ ва ҳоким дар миёни парандаҳо рамзи қудрату бузургии давлат ва ғолибияти лашкар будааст.

Омӯзиши таърихи парчамдории тоҷикон собит намуд, ки бештари шаҳрвандон ба тасвири шер дар парчам ва нишони тоҷикон тавваҷуҳи хоса доранд.

Мавриди зикр аст, ки дар Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон зимни таҳияи рамзҳои давлатӣ аз ҷониби комиссияи  таъсисёфта ва баъзе донишмандони тоҷик ба Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол илова намуда, тасвири шери болдор тасвия шуда буд.

Дар ин росто, зарур донистем, ки оид ба мавқеи шер ва тасвири он дар рамзҳои давлатӣ дар мисоли давлатдории шоҳони Хатлон чанд маълумоте ироа намоем.

Таҳлили бахши иҷтимоии шабакаи ҷаҳонии Интернет роҷеъ ба афрохта шудани парчами баландтарини дунё дар Тоҷикистон нишон дод, ки бештари мардум дар баробари афрохта шудани парчами баландтарин дар пойтахти давлати тоҷикон ба суннати парчамдории тоҷикон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамуданд.

Дар иртибот ба эътибору эътиқоди мардум нисбат ба тасвири шер ба таърихи шоҳони Хатлон  руй овардем. Маълум гардид, ки ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ дар нимаи аввали солҳои 50-уми асри ХХ бо иштироки олимони шинохта Б.А.Литвинский, Е.А.Давидович, Э.Ғуломова ва Ю.Ёқубов дар мавзеи Ҳулбук бисёр  нигораҳое ошкор шудаанд, ки доир ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагии дури мардуми ин минтақа ҳикоят мекунанд.

Агар як қисмати бозёфтҳо аз рӯзгори ҳаррӯзаи мардум, яъне ҳунару ҳунармандӣ, санъати кулолгариву тасвирӣ, коркарди шишаву гаҷкорӣ ва наққошиву кандакорӣ маълумот диҳанд, тасвири шер дар муҳр, сутунҳои қасри Ҳулбук, роҳравҳо, маснуоти сафолин ва ҳайкалчаи биринҷӣ далели ҳунари рамзнигории ин мардум будааст.

Ақидаҳои иҷтимоӣ ва фалсафии мансуб ба он давраҳо мутобиқ ба дарки онҳо мухталиф буда, дар ин замина мардум худоҳои гуногунро парастиш мекарданд ё ба ашё ва ҳодисаҳо эътиқод доштани худро нишон медоданд. Масалан, офтоб ҳамчун худои рӯшноӣ мавриди парастиш қарор дода мешуд.

Шер ҳамчун ҳайвони ҷасуру тавоно ва чобуку неруманд дар байни дигар ҳайвонҳо бештар таваҷҷуҳи мардуми аҳди бостонро ба худ ҷалб карда, ба он ҳамчун рамзи тавоноӣ ва ғолибият эътиқод  доштаанд.

Тибқи фарзияи бостоншиноси тоҷик Э.Ғуломова, ки аз муҳаққиқони харобаҳои шаҳри Ҳулбук мебошад, шер ба ҳайси посбони хонадон аз таъсири ҳар гуна зиёну офатҳо дониста шуда, тасвири он дар хонаҳо ва ашёи рӯзгори мардуми Хатлонзамин роиҷ будааст.

Бостоншиноси маъруфи тоҷик Ю.Ёқубов бар ин ақида аст, ки шер ҳамчун рамзи худои Офтоб-Меҳр парастида мешудааст.

То рӯзҳои мо дар бораи фаровон истифода шудани тасвири шер, ҳамчунин номи шер дар рӯзгори мардуми Хатлон маълумоти зиёд расидааст.

Истилоҳот ва ибораҳои то ҳол роиҷи шери жаён, шери ҷангӣ, шеросо, шергир ва шерафкан ифодагари рӯҳи мағлубнопазири қаҳрамонони «Шоҳнома» мебошанд. Ба ин мазмун, яке аз қаҳрамонони «Шоҳнома» Афросиёб неруи бемислу монанди лашкарашро чунин ифода менамояд:

                                          Ҳама реги дарё маро лашкаранд,

                                          Ҳама наррашерону кундоваранд.

Абулқосим Фирдавсӣ ҳангоми таввалуди Рустам аз забони Симурғи афсонавӣ дар бораи ояндаи Рустам чунин мегӯяд:

                                       Аз ин сарви симинбари моҳрӯй,

                                       Яке шер бошад туро номҷуй.

                                       Ба гоҳи хирад соли сангӣ бувад,

                                       Ба хашм андарун шери ҷангӣ бувад.

Агар ба гуфтаҳои Ибни-Хурдодбеҳ, ки шоҳони Хатлонро то ҳуҷуми арабҳо шерони Хатлон гуфтааст, такя намоем, бо имтинон метавон гуфт, ки акси шер дар нигораҳои таърихӣ ва нисбат додани он ба шоҳон рамзи ба далерӣ ва шуҷоати ин мардум будааст. Шоҳони Хатлон ҳам ба ҷасуриву далерӣ ва ҳам бо сафдориву лашкаркашиҳояшон соҳиби чунин чунин сифатҳо будаанд.

Барои таъйиди гуфтаҳои боло корнамоиҳои шоҳони Хатлон ас-Сабол (ё Шоҳбол) ва Бадр-Тархунро алайҳи арабҳо чун далели шуҷоатмандии онҳо метавон зикр кард. Ҳамунин, дар давраи Халифати араб сулолаи Баниҷуриён бо ҷасурӣ ва шуҷоат машҳур будаанд.

Бузургӣ ва нерумандиву ҷасурии шер нисбат ба дигар ҳайвонҳост, ки он миёни мардуми эронинажод бо ибораи шоҳи ҳайвонот ёд мешавад.

Мардуми ориёӣ ҳанӯз аз аҳди бостон дар даромадгоҳи қасру хона ва роҳравҳо расму ҳайкалчаи шери болдорро ҳамчун рамзи дахлнопазирӣ, устуворӣ ва бузургиву абарқудрат будани давлати хеш ҷойгир мекарданд.

Дар давраи Хилофати араб суннати тасвир кардани шер арзиши худро аз даст надода,балки дар доираи муқаррароти меъёрҳои ислом бақои хешро нигоҳ дошт. Пайдоиши номҳои Шералӣ, Алишер, Шерафкан ва ибораи “Ё Алӣ – шери Худо” ба ҳамин давҷраи таърихӣ рост меояд.

Тасвири шер дар санъати санъати кулолгарӣ низ роҳ ёфта , устоҳои кулолгар мувофиқ ба завқу ҷаҳонбинии худ шерро дар ҳолатҳои гуногун тасвир мекарданд.

Дар гирдогирди кӯзае, ки бостоншиносон аз вайронаҳои Ҳулбук  пайдо кардаанд, шерҳои бадхашм дар ҳолати давидан аз думболи сайд тасвир гардидаанд.

Тасвири шер дар болосутунҳои қасри шоҳони Ҳулбук аз гаҷ тарҳрезӣ шудааст, ки умқи буришҳои нақш 1,5-2 см мебошад.

Аз китоби Иброҳим Пирмуҳаммадзода “Парчам”. Душанбе 2015.

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар толори хониши шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бихонанд.

Таҳияи Рисолат ШЕРАЛИЕВА,
мутахасиси пешбари шуъбаи
хидматрасони  ба шахсони
имконияташон маҳдуд.