Аз таърихи суннати парчаму парчамдории тоҷикон. (Идома)
Бояд гуфт, ки дар ин тасвир ҳайбату хашми шерона кам дида мешавад. Чунин тасвирҳо низ ба мушоҳида мерасанд. Аз тасвирҳои шер, ки то ба имрӯз мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд, метавон ба хулосае омад, ки мардуми Хатлон хусусан сокинони Ҳулбуки бостонӣ сарфи назар аз талаботи шариати ислом шерро дар зарфҳои сафолӣ, оҳанӣ ва гаҷ ба таври фаровон тасвир мекарданд. Чунин тасвирҳо дар дигар навоҳии бостонии ин сарзамин низ ба назар мерасанд.
Бостоншиносон дар натиҷаи омӯзиши тасвирҳои шер ба хулоса омаданд, ки ҳунармандони Ҳулбук дар давраи Хилофати араб низ аз суннату анъанаҳои пешазисломии худ даст накашида, балки онҳоро мутобиқ ба талаботи замон эҷодкорона густариш додаанд.
Дар маснуоти сафолин, ки гирдогирдаш акси шер тасвир ёфтааст, навиштаеро ба хати кӯфи пайдо карданд, ки то ҳол хонда нашудааст. Кашфи ҳайкалчаи биринҷии шер дар қалъаи Ҳулбук хело ҷолиб аст. Қисми болои гӯши чапи ҳайкалчаи шер лӯнда буда, рамзан курашакл будани заминро ифода мекунад.
Ҳайкалчаи мазкур аз қисми гардан кушода мешавад, ки дар дохили он испанд ва ҳар гуна растаниву гулҳои хушбуйро дуд дода, ҳуҷраҳои қасрро хушбуй менамуданд ё ба воситаи дуди испанд ба беморон шифо мебахшиданд. Дуд аз дохили ҳайкалчаи шер тавассути ду паҳлуи гардан, ки хеле моҳирона гулбурӣ шудааст, берун мебарояд. Тасвирҳои Ҳулбук –аз инсон сар карда, то мавҷудоту растаниҳо басо ҷолибу диданӣ буда, рамзи диловарӣ, матонат, ҷасуриву мардонагӣ ва меҳанпарастии мардуми ин сарзамин дониста мешавад.
Яке аз машҳуртарин пажуҳишгарони нақшҳои бостонии Осиёи Миёна Л.И. Ремпел таъкид кардааст, ки аксҳои салибу чалипо ҳамчун рамз дар эҷодиёти ҳамаи халқҳои олам мушоҳида мешаванд. Дар ҳақиқат, ковишҳои бостоншиносӣ инро исбот намудаанд. Тибқи нақшҳои девории аз ҳудуди Самарқанд бозёфтшуда маълум мегардад, ки дар ин ҷо теъдоди тасвирҳои салиб, свастика ва дигар намодҳои митроӣ нисбат ба дигар шаҳрҳо бештар будааст.
Л. Ремпел дар асараш «Занҷири замонаҳо» овардааст, ки расми шер дар рӯи ғилоф аз устухони фили аз Тахти сангин кашфшуда ба асри V милод тааллуқ дошта, беҳтарин тасвир дар санъати нафисаи Осиёи Миёна маҳсуб мешавад.
Шер ба пойҳои қафо ба тарзи гералдикӣ рост истодааст, ки чунин услуб хоси санъати нафисаи дарбори Ҳахоманишиён арзёбӣ мегардад. Дар мусаввараи мазкур оҳу ба ҳайси дарахти ҳаёт тасвир шудааст.
Л. Ремпел дар иртибот ба тасвири шере, ки дар чӯб кандакорӣ шудааст (Панҷакенти асри VIII), ёдовар мешавад, ки дар он шер аломати ҳукумат доштани шоҳон мебошад. Ҳамчунин, ӯ таъкид мекунад, ки аҳли ислом дар он айём ба намоди шер зиддият надоштаанд.
Тибқи фарзияи таърихнигорони чинӣ шоҳони Осиёи Марказӣ дар дарбор шерҳои зиндаи ромшударо нигоҳдорӣ мекарданд. Ҳатто дар асрҳои IV-VI милод сафирони Суғд ба Чин бо худ ду маротиба шерро бурда будаанд. Ин гуфтаҳо далели он мебошанд, ки дар фарҳанги давлатдории мардуми мо шер дорои ҷойгоҳу мақоми махсус будааст.
Дар остонаи ҷашни 3000-солагии Ҳисори бостонӣ тибқи дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи 3000-солагии Ҳисор тасдиқ гардид.
Рамзи Ҳисор даврашакл буда, давра бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оро ёфтааст. Қисми поёнии давра ба ду тараф тасвири барги дарахти ғор ҳамчун нишони ифтихорию қаҳрамонӣ ва аз қисмати болои онҳо хӯшаҳои гандум ба сифати рамзи кишоварзӣ ва неъмат зиннат дода шудааст.
Рамз дар заминаи 2 адад болосутуни сангии асри II-и пеш аз милод, ки соли 1965 аз ҳудуди ноҳияи Шаҳринав бозёфт шудааст, сохта шудааст.
Ба сифати унсури асосӣ дар рамзи мазкур тасвири шер истифода шудааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ тасвирҳои дорои чунин аломат бештар ба мардуми ориёӣ мансуб буда, тасвири шер бахусус, дар қадим бештар дар байни мардуми Ҳиндустон ва Байнаннаҳрайн маъруф мебошад. Шаҳри Ҳисор дар шоҳроҳи бузурги абрешим ҷой гирифта, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун шаҳри бархурди тамаддуни фарҳангҳо ва ҳамчун сарзамини зарнисор таъмингари неъмати кишоварзӣ дар минтақа ба шумор мерафт.
Яке аз мавзеъҳои машҳури Осиёи Марказӣ минтақаи Панҷшери Афғонистон мебошад. Тибқи маълумоти маҳаққиқон даҳбедиҳое, ки мавзеи Панҷшери Афғонистонро ватан ихтиёр кардаанд, аз ҷумла Аҳмадшоҳи Масъуд аз Самарқанд намоди шери қудсиро ҳамроҳ бо он ҷо овардаанд, аз ин рӯ, калимаи панҷ дар номи Панҷшер ба маънои рақам набуда, балки ба маънои қадимтари он, яъне ба маънои муқаддас омадааст. Аз ин ҷост, ки панҷшериён қаҳрамони миллӣ – Аҳмадшоҳи Масъудро шери Панҷшер номидаанд.
Дар як нигоштаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба бозёфти муҷассамаи нодире аз ҷануби Тоҷикистон омадааст, ки «кӯҳантарин бозёфти маъбади Вахш ин ғилофи оҷии барои ханҷари бохтарӣ сохтаи акинак аст… Шер дар қисми болоии ғилоф акс ёфтааст, ки бо пойҳои пеш оҳуеро дошта, бо пойҳои қафо одамвор рост истодааст. Шер то андозае қиёфаи инсонӣ дошта, тибқи асотири ривоятӣ ба тавоноиву қудрати шоҳон асос ёфтааст». Ин ҷо Президенти кишвар кишвар ишора бар он дорад, ки шер дар ин маврид рамзи давлатдорӣ аст.
Тасвири ду шери тоҷдори муҳофизи дарахти ҳаёт низ аз қабили қадимтарин аломатҳо ба шумор меравад. Дар ғилофи оҷии аз тахти сангин ёфтшуда шери намодӣ тасвир шудааст, ки оҳуеро дар даст нигоҳ медорад. Чунин ҳолат такмил ёфта, дар асрҳои минбаъда ба он хуршеди аз паси шер тулӯъкунанда илова шудааст.
Дар баъзе сарчашмаҳои назмии форсӣ ба таври рамзӣ офтобро шери фалак меноманд. Дар замони мавҷудияти ойини митроӣ шер рамзи хуршед маҳсуб мешудааст. Чунин ҳолатро дар мисоли тасвири пештоқи Мадрасаи Шердор дида мешавад, ки хуршед бо худ симои занонаи митроӣ гирифтааст. Дар ин тасвир шер дар нақши муҳофизи сарчашмаи ҳаёт омадааст.
Маҳз ҳамин омилҳо ва муҳаббати мардуми мо ба шер боис шудааст, ки дар муқаддастарин рамзи давлатдорӣ – Парчами давлатӣ ҷой додани тасвири шерро дархост намуда буданд.
Аз таърихи халқи тоҷик маълум мегардад, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ мақому манзалати парчам боло рафта, нишонаи нангу номус ва ифродгари ҳастию пояндагии давлат эътироф шудааст.
Бар асоси сарчашмаҳо парчамҳои бостонӣ аз матои зебою нафис сохта шуда, тартиби истифода ва ҷойи махсуси нигоҳдории худро доштаанд.
Дар деворнигораҳои аз Панҷакенти қадим ёфтшуда ҷойгоҳи махсуси нигоҳдории парчамҳо акс ёфтааст, ки дорои услуб ва тартиби махсус мебошад. Тибқи онҳо қароргоҳи парчамҳо аз ҷониби шахсони масъул посбонӣ карда шуда, низоми ҷойгиркунӣ ва гирифтани парчамҳо муқаррар карда шудааст.
Бинобар расмиёти лашкаркашӣ сипоҳиён ҳангоми набард зери парчам гирд меомаданд ва ҷилавгирии парчам нишонаи зафар дониста мешуд.
Ҳангоми набард, дар баробари парчамбардорон, ҳамчунин навозандагони асбобҳои мусиқӣ, аз ҷумла таблу шайпурнавозон, низ вазифаи муайянро якҷо иҷро мекарданд. Оҳанги ғалаба ва мағлубият навохта шуда, баъдан парчам боло ва поён карда мешудааст. Бо тавваҷҷуҳ ба нукоти боло метавон хулоса кард, ки Дирафши ковиёниро боло бардоштани Кова ба хотири тасарруфи мансаб ва сарвату давлат набуда, балки ба мақсади бартараф сохтани зулми истибдод ва муттаҳид намудани мардум таҳти парчами озодӣ будааст. Дирафшбардории халқи тоҷик дар ҳама давру замон ба хотири қатлу ғорат ва забту тасарруфи марз набуда, ниёгони мо ба муқобили душманоне, ки қасди ғорату истило доштанд, парчами адолату истиқлолиятро барафрохтаанд. Дар иртибот ба ин, сарчашмаҳо дар бораи ҳимояи марзу буми муққадаси тоҷикон ва мубориза барои бақои давлати худ аз тарафи мардуми далеру ғаюри диёри бостониамон маълумоти фаровон медиҳанд. Хуллас, дирафши Коваи оҳангар дар замири тоҷикон мақому шукуҳи таърихии худро гум накарда, балки сол аз сол эътибору манзалати он афзун мегардад. Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ замони барафрохтани онро оғози муборизаҳои озодихоҳии аҷдоди мо барои аз байн бурдани зулму истибдод меҳисобанд. Аз он айём то имрўз садоқати мардум нисбат ба парчам ҳамчун рамзи озодӣ ва давлатдории тоҷикон бештар гардидааст. Мусаллам аст, ки дар фарҳанги давлатдории дигар халқҳои ҷаҳон низ рамзу нишонаҳои махсус таҳия ва корбас шуда, ҳар як рамз дорои маънои хос ва ифодакунандаи эътимоду эътиқод халқу маллатҳо мебошад. Парчам дар ёддошту таърихномаҳо ва ашъори безаволи адибони тоҷик аз мавзўъҳои мубрам буда, ин иқдом то замони мои дома ёфтааст. Имрўз Дирафши ковиёнӣ дар Ливои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавом будани давлатдории миллӣ мебошад.
Аз китоби Иброҳим Пирмуҳаммадзода “Парчам”. Душанбе 2015.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар толори хониши шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бихонанд.
Таҳияи Рисолат ШЕРАЛИЕВА,
мутахасиси пешбари шуъбаи
хидматрасони ба шахсони
имконияташон маҳдуд.