Аз таърихи суннати парчаму парчамдорӣ. Илм дар бораи омўзиши парчам
Ҳар як соҳа дорои фанни муайян ва доираи тадқиқоти илмӣ мебошад. Ба омўзиши ойини парчаму парчамдорӣ илми махсус ва ёрирасони таърихшиносӣ- вексиллология машғул мебошад. Вожаи «Вексиллология» мансуб ба забони лотинӣ буда, маънои парчамро дорад, ки он ҳамзамон ҳамчун санъати тарроҳии парчамҳо чӣ дар сатҳи касбӣ ва чӣ дар сатҳи ғайрикасбӣ рушд намудааст.
Тайи солҳои охир нақши муассисаҳои тадқиқотӣ ба хотири муаян намудани таърихи пайдоиши ойини парчамдории кишварҳои сайёра зиёд ба назар мерасад ва дар ин самт садҳо мақолаву очеркҳои таърихӣ, рисолаҳоӣ илмӣ, лавҳаҳои телевизионӣ, конференсияю семинарҳои дохиливу байналмилалӣ таҳия ва баргузор мегарданд. Дар ин раванд, саҳми созмони вексиллологӣ ва аъзои он низ шоёни таҳсин мебошад. Дар робита ба масъалаи омўзиши парчаму парчамдорӣ ташкилоту мақоми ваколатдор ва комиссияҳои давлатии бонуфуз низ фаъолият мекунанд.
Яке аз созмонҳои бонуфузи дорои собиқаи куҳан Маркази омўзиши парчамҳо мебошад, ки он дар шаҳри Винчестери иёлати Массачусетси ИМА фаъолият мекунад. Ҳамчунин Федератсияи ҷаҳонии вексиллологӣ то имрўз корҳои назаррас анҷом дода, теъдоди зиёди парчамҳои нодири давлатҳои сайёраро ҷамъоварӣ намудааст.
Олимон дар доира омўзиши таърихи парчаму рамзҳо бештар ба масъалаи гуруҳбандии парчамҳо, яъне парчам ҳамчун разми давлат, парчами ташкилоту муассиса ва парчами қисми низомӣ таваҷҷуҳ менамоянд. Дар таҳқиқоти онҳо моҳияти парчамдорӣ ва нақши он дар баланд бардоштани ҳувийяти миллии шаҳрвандон равшану возеҳ мегардад.
Он нуқта ҷолиб аст, ки парчам халқу миллатҳоро бе даъват кардан ба ҳам меорад ва эҳсоси ғурури миллиро боло мебарад. Яке аз омилҳои ба рамзи муқаддас табдил ёфтани парчам маҳз дар ҳамин аст, ки он азизу маҳбуби мардум мебошад.
Мувофиқи баъзе фарзияҳо омўзиш ва таҳқиқи парчамҳо ҳанўз баъди ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз гардида, дар натиҷаи пирўзии ҷунбишҳои миллӣ-озодихоҳи ва ноил шудани давлатҳо ба истиқлол теъдоди зиёди парчамҳо рўи саҳнаи сиёсат омадаанд. Марҳалаи дигари ташаккулёбии суннати парчамдории давлатҳо ба замони пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ва баъди он рост меояд, ки аъзои ин Иттиҳод соҳиби парчамҳои давлатии худ шуданд. Ҳамзамон бо ин, бо тағйир ёфтаи фазои сиёсии сайёра ва вазъи геополитикии он иттиҳоду давлатҳои нав пайдо гардидаанд, ки онҳо низ имрўз соҳиби парчам мебошанд.
Омўзиши парчам ва муҳтавою аҳаммияти ойини парчамдориву парчамсозӣ мароқангез аст. Бинобар ин, аксарияти одамон ба омўзиши таърихи парчам майл дошта, шаклҳои таърихӣ ва аксу қолаби парчамҳоро ҷамъовари мекунанд. Тарроҳони парчам ва ширкатҳои зиёд ба ороиш додани дохил ва беруни бинои ташкилоту муассиса ва идораҳои давлатӣ машғул буда, дар лавҳаҳои таблиғотӣ расми парчам ва нишони давлатиро истифода мекунанд. Яъне, лавҳаҳои таблиғотиро бо тасвир ва ҷойгиркунии рамзҳои давлатӣ диққатҷалбкунанда месозанд. Вале тибқи мушоҳидаҳо дар аксар маврид тарроҳон шакли парчамро ба таври худ ороиш дода, меъёрҳои муқарраршударо риоя намекунанд. Дар ин ҷода коршиносон ва кормандони ташкилот бояд, пеш аз ҳама, бо асосҳои ҳуқуқии омода ва истифода намудани рамзҳои давлатӣ шинос бошанд. Дар назар бояд дошт, ки рамзҳои давлатӣ бо риояи дақиқи шаклу ранг ва андоза таҳия карда мешаванд. Дар як қатор давлатҳо барои сохтани парчам қарори дахлдори Ҳукумат содир карда мешавад. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 таҳти рақами 714 муқаррар карда шудааст.
Эҷоди заминаҳои ҳуқуқии омода ва истифодаи Парчам ва Нишони давлатӣ як навъ зуҳуроти эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ буда, ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки нисбат ба ин муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намояд.Чунин муносибатро нисбат ба парчами давлатҳои дигар низ риоя намудан аз фазилатҳои ойини парчамдорӣ ба шумор меравад. Зеро арҷгузорӣ ба парчамҳои давлатӣ нишонаи эҳтирому дўстии байни миллатҳои сайёра маҳсуб меёбад.
Баъзан ҳолатҳо аз ҷониби шаҳрвандон дар матоъ гулдўзӣ шудани рамзҳои давлатӣ дида мешавад, ки ин ҳам як навъ эҳтироми хосаи онҳо нисбат ба рамзҳои давлатӣ буда, бидуни фармоиш ва дархост иҷро карда мешавад. Асноди ҳуқуқии вобаста ба рамзҳои давлатӣ муқаррар кардааст, ки овехтан ва тасвир намудани рамзҳои давлатӣ дар ҷойҳое, ки қонун маҳдуд намудааст, маън мебошад. Аз ин рў, шаҳрвандон ҳангоми иҷрои амалҳо бояд муқаррароти қонунгузориро риоя намоянд.
Бояд зикр кард, ки рамзҳои давлатии бештари кишварҳо дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол карда мешаванд. Албатта, бо шарофати пешрафти илму техника парчам аз шакли дастӣ ба усулии мошинии истеҳсол гузаронида шудааст. Бо рушди саноати нассоҷӣ матоъҳои мустаҳками аз нейлон ва абрешим бофташуда пурра ҷойи матоъҳои сунатиро, ки бар асари таъсири муҳити атроф осебпазир буданд, ишғол кардаанд.
Дар замони муосир мутахассисон соҳаи нассоҷӣ усулҳои поксозии парчамҳои қадимро, ки бештари онҳо дар намоишгоҳ ва осорхонаҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд, ба роҳ мондаанд. Илова бар ин, дар бисёр кишварҳо анъанае вуҷуд дорад, ки парчамро то пурра корношоям гардидан истифода мебаранд.
Парчамҳои ҷангӣ новобаста аз доштани доғ ва дарбеҳҳои зиёд ба унвони як пораи муқаддас ва ҳамчун хотира аз ҷангу пирўзиҳо нигоҳдорӣ мешаванд. Ташкилоти собиқадорон, ҳизбҳои сиёсӣ, пешвоёни шўришҳо ва фирқаҳои мазҳабӣ парчамро ҳамчун восилаи пуштибонии ҳикимият истифода мебаранд.
Ҳамон тавре, ки қайд гардид, умри парчам абадӣ нест. Лекин ба ҳар сурат барои наслҳои имрўзу фардо азизу гиромӣ боқӣ мемонад. Масалан аксари аҳолии ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ баробари дидани Парчами Иттиҳоди Чумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ аз рўзгори гузашта ёд намуда, лаҳзаҳои неки он замонро ба хотир меоранд.
Тайи чанд соли охир нуфузу эътибори давлатҳо ва иттиҳоду ташкилотҳои муътабар дар сатҳи истифодаи парчами онҳо низ зоҳир мешаванд. Яъне, муаррифии давлатҳои алоҳида ва иттиҳоду ташкилотҳо дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ маҳз ба воситаи парчам сурат мегирад. Дар ин росто, бояд тазаккур дод, яке аз парчамҳое, ки ба таври зиёд истифода мегардад, парчами Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Парчами мазкур дорои ранги кабуди баланд буда, дар меҳвари он 12 ситораи панҷгўша тасвир ёфтааст ва он таърихи панҷоҳсола дорад. Ғояи эҷоди парчами мазкур соли 1949 дар Шурои Аврупо ба вуҷуд омадааст. Ассамблеяи Генералии Шурои Аврупо аз 25 октябри соли 1955 дар бораи шакли парчами Шуро бо тасвири 12ситораи панҷгўша дар матои ранги кабуддошта қарор қабул намуд. Соли 1979 бо ибтикори парлумони Аврупо парчами мазкур бояд ба сифати Парчами Иттиҳоди давлатҳои Аврупо қабул карда мешуд. Иҷрои ин дархост то соли 1985 тўл кашида, танҳо 29 майи соли 1985 дар шаҳри Милани Итолиё Кумитаи Адонино парчами мазкурро ҳамчун Парчами Иттиҳоди Аврупо қабул кард. Соли 1986 дар иҷлосияи ғайринавбати парлумони Аврупо дар шаҳри Страсбург парчами мазкур бе тағйирот ҳамчун Парчами Иттиҳод ва аъзои он қабул гардид, ки то ҳол мавриди истифода қарор дорад.
Дар парчами Амрико 13 рахи сурху сафед ва 50 ситораи сафед тасвир ёфтааст. Ҳар як ситора ишора ба як иёлат аст. Вобаста ба тағирёбии теъдоди иёлот шумораи ситораҳо низ меафзуд.
Олмон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр таърихи тўлонӣ дорад. Ҷанги Фаронсаву Прусия сабабгори пайдоиши аввалин давлат ба номи Империяи Олмон гардид. Парчами он се ранг дошта, рангҳои анъанавии мардуми Пруссия (сафеду сиёҳ) ва Ганзей (сурху сафед)-ро ифода мекард. Он чанд муддат (солҳои 1867-1871) нақши Парчами Иттиҳоди Олмони шимолиро низ иҷро кардааст.
Баъди шикасти Олмон дар ҷанги аввали ҷаҳон ва таъсиси Ҷумҳурии Веймар дар соли 1919 парчами олмониҳо ранги сиёҳу сурху зардро ба худ гирифт, ки то имрўз бо баъзе тағйирот мавриди истифода қарор дорад. Тўли солҳои 1933-1945 гитлерчиён ба парчами мазкур нишони салибро ҳамроҳ карда буданд.
Чин ҳамчун сарзамине, ки ҳамлаву истило ва хунрезиҳои зиёдро паси сар кардааст, борҳо парчами давлатии худро, бахусус дар асри ХХ иваз кардааст. То оғози асри ХХ Чин империя ҳисобида мешуд. Баъди инқилоби соли 1911 то соли 1928 дар парчами Чин рамзи панҷ миллат дар як иттиҳод сабт гардида буд. Ҳар як ранг рамзеро ифода мекард: сурх-хитоиҳо (хонҳо), зард-манҷуриҳо, кабуд –муғулҳо, сафед-хитоиҳои мусулмон (хуейҳо) ва сиёҳ- тибетиҳо.
Воқеан шакли парчами номбурда дар Тайван то ҳол мавриди истифода мебошад. Он бо ғояҳои ҳизби миллатпарасти Гоминдан ва роҳбари он Чан Кайши мувофик аст.
Парчами Русия дорои рангҳои сафед, кабуд ва сурх аст. Баъзе нишонаҳои он аз парчами тоинқилобии давлати подшоҳии рус гирифта шудааст. Россия дар байни ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ нахустин давлатест, ки санаи 22 августи соли 1994-ро Рўзи Парчами давлатӣ эълон кардааст. Шаҳрвандон ба ҳамдигар парчамҳои хурд ва нишону риштаҳоро бо шакли рангҳои парчам туҳфа мекунанд.
Рўзи Парчам дар Мексика, Канада, ИМА, Швейтсария, Лаҳистон, Ҷопон ва Либерия низ бо тантана таҷлил карда мешавад. Манораҳои бузурги парчам бо баландии 162 метр-дар Озарбойҷон ,160 метр дар Куриёи Шимолӣ, 133 метр дар Урдун ва 126 метр дар Уммон бунёд шудаанд. Соли 2011 баландтарин Манораи парчам дар Тоҷикистон ба баландии 165 метр барафрохта шуд. Манораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди афтохта шудани пояи парчами 175-метраи Имороти Муттаҳидаи Араб дар ҷои дуюм қарор гирифтааст.
Аз китоби “Парчам”-и Иброҳим Пирназарзода, Душанбе, 2015 таҳияи Рисолат Шералиева, корманди шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд.