Аз таърихи суннати парчаму парчамдорӣ. Ойини парчамдории давлатҳои олам  (ИДОМА

парчаму парчамдорӣОмўзиши суннати парчамдории кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳар як давлат нисбат ба парчам ҳамчун рамзи  давлатӣ муносибати хоса дошта, онро яке аз воситаҳои асосии шинохт ва мояи ифтихори ватандорӣ медонанд. Парчам низ дар баробари дигар ҷанбаҳои ҳаёти башарият яке аз бахшҳои таърихи инсоният буда, таҳия ва мавриди истифода қарор додани он дар сарнавишти халқу миллатҳои сайёра нақши муайян дорад.

Парчамҳои давлатӣ вобаста ба хусусиятҳои давлатдорӣ омода ва истифода мешаванд. Дар дунё чи миқдор давлате, ки бошад, ҳамон қадар парчами давлатӣ вуҷуд дорад. Таърихномаи давлатдории халқҳои ҷаҳон собит месозад, ки ҳар як парчам сарнавишти худро дошта, дар масири таърих борҳо такмил ёфтааст. Шакл ва ранги парчам вобаста ба таҷрибаи таърихӣ ва ҳаводиси дар сарнавишти миллат рухдода, тағийр меёбад. Аз ин рў, нусхаи аслии парчамҳои пешин дар осорхона ва мавзеъҳои  муаяншуда нигоҳ дошта мешаванд, ки ин аз арҷгузорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва заҳмати гузаштагон шаҳодат медиҳад.

Дар рўзгори мардумони сайёра парчамҳои аввалин дар байни мардумони ориёй, арабҳо, чиниҳо ва юнониҳо бештар маълум будаанд. Парчамҳо дар муҳорибаҳо ва лашкаркашиҳо истифода мешуданд. Парчамҳо аслан дар муҳорибаҳо ба сифати василаи шинохти бегона аз худӣ ба кор мебурданд. Рушди ойини парчамдорӣ дар байни мардумони аврупоӣ аслан бо ташаббус  ва дар иртибот ба амалиёти ҷангии арабҳо сурат гирифтааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар Аврупо аввалин парчам соли 480 то милод аз ҷониби лашкаркаши номдор Фемистокл дар муҳорибаи Силамин ҳамчун аломати ҳуҷум афрошта шудаанд.

Баъдан парчамҳо хусусияти фардӣ гирифта, дар баробари лашкарҳо ҳамчунин сарлашкарон ва баҳодурон парчами худро сохтанд. Бо мурури замон дар заминаи парчамҳои ҷангӣ ва фардии лашкаркашон парчами давлатҳо зуҳур карда, нуфузу эътибори парчам ҳамчун  рамзи давлатдорӣ ва маҳбубиияти он дар қалби сокинони кишварҳо зиёд гардид. Яъне, минбаъд раванди эътибору арзиши умумимиллӣ пайдо кардани парчамҳо ба миён омад.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки тайи солҳои охир дар ҷаҳони муосир ҳар як давлат феҳристи парчамҳои таърихии худро бо нишон додани ойни парчамдорӣ ва давраҳои истифодаи онҳо таҳия карда, насли ҷавони хешро дар рўҳияи ифтихор бо парчамҳои таърихӣ тарбия мекунанд.

Баъзе давлатҳои абарқудрат дар ибтидои таърихи ташаккулёбии худ орӣ аз рамзҳои давлатӣ буданд. Гарчанде дар таърихномаи онҳо дар ибтидо парчамҳои гуногун мавҷуд буданд, вале онҳо ба сифати парчами давлатӣ эътироф нагардидаанд. Ҳамчунин омўзиши марҳалаи оғози давлатдории халқҳои дунё ва таърихи кишваркушоиҳои шахсиятҳои номдор собит месозанд, ки парчам дар ҷангу муҳорибаҳои аҳди қадим низ бештар ба сифати олоти ҷангӣ истифода мешуданд. Чун қоида, парчам ба рамзгоҳ пеш аз размандагон алоҳида ё пешопеши лашкар ворид карда шуда, қабл аз оғози муҳориба ҷаговарон дар назди парчам ба хотири ҳимояи марзу буми Ватани худ савганди вафодорӣ ёд намуда, онро гиромӣ медоштанд.

Мувофиқи  сарчашмаҳои таърихӣ нахустин парчамҳо дар байни аҷдоди мо ҳанўз дар асри III-и пеш аз милод дар Эрони қадим пайдо гардидаанд. Дар он замон парчам аз қўрғошим бо иловаи маъданҳои гуногун сохта мешудааст. Дар ҷомеаи ориёӣ (ҳинду эронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ шинохта мешуданд. Дар он рўзгор ранги сафед хоси руҳониён, сурх мансуб ба размиён ва кабуд мутаалиқи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг ҳанўз ҳам дар дирафши Эрон мавҷуд аст: сурху сафед. Аммо ба ҷойи ранги кабуд ранги сабз қабул гардидааст, ки ба шуғли кишоварзон наздиктар мебошад.

Дар Эрон то густариши дини ислом табақаҳои суннатии  ҷомеа ҷомаҳое мепўшиданд, ки аз назари ранг бо якдигар мутавофит ва муаррифгари мансубияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Рўҳониён ҷомаи сафед мепўшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд дониста мешуд. Рӯҳониёни зардуштӣ ҳанўз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд. Чанговарон  ё ҳайати артиш ҷомаҳое мепўшиданд, ки дар таркиби он ранги сурх ва арғувонӣ бештар буд ва мазҳари осмонии онҳо Вой ҳисобида мешуд.

Омўзиши шаклу намуди парчамҳо нишон медиҳад, ки дар миёни парчамҳои нахустин  як навъ шабоҳат низ вуҷуд доштааст. Масалан, тавре ки қаблан зикр кардем, дар қисмати охири парчами бохтариён се забонаи оташ ва сохтори шабеҳ дар парчами англисҳо низ дида мешаванд.

Шакл ва сохти баъзе парчамҳо дар натиҷаи омехта гардидани ду парчам пайдо гардидааст, ки он эҳтироми мутақобилаи халқу қабила ва аҳолии ҳамзистро ифода мекунанд. Масалан, соли 1606 дар натиҷаи якҷо кардани салиби англисии Георгии муқаддас бо салиби сафеди шотландии Андрееви бузург чунин шакли парчаме ба вуҷуд омадааст, ки имрўз ба ҳайси парчами яке аз давлатҳои абарқудрати дунё-Британияи Кабир хидмат мекунад.

Яке аз парчамҳои куҳан парчами Даннеброг мебошад, ки соли 1925 таҳия шуда, то соли 1821 парчами давлати Норвегия будааст.Дар заминаи он ва ба он монанд имрўз давлатҳои Дания, Шветсия, Финландия ва Исландия парчами давлатии худро таҳия кардаанд.

Дар бисёр давлатҳои сохти идории либерал-демокоратӣ чунин қоида роиҷ аст, ки ҳар як шаҳрванди он ҳуқуқи истифодаи парчамро дошта, риояи суннати мазкур ниёз ба муқаррароти махсуси маъмурӣ надорад.

Тадриҷан  рамзҳои давлатӣ ба сифати муаррификунандаи ҳастии давлат ва омили шинохти онҳо шомили арсаи ҷаҳони муосир гардидаанд. Ва бо гузашти садсолаҳо парчам ба сифати рамзи миллӣ ва воситаи шинохти асолати таърихии халқу миллатҳо соҳибэҳтиром  гардидааст.

Аз китоби “Парчам”-и Иброҳим Пирназарзода, Душанбе, 2015 таҳияи Рисолат Шералиева, корманди шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд.