Аз вафоти устод Лоҳутӣ 66 сол сипарӣ шуд. Ёдаш ба хайр!

устод Лоҳутӣ 66 сол пеш, 16-уми марти соли 1956 устод Абулқосим Лоҳутӣ, шоири бузурги форсу тоҷик дар синни 70-соллагӣ дар шаҳри Москав аз олам гузашт. Рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) таъзияномаи ҳукумати ҷумҳуриро нашр кард, ки дар зер айнан меорем:

АБУЛҚОСИМ  ЛОҲУТӢ

Адабиёти тоҷик ва тамоми адабиёти советӣ талафоти калоне дод. 16 марти соли 1957 дар Москва, баъди касалии дуру дароз ва вазнин шоири барҷаста яке аз асосгузорони адабиёти советии тоҷик, ходими ҷамъиятӣ, фарзанди содиқи Партияи Комунистӣ – Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ бемаҳал вафот намуд.

Лоҳутӣ дар соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳ (Эрон) дар оилаи мӯзадӯз таваллуд ёфтааст.

Ҳанӯз шеърҳои аввалини Лоҳутӣ, ки ба солҳои 1907-1908 тааллуқ доранд, ӯро дар қатори шоирони револютсионӣ – демократии Шарқ гузошт.

Баъди муҳоҷират аз Эрон, Лоҳутӣ дар Иттифоқи Советӣ ватани дуюми худро ёфт, дар ин ҷо ӯ ба сафи бинокорони республикаи ҷавони советии Тоҷикистон дохил гардид ва солҳои бисёр дар корҳои роҳбарикунандаи соҳаи маданият ва маориф хизмат намуд. Халқи тоҷик муборизаи оштинопазиронаи Лоҳутиро ба муқобили душманони Ҳокимияти Советӣ, ки вай ин муборизаро бо фаъолияти амалӣ ва бо қалами тези шоирона мебурд, ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунад. Ба ҳар коре ки набошад, ӯ қувва ва истеъдоди беназири  ташкилотчигии худро ҳамроҳ менамуд. Халқ шеърҳои пурҳарорати ӯро зуд азёд мекард ва ин шеърҳо сурудҳои дӯстдоштаи револютсионӣ гардидаанд.

35 сол аст, ки Лоҳутӣ дар бораи ғалабаи сахти советӣ дар Тоҷикистон дар бораи дӯстии халқҳо, дар бораи муборизаи миллӣ-озодихоҳонаи халқҳои мазлуми Шарқ шеъру поэмаҳои дилчасп эҷод мекард.Поэмаҳои вай “Кремль, Ленин зиндаааст, Мо зафар хоҳем кард, Тоҷ ва байрақ, Сафари Фарангистон, Ватани шодӣ, Достони мардистон, Ба халки бародарии Украина, “Эрони ман, Одами оҳанпо, Кӯҳ ва оина, Ғалабаи Таня, Ҳамсафарон, Се қатра” ва дигарҳо ба фонди тиллоии назми советӣ дохил гардид, ки Лоҳутӣ классики ин назм мебошад.

А. Лоҳутӣ муаллифи якӯмин либреттои операи тоҷикӣ “Коваи Оҳангар“ буд. Тарҷумаҳои зебои асарҳои А. С. Пушкин, А. Г. Грибоедов, Шекспир, Лоне Дэ Вег ба қалами Лоҳутӣ мансуб аст.

Лоҳутӣ ба тарбияи бисёр шоирон ва нависандагони Тоҷикистон бевосита иштирок менамуд.

Лоҳутӣ иштирокчии намоёни мубориза барои сулҳ , барои дӯстӣ ва бародарии халқҳои ҷаҳон бар зидди оташдиҳандагони ҷанги нав буд. Дастнишондагони империализм ва реаксионерҳо дар мамлакатҳои шарқи хориҷӣ борҳо бо мақсади аз байни халқҳои бисёрмиллионии ин мамлакатҳо баркандани таъсири асарҳои ӯ, ба муқобили шоири революсионер – Лоҳутӣ маъракаи ифлоси тӯҳматткорона бардоштанд. Аммо ҳар дафъа иғвогарон зарбаи қатъӣ мехӯрданд. Лоҳутӣ душманони сулҳ ва дӯстии халқҳоро бераҳмона фош менамуд. Тамоми эҷодиёти Лоҳутӣ аз рӯҳи интернационализми пролетарӣ ва ҳамфикрии меҳнаткашон лабрез аст.

Лоҳутӣ то дақиқаҳои охирини нафаси худ фарзанди содиқи Партияи Комунистӣ буд. Вай яроқи худ – қалами шоиронаро то дами марг дар даст маҳкам нигоҳ медошт.

Барои хизматҳои барҷастааш ӯ бо ордени Ленин, ордени Нишони Фахрӣ, ордени Байрақи Сурхи Меҳнати РСС Тоҷикистон ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Симои дурахшони шоир – мубориз, дӯст ва ҳамсафи мо А. Лоҳутӣ ҳамеша дар дили меҳнаткашони Тоҷикистон, дар дили ҳамаи муборизони роҳи сулҳ, демократия ва сотсиализм як умрӣ боқӣ мемонад.

Т. Ӯлҷабоев, Н. Додхудоев, М. Раҳматов, П. С. Обносов, А. Имомов, А. В. Носенков, Н. Зарифова, Ҷ. Искандаров, С. Холиқова, В. А. Сайков, А. В. Мазаев, Н. Нарзиқулов, М. Турсунзода, С. Улуғзода, А. Деҳотӣ, М. Миршакар, Ф. Ниёзӣ, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, Р. Озод, С. Умаров, Б. Раҳимзода, Қ. Ҳакимзода, А. Шукӯҳӣ, В. В. Синицын, М. Қосимов, Ҳ. Мавлонова, Р. Ғолибова, С. Ғаниев, Б. Сирус, М. Аминзода, А. Мирзоев, М. Фозилов, Ҳ. Неъматуллоев, Н. Поҷоҷонов, Б. Ниёзмуҳаммадов, А. Баҳоваддинов.

“Тоҷикистони Советӣ”, 17 марти соли 1957.

Таҳияи Ҷомизода Манзура, мутахассиси пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ.