Аз ёдҳо, аз ёдҳо, аз ёдҳо…

Аз ёдҳоРузи   боронӣ   буд…  Борон  катра –катра  ва  села – села  ҷорӣ  мешуд,  мисли  ашкҳое, ки  аз  чашмони  мо  ҷорӣ  мешуданд. Мо  мегиристему  осмон   мегирист.  Дар ин  рӯзи  боронӣ, Гулчеҳраи  нозанини  худро  ба  роҳи   охират  гусел  мекардем.

Бо як гуле аз гулистони  орзуҳои  ширин падруд  мегуфтем. Дар ин рӯзи баҳор, айёми ишқу ошиқӣ,  ки  ошиқон   бояд  бо  ҳам  якҷо бошанд, ин  ошиқи   ранҷури   мо  аз  ёри  худ  азми  чудоӣ  дошт. Умед   дошт, умеди  зиндагии   рангину   гуворо.  Бо  умеди  ишқи  самимии   худ  ташнаи  зиндагӣ   буд. Бо  умеди  ҷигарбандони  ширини   худ, орзуҳои  фардо  дошт.

Афсӯс, ки дили  пур аз дарду  ғам, тани  ранҷуру  озурдаи худро  гирифта,  дар  зери  қатраҳои борон,  дар  лобалои  ашкҳои   талхи  борон  ба  саропардаи  хок  рафт.  Оҳ,  бо  мурдаҳои  ҳазорсола   баробар   шуд !

Дигар,  акнун   ҳар  бегоҳ   чашмони   тифлакони   аз  меҳри модар  сер   нагашта,  дар  роҳи  ӯ  чор  монданд. Чӣ  гуна метавонанд   бовар  кунанд, ки  модар   дубора  бар   намегардад …

Гулчеҳра   чун   хоҳари   хандонруй, самимӣ,  покдил ва   ғамхор  дар  дили  мо   ҳамкорон   ҳамеша   боқӣ   мемонад. Руҳат  шод  бод,  Гулчеҳраи  азиз

Хуби   хубон,  Гулчеҳра
Моҳи   тобон,  Гулчеҳра

Гули   хандон,  Гулчеҳра
Дар дил  ормон,  Гулчеҳра …

Фароғат ТОЛИБОВА, ҷонишини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ.

ЗИНДАГИНОМА

Гулчеҳра Маҷидова 21 сентябри соли 1978 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 2001 донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм намуда буд.

Фаъолият кории худро аз соли 2001 дар шуъбаи коркарди адабиёт ва феҳристнигории Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз намуда, сипас дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ташкилӣ ва таҳлил идома додааст.

Аз моҳи апрели соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи феҳристнигорӣ фаъолиятм кориӣ идома дод.

Инсони шариф, дӯсти шафиқ ва мутахассиси корозмудаву пӯхтакор буд

Руҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!