Азизи Азиз: Беҳтарин омўзгор он аст, ки бо падару модари Шумо даст ба гиребон мешавад!

 Азизи Азиз, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ин суханонро дар маҳфили “Дар сӯҳбати адиб” ба забон овард. Ин маҳфил рӯзи панҷшанбеи гузашта дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бо ширкати хонандагони ҷавони ин шуъба баргузор шуда буд.

Ҷалолуддин Нурзода маҳфилро оғоз намуда, адибро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ табрик намуд. Номбурда зикр намуд, ки  Азиз Азиз аз маъруфтарин адиби бачаҳост, ки асосан барои кӯдакону наврасон менависад. Ҷалолуддин Нурзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки Азизи Азиз ахиран барои силсилақиссаҳои “Як каф гандум” сазовори мукофоти давлатӣ шудааст.

Азизи Азиз зимни суҳбат иброз дошт, ки вақте маро таъриф мекунанд, метарсам. Вақте маро таъриф мекунанд, кўшши мекунам ҳамин тавр шавам.

Вақте шуморо танқид мекунанд, хурсанд шавед, вақте таъриф кунанд ҳушёр шавед, ки ин таърифҳоро ба замин назанед, шоистаи он бошед.

Ў дар суҳбаташ бо бачаҳо гуфт агар аз ҳузурдоштагон се нафар ҳам суҳбати маро фаҳмида бошанд, қарзамро адо кардаам.

Чаро дар мактабҳо бачаҳо беодобӣ мекунанд? Ҳама мехоҳанд худашонро нишон диҳанд.

Ба суоли хонандаи шуъбаи кўдакон, ки чаро навиштани латифа душвор аст, гуфт гирёндан бисёр осон аст. Ба кас як шатта мезанӣ, гиря мекунад. Вале шояд ду сол лозим шавад, ки ӯро хандонӣ.

Адиби маъруф дар идомаи суҳбаташ ба хонандагон пешниҳод кард, ки аз рӯи нақша амал намуданро омӯзанд. Вай гуфт, вақте одам аз рўи нақша кор мекунад, хуб аст. Шояд аз даҳ нақша фақат яктояш амалӣ шавад. Ҳозир хона меравам палав мехўрам. Ба хона гуфта будам, ки барои ман палав пазед, лекин ин хел нест, ки ман гўям ҳозир рафта палав мехўрам. Ҳамин хел нақша мекашед, кўшиш кунед, ки нақшаатон амалӣ шавад. Лекин омода ҳам бошед, ки амалӣ нашуданаш ҳам мумкин аст. Зиндагӣ очаи мо нест, ки ҳама чиро барои мо омода кунад. Аз ҳамин сабаб фарз кардем мана ин Зулҳия мегўяд имрўз 25-уми август, ман то 25-уми августи соли дигар забони англисиро ёд мегирам. Ин нақшаи ту аст ва бояд тавре амал намоӣ, ки он иҷро шавад. Аммо се чиз аст, ки ба одам халал мерасонад барои амалӣ шудани нақшааш:

Баъди ду ҳафта ҳавсалаи одам пир мешавад. Ҳавсалаи ҳама. Чӣ коре, ки бошад, чӣ чизе, ки бошад. Ҳавсалаи Азизи Азиз ҳам. Агар ман гўям, ки бачаҳои азиз, ман мехоҳам, ки ҳар рўз 10 километр давам ва аз ҳамин рўз сар кардам. Шумо гумон накунед, ки  1-уми октябр ҳам ман 10 киломтр медавам. Тақрибан 10 ё 15-ум сентябр ҳавсалаи ман пир мешавад.

Пас чӣ бояд кард? Ҳамин се рўзе, ки ҳавсалаатон пир нашудааст, бояд бештар кор кунед. Масалан мегўед, ки ҳар рўз 5 калима ба забони англисӣ азёд мекунам. Даҳ рўз пас ин ҳолат рух медиҳад: Хайр имрўз азёд накунам, пагоҳ 8 калима азёд мекунам. Ҳамин хел мешавад. Одам бисёр дўст медорад, ки дурўғ гўяд ва баҳона ҷўяд. Ҳама дўст медорад, ки баҳона ҷўяд. Вақте дидед, ки хушатон намеояд, ба ҷои 5 калима 10 калима азёд кунед.

Одам ҳамон вақт пеш меравад, ки ба аҳдаш вафо кунад, нақшаи кашидаашро иҷро намояд. Маслан, мегўӣ, ки ҳоло чой мехўрам, хона мерўбам, хўрок мепазам. Ҳамту чой мехурӣ, ки хамёза меояд. Мегўӣ, ки хайр як ғанаб меравам, баъд корҳоямро мекунам. Ғанаб рафтан даркор нест. Одам худашро кушта-кушта зинда мешавад. Барои чӣ бачаҳо ба аскарӣ мераванд, ин хел хушрў тарутоза озода, ҳушёр, зинда шуда меоянд? Барои он, ки маҷбур мекунанд. Вақте шуморо ягон кас маҷбур намекунад, шумо пеш рафта наметавонед.

Беҳтарин модар ҳамонест, ки сахт мегирад. Беҳтарин муаллимон он аст, ки духтарам писарам гуфта сари шуморо сила намекунад, мехонӣ мегўяд. Беҳтарин омўзгор он аст, ки бо падару модари шумо даст ба гиребон мешавад. Гумон накунед, ки муаллимаи беҳтарин ҳамонест, ки чаро нахондӣ гуфта, сари шуморо сила мекунад. Ду бор, се бор  гузашт мекунад, дафъаи чорум падару модаратонро даъват мекунад, ки чаро фарзандатон намехонад. Дар синфи ман 21 талаба буд, ки 18-тояш бо баҳои аъло мехонд. Ба фикрам 10 падару модар бо ман қаҳрӣ буданд. Аммо фарзандонашон хуб мехонданд.

Ман зўр нестам, бо одамони зўр нишастам. Вақте дўсти одам зўр аст, одам зўр мешавад. Дўстони ман одамони зўр ҳастанд. Шумо гумон накунед, ки Азиз Азиз зўр аст.

Маҳфил бо ширкати адиби кӯдаколн Азизи Азиз басо шавқовар гузашт. Дар поёни маҳфил миёни нависанда ва хонандагон дар мавзӯҳои зиёд табодули афкор сурат гирифт.

Гуфтанист, ки маҳфили “Дар суҳбати адиб” ҳар моҳ бо ибтикори Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор мешавад.

Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.