Азизи Азиз: Китоби бадеӣ дар ноҳияҳои дурдаст дастрас нест!
Тибқи ҷадвали баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 442 довталаб 97 нафар дар номинои адабиёти кӯдакон сабқат хоҳанд намуд. Дар робита ба ҷараёни озмуни зикршуда бо яке аз ҳаками номинаи ёдшуда, нависандаи кӯдакон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Азизи Азиз ҳамсуҳбат шудем. Ва нахуст аз ӯ таассуроташ аз рӯзҳои аввали озмунро пурсон шудем. Вай гуфт:
Дар озмуни имсоли “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки мо дар он ҳакам ҳастем, чанд чизи хуб ба мушоҳида расид:
- Имсол бачаҳо бештар китоб ҷустуҷӯву пайдо ва мутолиа намудаанд.
- Соли гузашта мо дидем, ки ба наср таваҷҷӯҳ андак кам буд. Имсол хеле зиёд шудааст.
- Солҳои пеш бачаҳо мехонданд ва нақл мекарданд. Имсол аксарият ба дарёфти ҳикмати асарҳо мушарраф шудаанд. Ҳатто соли гузашта мушоҳида кардам, ки фақат Афандӣ мегуфтанд. Имсол алаккай рӯ ба латифаҳои мактабӣ овардаанд. Бачаҳо имсол хеле фаъол ҳастанд. Бовар дорам солҳои минбаъд на ҳар кас метавонад бо ин бачаҳо сар ба сар шавад. Аҷибаш ин ки вақте ба низомнома тағйирот ворид карданду хонандаҳои синфҳои ибтидоиро аз хонандагони синфҳои болоӣ ҷудо карданд, ин бачаҳо хурсанд ҳастанд. Боварашон зиёд шуд, омодагии ҷиддӣ диданд, ҷасорат пайдо карданд.
Солҳои пеш ноумед мешуданд, ки мо наметавонем ба хонандагони синфҳои 9,10,11 ғолиб биёем. Имсол алаккай бубинед онҳо ҷиддӣ тайёрӣ дидаанд, ҷасур шудаанд.
Баъзе бачаҳо адабиётро кам мутолиа кардаанд. Сабабаш набудани китоб дар ноҳияҳои дурдаст аст. Афсус аз ноҳияҳои дурдаст меоянд ин қадар истеъдод, китобхон, доно ва зираканд, лекин асар кам хондаанд. Бахусус асарҳои насрӣ. Сабаб ин аст ки китоб нест. Китоби бадеӣ дар ноҳияҳои дурдаст дастрас нест. Зеро теъдоди нашри китобҳо хеле кам. Тасаввур кунед, барои 3-4 миллион хонанда ҳамагӣ 200-500 нусха асар нашр мешавад. Мо бояд солҳои оянда китоб бештар чоп кунем чун “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” бо китоб шукӯҳу тантанаву зиннат дорад.
– Аз миёни ин қадр истеъдодҳову китобхонҳо, ки гуфтед сахт нест муайян кардани ғолиб?
– Хеле душвор аст. Бачаҳо шеър мехонанд, афсона ё латифа нақл мекунанд, мо ба 11 ҷиҳати масъала эътибор медиҳем: Аз оҳанги гуфтор, дарки маънӣ, китобхон аст ё не, тарзи қироат, донистани луғат, дуруст ҷавоб додан, кутоҳбаёнӣ, ҳатто одоб. Боз муайян кардан даркор аст, китобе, ки дар руйхат зикр кардааст, то куҷо хондааст, азёд кардааст. Ин чизҳо ба эътибор гирифта мешаванд.
– То ин дам чанд нафарро шунидед ва кадоме беҳтар буд?
– То ҳол 8 нафарро пурсидем, ки аз ин миён 3 нафарашон хеле олӣ, 3 нафари дигар хуб буданд.
Ду нафари дигар аз ҷумлаи сустҳо набуданд, китобхон буданд, аммо китоб надоштанд, китоб наёфтанд. Онҳо аз минтақаҳо буданд, ки китоб дастрас карда натавонистанд, мутаасифона.
Мусоҳиб
Раҳима БОБОЕВА.