Ба даргузашти Марк Твен 115 сол шуд

Марк Твен115 сол пеш дар чунин рӯзе яке аз машҳуртарин адибони амрикоӣ Марк Твен бар асари бемории ихтилоҷи рагҳои дил тарки олам кард. Марк Твен аз ҷумлаи адбибони маъруфи сатҳи ҷаҳонист, ки бо гузашти беш аз як садсола ҳам осораш ҳамоно мавриди таваҷҷуҳ аст ва гаштаву баргашта ба забонҳои гуногуни олам тарҷумаву чоп мешавад. Аз ҷумла ба забони тоҷикӣ низ. Марк Твен 74 соз зист ва аз худ осори гаронбаҳо ба мерос гузошт.

Марк Твен (номи аслӣ Самуэл Клеменс) нависанда ва рӯзноманигор, ходими маъруфи ҷамъиятии Амрико буд. Демократ ва инсонпарваре, ки дар асри 19 аз ҳуқуқи ҳама одамон, сарфи назар аз ранги пӯст, дифоъ мекард.

Тарҷумаи ҳоли Марк Твен пур аз рӯйдодҳои шавқовар аст, ки барои мактаббачагоне, ки асарҳои ӯро меомӯзанд, ҷолиб хоҳанд буд.

Классики ояндаи адабиёти амрикоӣ соли 1835 дар деҳаи Флорида (Миссури) таваллуд шудааст. Метавон гуфт, ки волидони ӯ аллакай амрикоиҳои бумӣ буданд (аз Вирҷиния ва Кентукки). Падар дар синни 13-солагии ӯ вафот кард, модар умри дароз дида, дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт. Дар оила ба ғайр аз Сэм боз се фарзанд буд: ду писару як духтар. Пас аз марги падараш, бародари калонии Сэм Ориён сардори оила шуд. Маҳз ӯ тиҷорати оилавиро кушод: ӯ ба нашри рӯзнома шурӯъ кард. Самуил низ дар ин нашриёт аввал ба ҳайси чопгар ва баъдан ҳамчун рўзноманигор кор мекард. Вай ҳамчун рўзноманигор ба тамоми мамлакат ва аз он ҷумла ба Сент-Луис ва Ню-Йорк сафар кардааст.

Дар соли 1864, Сэм ба Сан-Франсиско кӯчид ва дар он ҷо якбора дар якчанд рӯзнома ба фаъолият оғоз кард.

Твен аввалин достони ҳаҷвии худро дар соли 1865 нашр кард. Ин ба ӯ муваффақият овард ва ҳатто беҳтарин ҳикояи ҳаҷвӣ дар Амрико ном гирифт. Твен соли ояндаро барои тиҷорат сарф кард. Вай супоришҳои таҳририи рӯзномаҳоро ба ӯҳда гирифт ва дар тамоми иёлат лексияҳо мехонд ва дар соли 1866 Твен бори аввал ба хориҷа, ба Аврупо ва Шарқи Наздик сафар кард. Ҷолиб он аст, ки дар ин сафар ӯ аз Империяи Русия , аз ҷумла, аз Қрим низ дидан кардааст.

Соли 1867 Твен «Содадилон дар хориҷа»-ро нашр кард, ки аслан як сафарнома буд. Китоб муваффақияти бузург ба даст овард. Марк Твен хеле машҳур шуд.

Пас аз соли 1870, Твен вақти зиёдашро ба эҷодиёт сарф мекард. Инчунин дар ин муддат дар як қатор донишгоҳҳои ИМА ва Англия ба омӯзгорӣ оғоз кард. Твен як сухангӯи олӣ  буд ва лексияҳои ӯ бениҳоят маъмул буданд.

Муаллиф дар асарҳои минбаъдаи худ ба мукобили нажодпарастӣ ва империализм баромад карда, сенаторҳои он замонаи Амрикоро танқид карда, дар ҳаққи президентҳо эродҳои манфӣ баён кардааст. Зимнан, романи ӯ «Саргузашти Ҳеклберри Финн»-ро борҳо мамнӯъ карданд, вожаву ибораҳои ба кор бурдаи муаллиф ғайриадабӣ ҳисоб мекарданд ва бисёр саҳнаҳо аз ҳад зиёд табиӣ буданд.

Марк Твен бо Оливия Лангдон издивоҷ кард. Онҳо тақрибан 20 сол якҷоя зиндагӣ карданд, соҳиби 4 фарзанд шуданд, ки се нафарашон дар кӯдакӣ фавтиданд. Нависанда аз вафоти завҷааш сахт ғамгин ва ҳатто афсурдаҳол шуд.

Муҳимтар аз ҳама он аст, ки муаррихону тарҷумаиҳолнависон дар бораи пайдоиши тахаллуси “Марк Твен” муддати дарозе, ҳатто то ҳол баҳс мекунанд. Баъзеҳо онро бо истилоҳҳои паймоиши дарёҳо алоқаманд кардаанд. Дигарон бовар доштанд, ки нависанда пас аз мутолиаи романҳои Артемус Уорд (қаҳрамони асосии яке аз асарҳо Марк Твен ном дошт) ин тахаллусро гирифтааст.

Максим Горкий ва Александр Куприн эҷодиёти Марк Твенро дўст медоштанд ва чунин мешумориданд, ки ин асарҳои ў аз бисёр ҷиҳат нуктаи назари аҳли ҷамъияти Амрико, аз ҷумла, ба решакан кардани таассуби нажодӣ таъсир расондааст. Эҷодиёти ў жанрҳои гуногун – ҳаҷв, тахайюлоти фалсафӣ, мақола ва ғайраро дарбар мегирад ва дар ҳамаи ин жанрҳо ў ҳамеша мавқеи инсонпарвар ва демократиро ишғол менамояд.

Вилям Фолкнер навишта буд, ки Марк Твен “воқеан аввалин нависандаи  амрикоӣ буд ва мо ҳама ворисони ӯ ҳастем ва Эрнест Ҳемингуэй бовар дошт, ки тамоми адабиёти муосири Амрико аз як китоби Марк Твен – “Саргузашти Геклберри Финн” сарчашма мегирад.

Бузургтарин саҳми Твен дар адабиёти Амрико ва ҷаҳон романи «Саргузашти Гаклберри Финн» мебошад. Инчунин «Саргузаштҳои Том Сойер», «Шоҳзода ва гадо», «Янки Коннектикут дар қасри шоҳ Артур» ва «Зиндагӣ дар Миссисипи» миёни хонандагон машҳуранд.

 Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова