Ба истиқболи 1050-умин солгарти таваллуди Робиаи Балхӣ. Шикебо Фараҳманд: “Кашфи оромгоҳи Робиаи Балхӣ”
Оромгоҳи Робиаи Балхӣ бо таҳқиқ ва баррасии Ғуломҳабиби Наввобӣ шоир ва нависандаи Афғонистон ва ҳамкории шуморе аз муҳаққиқони дигар кашф шуд ва ба шиносоӣ омад.
Наввобӣ дар соли 1345 ҳиҷрии хуршедӣ баробар бо 1966 мелодӣ дар чопи дуввуми рисолаи худ таҳти унвони “Робиаи Балхӣ” менависад: “Понздаҳ сол пеш ҳангоме, ки дар Навбаҳори Балх зиндагӣ мекардам, мегуфтанд, ки ҳаммоми Робиа ҳамин ҷост. Акнун қабри он мазлум маълум нест. Ба асоси таҳқиқи баъзе маохиз бо ҷамъе аз донишмандон ва уламо муттафиқулрой шудем ва қабри Робиаро дар масҷиди ва марқади Хоҷа Муҳаммади Порсо кашф намудем.
Баъзе руфақои Фозили Балхӣ ҳам дар боби Робиа навишта ва назариёт доштаанд. Вақте ки донистанд ман дар ин роҳ таҳқиқот ва татаббуот кардаам, ҳама навиштаҳои худро назди худ нигоҳ доштаанд… ба қарори пешниҳоди ин ҷониб ва манзури сидқии вазири иттилоот ва култур солгарди Робиа дар шаҳристони Балх баргузор гардид”.
Наввобӣ дар ин ёддоштҳо аз чигунагии таҳқиқоти худ тазкори бештар надодааст. Аммо аз посухи Салоҳиддини Салҷуқӣ ба номаи Наввобӣ манбӣ бар ширкат дар маҳфили бузургдошти Робиа бармеояд, ки Наввобӣ хобе ҳам дида буда ва ба асоси он корҳоро анҷом додааст, ҳамонгуна Салҷуқӣ менависад: “… шакке нест, ки Робиа дар Балх мадфун аст ва шакке нест, ки марқад ва ҳазираи маъруфе доштааст. Чунон ки аксар муаррихин ба он тасдиқ мекунанд… Қазовати ман дар ин бора аз роҳи машоири ишқ ва роҳбарии дил аст, ки шумо ҳам бояд ин корро бикунед. Бале, шуморо тири ишқ ва отифаи вай таҳти он ду газ хок раҳнамун шудааст. Ва ин руъёи шумо содиқ аст ва ин роҳнамоии шумо қобили пайравӣ аст. Лутфан ба ёрии Худованд қабри онро, ки обод кардед, аз ӯ ба некӣ ёд кунед. Ва агар шумо дар соҳаи маконе чанд метр ва ҳатто чанд километрӣ Худо нохоста, ба хато рафта бошед, дар саҳнаи фазилатпажӯҳӣ ва ватандӯстӣ, илму адабпарварӣ тамоман соиб буда ва роҳи савоб паймудед. Махсусан, шаҳодати чанд нафар мусалмони донишманд ва низ будани се қабри муҷовир ба сидқи руъёи шумо далелест возеҳ”.
Аз китоби “Робиаи Балхӣ”.
Ин нишон медиҳад, ки Наввобӣ дар кашфи қабри Робиа дар канори таҳқиқот ва шаҳодоти донишмандони маҳал ва руъё ва хобе низ мадад гирифтааст.
Ба ҳар ҳол қабри Робиа ба ҳиммати Ғуломҳабиби Наввобӣ ва донишиёни дигар кашф шуд ва дар соли 1345 ҳ.қ. баробар бо 1966 м. ҳазорумин солгарди Робиа баргузор гардид. Ва ба ин муносибат бар оромгоҳи ӯ лавҳеро навишта ва насб карданд, ки ин нукот дар он санги мазор дарҷ гардидааст:
“Лавҳаи санги мазори Робиаи Балхӣ. Ба ёдбуди шоираи номии Балх ҳазорумин солгари вафоти ӯ аз тарафи Вазорати иттилоот ва култур дар 15 ақраби 1345 таҷлил шуд. Робиаи Балхӣ ба гуфтаи Абдурраҳмони Ҷомӣ аз ҷумлаи урафо ва ошиқони покдил буда ва ба қарори тавзеҳи тазкираҳои мутақаддимин дар авоили қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ ҳаёт доштааст.
Падараш Каъб-амири Балх ӯро Зайнулараб хитоб мекард, ин шоираи ноком билохира аз дасти бародараш – Ҳорис ба шаҳодат расид. Шайх Фаридуддини Аттор алайҳи раҳма саргузашти хунини ӯро дар панҷсад байт машҳуран тамсил кардааст”.
МАНБАЪ: Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ”. Маҷмуаи мақолаҳо ба ифтихори бузургдошти Робиаи Балхӣ. Душанбе, ТҶБ “Истиқбол”, соли 2010.
Ин китобро пажӯҳишгари маъруфти тоҷик Анзурати МАЛИКЗОД мураттаб кардаву мутуни форсии онро ба срилик баргардон намудааст.
Китоби мазкур дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад.
Таҳияи Манижа ИБРОҲИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.