Ба истиқболи  700-солагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ

Хоҷа Ҳофизи ШерозӣОн турки паричеҳра, ки  дӯш аз бари мо рафт,

Оё чӣ хато дид, ки аз роҳи хато рафт?

То рафт маро аз назар он чашми ҷаҳонбин,

Кас воқифи мо нест, ки аз дида чиҳо рафт.

Бар шамъ нарафт аз гузари оташи дил дӯш,

Он дуд, ки аз сӯзи ҷигар бар сари мо рафт.

Дур аз рухи ту дам ба дам аз гӯшаи чашмам,

Селоби сиришк омаду тӯфони бало рафт.

Аз пой фитодем чу омад ғами ҳиҷрон,

Дар дард бимурдем, чу аз даст даво рафт.

Дил гуфт: “Висолаш ба дуъо боз тавон ёфт”,

Умрест, ки умрам ҳама дар кори дуъо рафт.

Эҳром чӣ бандем, чу он қибла на ин ҷост,

Дар сайъ  чӣ кӯшем, чу аз Марва Сафо рафт.

Дӣ гуфт табиб аз сари ҳасрат, чу маро дид:

“Ҳайҳот, ки ранҷи ту зи Қонуни Шифо рафт”.

Эй дӯст ба пурсидани Ҳофиз қадаме неҳ,

З-он пеш, ки гӯянд аз дори фано рафт.

            *****    ****    *****

Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод,

Ёд бод, он  рӯзгорон ёд бод!

Комам аз талхии ғам чун заҳр гашт,

Бонги нӯши шодхорон ёд бод!

Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман,

Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод!

Мубтало гаштам дар ин банду бало,

Кӯшиши он ҳақгузорон ёд бод!

Гарчӣ сад рӯд аст дар чашмам мудом,

Зиндарӯди  боғкорон ёд бод!

Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд,

Эй дареғо, роздорон ёд бод!

 

****     *****    *****

 

Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо  мекард,

В- он чӣ худ дошт, зи бегона таманно мекард.

Гавҳаре к- аз садафи  кавну макон берун аст,

Талаб аз гумшудагони лаби дарё мекард.

Мушкили хеш бари пири муғон бурдам дӯш,

К-ӯ ба таъйиди назар ҳалли муъаммо мекард.

Дидамаш хурраму хандон, қадаҳи бода ба даст,

В-андар он оина  сад гуна тамошо мекард

Гуфтам: “Ин ҷоми ҷаҳонбин ба ту кай дод Ҳаким?”

Гуфт: “Он рӯз, ки ин гунбади мино мекард”.

Бедиле дар ҳама аҳвол Худо бо ӯ буд,

Ӯ намедидашу аз дур, “Худоё” мекард.

Ин ҳама шӯъбадаи хеш, ки мекард ин ҷо,

Сомирӣ пеши Асову яди байзо мекард.

Гуфт он ёр к- аз ӯ гашт сари дор баланд,

Ҷурмаш он буд, ки асрор ҳувайдо мекард.

Файзи руҳулқудс  ар боз мадад фармояд,

Дигарон ҳам бикунанд он чӣ Масеҳо мекард.

Гуфтамаш: “Силсилаи зулфи бутон аз паи чист”?

Гуфт: “Ҳофиз гилае аз дили шайдо мекард”.

Аз китоби “Куллиёт”-и Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ.  Теҳрон-2001.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.