Ба истиқболи 700-солагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Хуш омад гул в-аз он хуштар набошад,
Ки дар дастат ба ҷуз соғар набошад.
Замони хушдилӣ дарёбу дур ёб,
Ки доим дар садаф гавҳар набошад.
Ғанимат дону май хӯр дар гулистон,
Ки гул то ҳафтаи дигар набошад.
Аё пурлаъл карда ҷоми заррин,
Бубахшо бар касе, к-аш зар набошад.
Биё, эй шайху аз хумхонаи мо,
Шаробе хӯр, ки дар Кавсар набошад.
Бишӯй авроқ агар ҳамдарси моӣ,
Ки илми ишқ дар дафтар набошад.
Зи ман бинюшу дил дар шоҳиде банд,
Ки ҳуснаш бастаи зевар набошад.
Шаробе бехуморам бахш, ё Раб,
Ки бо вай ҳеҷ дарди сар набошад.
Ман аз ҷон бандаи султон Увайсам,
Агарчи ёдаш аз чокар набошад.
Ба тоҷи оламорояш, ки хуршед,
Чунин зебандаи афсар набошад.
Касе гирад хато дар назми Ҳофиз,
Ки ҳеҷаш лутф дар гавҳар набошад.
**** **** ****
Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад,
В-ин рози сар ба мӯҳр ба олам самар шавад.
Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.
Хоҳам шудан ба майкада гирёну додхоҳ,
К-аз дасти ғам халоси ман он ҷо магар шавад.
Аз ҳар карона тири дуъо кардаам равон,
Бошад, к-аз он миёна, яке коргар шавад.
Эй ҷон ҳадиси мо бари дилдор боз гӯ,
Лекин чунон магӯ, ки саборо хабар шавад.
Аз кимиёи меҳри ту зар гашт рӯи ман,
Оре, ба юмни лутфи шумо хок зар шавад.
Дар тангнои ҳайратам аз нахвати рақиб,
Ё раб, мабод он, ки гадо мӯътабар шавад.
Бас нукта ғайри ҳусн бибояд, ки то касе
Мақбули табъи мардуми соҳибназар шавад.
Ин саркашӣ, ки кунгураи кохи васлрост,
Сарҳо ба остонаи ӯ хоки дар шавад.
Ҳофиз, чу нофаи сари зулфаш ба дасти туст,
Дам даркаш, ар на, боди саборо хабар шавад.
**** ***** *****
Биёву киштии мо дар шати шароб андоз,
Хурӯшу валвала дар ҷони шайху шоб андоз!
Маро ба киштии бода дарафган, эй соқӣ,
Ки гуфтаанд: “Накӯӣ куну дар об андоз”!
Биёр з-он маи гулранги мушкбӯ ҷоме,
Шарори рашку ҳасад дар дили гулоб андоз!
Агарчи масту харобам, ту низ лутфе кун,
Назар бар ин дили саргаштаи хароб андоз!
Ба ними шаб агарат офтоб мебояд.
Зи рӯи духтари гулчеҳри раз ниқоб андоз!
Маҳил, ки рӯзи вафотам ба хок биспоранд
Маро ба майкада бар, дар хуми шароб андоз
Зи ҷаври чарх чу Ҳофиз, ба ҷон расид дилат,
Ба сӯи деви миҳан новаки шаҳоб андоз!
Аз китоби “Куллиёт”-и Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ. Теҳрон-2001.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.