Ба истиқболи  700-солагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ

Ҳофизи ШерозӣАло ё  айюҳассоқӣ, адир каъсан  ва новилҳо,

Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод  мушкилҳо.

Ба бӯи нофае, к- охир  сабо з-он  турра бикшояд,

Зи тоби ҷаъди мушкинаш чӣ  хун афтод дар дилҳо.

Маро дар манзили ҷонон чӣ  амну айш, чун ҳар дам,

Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо.

Ба май саҷҷода рангин кун, гарат пири муғон гӯяд,

Ки солик бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо.

Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,

Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо.

Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,

Ниҳон кай монад он розе к-аз ӯ созанд маҳфилҳо.

Ҳузуре гар ҳамехоҳӣ, аз ӯ ғоиб машав, Ҳофиз,

Мато мо талқа  ман таҳвӣ даъиддунё ва аҳмилҳо,

****    ****    *****

Эй  насими  саҳар  оромгоҳи  ёр  куҷост?

Манзили он маҳи ошиқкуши  айёр  куҷост?

Шаби тор асту  раҳи Водии Эмин  дар  пеш,

Оташи Тӯр куҷо, мавъиди  дидор куҷост?

Ҳар кӣ  омад ба ҷаҳон, нақши харобе дорад,

Дар харобот, бигӯед, ки  ҳушёр куҷост?

Он кас аст аҳли башорат, ки ишорат донад,

Нуктаҳо ҳаст басе, маҳрами асрор куҷост?

Ҳар сари мӯи маро бо ту ҳазорон кор аст,

Мо куҷоему маломатгари бекор куҷост?

Бозпурсед зи гесӯи шикан дар шиканаш,

К-ин дили ғамзада саргашта гирифтор куҷост?

Ақл девона шуд, он силсилаи мушкин ку?

Дил зи мо гӯша гирифт, абрӯи дилдор куҷост?

Соқиву мутрибу май ҷумла муҳайёст, вале,

Айш бе ёр муҳайё нашавад, ёр куҷост?

Ҳофиз, аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ

Фикри маъқул бифармо, гули беор куҷост?

Аз китоби “Куллиёт”-и Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ. 

Теҳрон-2001.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва барномаҳои
фарҳангӣ.