Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Абдухолиқ Холиқзода: Меъмори ваҳдат ва фарҳанги миллӣ

Тоҷикон мардуми соҳибтамаддун ва бостонӣ буда, дар масири таърих дар рушду такомули давлатдорӣ, забону адабиёти оламшумул ва мероси беназири фарҳангӣ нақши арзанда гузоштанд. Мутаасифона, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ нерӯҳои бадхоҳ, бо дастурҳои хоҷагони хориҷӣ мардумро гумроҳ намуда, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги бародаркуш кашиданд.

Истиқлолияти давлатии мо, ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Ягон кишвари тозаистиқлоли собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд”, – таъкид карданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мавриди зикр аст, ки дар раванди ба эътидол овардани авзои ногувори сиёсиву ҳарбӣ баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маснади Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он айём гардиши куллиро ба амал овард. Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин суханронии хеш аз минбари Иҷлосияи таърихӣ изҳор дошта буданд, ки “То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худамро ором намеҳисобам.”

Воқеан, меъмори сулҳи тоҷикон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъдаи хешро содиқона ба иҷро расонида, дар муддати хеле кӯтоҳ ҳазорон нафар фирориёнро ба Ватан баргардонданд ва барои расидан ба оштии миллӣ заминаҳои боэътимод гузоштанд.

Дар китоби “Пешвои миллат ва эҳёи фарҳанги миллӣ” чунин омадааст: “Миллати тоҷик дар марҳилаи басо ҳассоси таърихӣ симои пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархоста ва ба садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифтааст.”

Воқеан давоми 1993-1997 гуфтушуниди ҷонибҳо ҷиҳати барқарор гардидани сулҳу оштии миллӣ зимни 20 мулоқот дар сатҳи гуногун, аз ҷумла 6 вохӯрӣ дар Теҳрон, 5 вохӯрӣ дар дар Москва, вохӯриҳо дар шаҳрҳои Алмаато, Бешкек, Кобул, Машҳад ва деҳаи Хости Шимоли Афғонистон доир шуданд. Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кобул ва Хусдеҳи Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар он солҳои ноором ва хатарнок ба хотири сулҳу ваҳдати тоҷикон аз ҷасорату шуҷоати беназири ин шахсияти таърихӣ шаҳодат дод. Маҳз талошу заҳматҳои Президенти мамлакат буд, ки ниҳоят санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санаи фархунда дар таърихномаи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Ба шарофати имзои ин Созишномаи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ ворид гардид. Меъмори сулҳи тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат омадан, масъалаҳои рушду такомули забони тоҷикӣ бузургдошти чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани таърих, тамаддун, фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ва хоса мероси гаронбаҳои Панҷакенти бостониро таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи хеш қарор доданд.

Истиқлоли кишвари азизамон ва таъмин гардидани сулҳу субот барои Ватани маҳбубамон, аз ҷумла шаҳри Панҷакент саҳифаҳои тозаи рушду шукуфоиро боз намуд. Пешвои муаззами миллат борҳо изҳор доштанд, ки шаҳри бостонии Панҷакент ганҷинаи бебаҳои тамаддуни Тоҷикистон буда, ёдгории бостонии Саразм хазинаи тиллоии таърихи миллат аст.

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ҳафриётию бостоншиносӣ омӯзишу муаррифии яке аз ёдгориҳои қадима – шаҳри бостонии Саразм бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 сентябри соли 2020 таҳти №321 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис додани мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм” ба имзо расид. Дар қарор зикр гардид, ки: “Ёдгории 5500 – солаи Саразм маркази тамаддуни маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихию бостонӣ эълон карда шавад.” Илова бар ин, бо назардошти неъмати бебаҳои истиқлоли давлатӣ, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифз, омӯзиш ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ”, “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” ба ин раванд такони бузург бахшид.

Дар ин давра муҳаққиқону бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо олимони шинохтаи кишварҳои хориҷӣ аз Фаронса, Италия, Федератсияи Русия дар ёдгориҳои таърихии шаҳру деҳоти Панҷакент ва махсусан дар шаҳри қадимаи Саразм фаъолияти густардаю пурсамари бостоншиносиро анҷом доданд. Онҳо дар асоси мадракҳо ва ашёву нигораҳои таърихӣ собит карданд, ки шаҳри қадимаи Саразм таърихи беш аз 5500-сола дошта, ибтидои тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Бо дарназардошти таърихи қадима ва хулосаҳои илмии бостоншиносони сатҳи ҷаҳонӣ шаҳри бостонии Саразм аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Феҳристи умумибашарӣ пешниҳод гардид. Санаи 31 июли соли 2010 бо Қарори ЮНЕСКО ёдгории таърихии 5500-солаи Саразми бостон (асрҳои IV-II пеш аз мелод) ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил гардид, ки ин барои миллати соҳибтамаддуни мо ифтихори бузург мебошад.

Дар баробари ин, меъмори сулҳи тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразм изҳор дошта буданд: “…Бо дарназардошти аҳаммияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500 – солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.” Фаъолияти кумитаи тадорукотии ин ҷашни фархунда таҳти ҳидояту вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат қарор дошт ва ба ин муносибат дар шаҳри Саразми бостонӣ, шаҳру деҳоти Панҷакент даҳҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд. Санаи 12 сентябри соли 2020 ҷашни фархундаи 5500 – солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқони шинохта ва аҳли зиёи кишвари хуршедиамон бо тантанаҳои хотирмон таҷлил гардид.

Агар ба равандҳои 30-соли Истиқлол бо чашми хирад назар афканем, бори дигар эҳсос менамоем, ки Пешвои муаззами тоҷикон барои эҳёи таъриху тамаддуни бостониамон, муаррифии мақоми тоҷикон дар арсаи ҷаҳон, такмил додан ва ба мақоми давлатӣ баланд бардоштани забони тоҷикӣ, мусиқии қадимаи миллатамон – “Шашмақом”, “Фалак”, таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз, “Сада”, “Меҳргон” ва “Тиргон”, бузургдошти чеҳраҳои мондагори адабиёту санъат, илму фарҳанг корҳои бузургеро анҷом доданд. Дар ин солҳо дар шаҳри бостонии Панҷакент даҳҳо чорабиниҳои ҷаҳониву ҷумҳуриявӣ оид ба таърихи қадимаи ин диёри куҳанзамини тоҷикон доир гардид ва бо ин васила мо тавонистем таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро ба маротиб афзун намоем.

Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 ёдгории иаърихии диёр-Панҷакенти қадим, Ормонгоҳи Хоҷамуҳаммади Башоро, шаҳраки Санҷаршоҳ, Тали Ҳамтӯда, низоми обёрикунии канали Фарметан (Туқсанкорез) барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ пешниҳод шуд.

Дигар аз ташаббуси наҷибонаи меъмори сулҳи тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳу ҷалол таҷлил намудани 1150-солагии қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.

Бо супориши бевоситаи Пешвои муаззами миллат то таҷлили ин санаи фархунда маҷмааи таърихиву фарҳангии мақбараи шоир дар зодгоҳаш бо тарҳи нав таҷдиду тармим гардид, дар шаҳри Панҷакент бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъмиру таҷҳизонида шуд ва бинои муҳташами Кохи фарҳанг бо намои зебои меъморӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ҷамъомади бошукӯҳи 1150 – солагии султони шоирон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор изҳор намуда буданд; “Устод Рӯдакӣ нахустин шоири дар ҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷику форсро бунёд гузошт.”

Мо насли имрӯза бояд шукргузор бошем, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҷаҳду талошҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 1994 пешниҳод ба лоиҳаи моддаи 2 боби 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст” аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Пешвои муаззами миллат дар китобашон “Забони миллат-ҳастии миллат” таъкид кардаанд: “Насли ҷавони мо огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо сарфи назар аз номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштанд”. Бо вуҷуди он ки қонуни забони тоҷикӣ дар охири солҳои 90-уми асри гузашта қабул шуда буд, бо дарназардошти талаботи даврони соҳибистиқлолӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни забони тоҷикӣ дар таҳрири нав санаи 5 октябри соли 2009 қабул гардид ва ин рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳамчунин Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба шаҳру деҳоти Панҷакент сафарҳои корӣ анҷом дода, пайваста таъкид карданд, ки “Панҷакентиён мардуми соҳибтамаддун ва фарҳангдӯст мебошанд.” Моҳи марти соли 2018 тантанаҳои умумиҷумҳуриявии Наврӯз дар шаҳри бостонии Панҷакент баргузор гардид, ки дар доираи он бо иштироки Пешвои муаззами миллат иншооти гуногун, аз ҷумла Кохи ба номи устод Лоиқ Шералӣ бо пайкараи шоири диндаёди миллат ифтитоҳ гардид. Ҳоло дар ин бинои муҳташам муассисаҳои фарҳангию иттилоотӣ, иҷтимоӣ, марказҳои ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ фаъолият менамоянд.

Дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти бузургони миллати тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Деваштичи қаҳрамон, Лоиқ Шералӣ ва дигар чеҳраҳои шинохта пайкараву нимпайкараҳои гузошта шудаанд.

Санаи 14 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент ташриф оварда, дар баробари ифтитоҳи чандин иншооти таъиноти гуногун дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайкараи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни суханронии пурмӯҳтаво шоми 14 апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент Пешвои муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба мақоми таърихию фарҳангӣ ва саҳми мардуми тамаддунофари Панҷакенти бостонӣ баҳои арзанда доданд: “Бори дигар хотирнишон месозам, ки шаҳри Панҷакент ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуну фарҳанг ва илму маърифати халқамон ва зодгоҳи Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, султони шоирони Аҷам – устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ воқеан мояи ифтихору сарфарозии мо – тоҷикон мебошад. Бо эътимоди комил иброз менамоям, ки мардуми бонангу номуси ин шаҳри бостонӣ бо заҳмати созанда ва иқдомоти бунёдкорона диёри худро дар ояндаи наздик ба яке аз гӯшаҳои ободу пешрафтаи кишвар ва макони зебои сайру саёҳат табдил медиҳанд.”

Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо иқдоми Меъмори сулҳи тоҷикон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар шаҳри Панҷакент давоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар шаҳри Панҷакент давоми 25 сол ташкилоти ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолияти густардаи хешро ба роҳ монда, дар таблиғу ташвиқи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, худшиносии халқи соҳибтамаддуни тоҷик корҳои зиёдро иҷро мекунанд.

Итминони комил дорем, ки таҳти сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ Ватани шукуфонтару ободтар мегардад.

Абдухолиқ Холиқзода,

раиси шаҳри Панҷакент, раиси Шӯрои

Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи

Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Аз китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент». Душанбе, 2022

Таҳияи Мавзуна Салимова,

сармутахассиси Медиатекаи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.