Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Мавҷуда Бобоева: Дастоварди беназири миллати тоҷик

Расидан ба ваҳдати миллӣ дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз воқеаҳои муҳим ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Халқи тоҷик бо роҳнамоии Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ роҳи тулониву душвореро паси сар кард. Дар ибтидои муноқишаҳои дохилӣ байни намояндагони Ҳукумати иҷроия ва неруҳои даргир баъзе кӯшишҳо барои музокирот ба харҷ дода шуда буданд, аммо амалан баҳри бартарафсозии низоъ чорае андешида нашуд.
Задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки моҳи май соли 1992 рух дод, ба кишвари тозаистиқлоли мо хисороти зиёде овард. Мутаассифона, Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ аз уҳдаи пешгирии хунрезиҳо дар кишвар набаромад. Вазъият дар пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе ба андозае ноором буд, ки тамоми идораҳои давлатӣ зери таъсири гурӯҳҳои силоҳбадаст гузашта буданд. Шӯрои Олии мамлакат, хоса вакилони халқ натавонистанд чаласаи худро дар пойтахт баргузор намоянд. Зеро талаби майдоннишинҳо ҳар лаҳза дигар мешуд. Ин аст, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) даъват карда шуд.
Дар Иҷлосияи мазкур, ки таърихиву тақдирсоз ном гирифтаасту аз 16-уми ноябр то 2-юми декабр идома ёфт, 74 масъалаи умда мавриди баррасӣ гардиду қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Яке аз қарорҳои муҳимми қабулшуда, ҷорӣ кардани идоракунии парламентӣ ба ҷои идоракунии президентӣ ба ҳисоб мерафт. Танҳо баъди ин 19 уми ноябри соли 1992 бо ҷонибдории 186 вакили халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Бо назардошти вазъи ба амаломада ва дарки масъулияти роҳбариву манфиатҳои олии миллӣ Сарвари нави давлатро водор сохт то ки пеш ҳама ҷасуриву матонат ва тарзу усулҳои ғайримуқаррарии роҳбариро пеша намояд.
Ҳамагон хуб медонем, ки баъди Раиси нави Шӯрои Олӣ интихоб шудан ҷанги шаҳрвандӣ идома ёфта бошад ҳам, дар ҳаёти сиёсии мамлакат тадриҷан дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ мепайвастанд. Дар вазъи душвори сиёсӣ пояҳои ҳокимияти давлатӣ таҳким бахшида, бо мақсади баҳри бартарафсозии низои дохилӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон чораҳои мушаххас андешида шуданд. Аз рӯзҳои аввал масъулияти олии давлатдориро ба зимма гирифта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳаётан зарур таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд.
Якум ин ки мебоист дар қаламрави кишвар оташбас эълон шуда, аз муқовимати мусаллаҳона даст кашида, ба гуфтушуниди самаровар оғоз карда мешуд. Дуюм, гурезагони иҷборӣ ба Ватан баргардонида мешуданд. Ҳамчунин, ба масъалаи риояи қатъии қонуният, таъмини халқ бо маводи ниёзи аввал-нон мебоист чораҳои фаврӣ андешида шаванд. Зарур буд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи Тоҷикистон ҷалб карда шавад. Табиист, ки иҷрои ин мақсаду ҳадафҳо кори саҳлу сода набуд. Аз ин пас бо мақсади ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама ба қувваи солими дохилии мамлакат ва созмонҳои байналмилалӣ умед карданд. Аз ҷумла, санаи 19 уми ноябр Муроҷиатномаи вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба давлатҳои аъзои ИДМ интиқол гардид. 20 уми декабр бошад, Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли СММ ирсол шуд. Баъди Муроҷиатномаи Сарвари давлат Дабири кулли СММ ба масъалаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир ва нисбати ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ қарорҳои махсус қабул кард. Фосилаи кӯтоҳи вақт исбот кард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз он солҳо ба ҷавонони худ нигоҳ накарда, таҷрибаи кофии давлатдориро соҳиб асту роҳи ҳалли мушкилоти пешомадаро пайдо карда метавонанд. Бо шарофати хиради азалӣ, иродаи қавӣ ва дониши баланди сиёсии худ Сарвари тозаинтихоби кишвар тавонистанд дар як муддати басо кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё ва оташи ҷанги бародаркушро паст намоянд. Ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар таҳкурсии боэътимод гузоранд.
Дар ин радиф муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро дар фурӯ нишондани алангаи ҷанги бародаркуш ва таъмини сулҳу субот дар мамлакатро вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ худ қарор доданд. Бо заҳмату талошҳои Сарвари олимақоми давлати тоҷикон баҳри ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекардагӣ шуд. Ин аст, ки баъди Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат вазъияти Тоҷикистон дар Анҷумани Шӯрои амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки он дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар шаҳри Стокголм рӯзҳои 14-15-уми декабри соли 1992 баргузор гардид. Дар он ҷонибҳои дар ҳоли ихтилоф қарордошта даъват шуданд. Аз ҷонибҳо даъват ба амл оварда шуд, ки ба мухолифат хотима бахшида, ба музокироти созанда, ки барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии Тоҷикистон оғоз намоянд.
Кӯшишу заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷалби кӯмаку дастгирии созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид баҳри бартарафсозии низои дохилӣ ва таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон натиҷаи мусбат дод. Саъю талошҳои беандозаи Сарвари тозаинтихоби давлат баҳри бартарафсозии низои дохилӣ ва расидан ба сулҳу субот дар мамлакат, ки аз ҳадафҳои асосии сиёсати пешгирифта маҳсуб мешуд, ба воқеият наздик ва бо гузашти муддати начандон тулонӣ ҷонибҳои даргир розӣ шуданд, ки ба гуфтушунид оғоз бахшанд. Музокироти миёни тоҷикон аз 5 уми апрели соли 1994 оғоз гардида, дар он масъалаҳои мубраму марбут ба гуфтушунид ҳаллу фасл шуданд. Раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон аз рӯзҳои аввал то ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зери назорати доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Иштироки бевоситаи Раиси Шӯрои Олии мамлакат тоҷикон хеле самарабахш ва назаррас буда, аҳаммияти калидиро доро буд. Қайд кардан бамаврид аст, 8 даври музокироти миёни тоҷикон даври якум аз 5-ум то 19 уми апрели соли 1994 дар Маскав, даври дуюм аз 18-ум то 28-уми июни соли 1994 дар Теҳрон, даври сеюм аз 20-уми октябр то 2-юми ноябри соли 1994 дар Исломобод, даври чорум аз 22-юми май то 1-уми июни соли 1995 дар Алмаато, даври панҷум аз 30-юми ноябри соли 1995 то 21-уми июли соли 1996 дар се марҳалаи тӯлонӣ дар Ашқобод, даври 6-ум аз 5-ум то 19-уми январи соли 1997 дар Теҳрон, даври ҳафтум аз 26-уми феврал то 8-уми марти соли 1997 дар Маскав, даври 8-ум (марҳалаи 1-ум аз 9-ум то 16 уми апрели соли 1997, марҳалаи 2-юм аз 22-юм то 28-уми майи соли 1997) дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Дар ин радиф бояд махсус таъкид сохт, ки муҳимтарин омил барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар вохӯрии сатҳи олӣ ба ҳисоб мерафт, ки он бо иштироки роҳбарони ҳарду ҷониб баргузор шуд. Аз 17 то 19-уми майи соли 1995 дар шаҳри Кобул вохӯрӣ дар сатҳӣ олӣ баргузор шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид Р. Баллон, ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси нерӯҳои мухолифини тоҷик иштирок карданд. Дар музокироти миёни тоҷикон баргузор гардида 40 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расиданд. Бо саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа расиданд ва ин музокирот бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ санаи 27-уми июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Русия – шаҳри Маскав бо миёнравии давлатҳои абарқудрат, хоса Русия ба анҷом расиду бо ҳамин ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшид.
Баъди расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ аз тарафи роҳбарияти мамлакат дар як муддати кӯтоҳ тадбирҳои зиёде амалӣ шуданд, ки ба шарофати онҳо вазъият тағйир ёфт. Зимнан мамлакати мо дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати худро соҳиб мешуд ва дар муддати на чандон тӯлонӣ ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд. Бо аксари мамлакатҳои ҷаҳон робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор гардид. Сиёсати сулҳофаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди пуштибонии на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ қарор гирифт. Он таҳкурсии мустаҳкаме шуд дар самти ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон. Маҳз бо ин сабабҳо обрӯи нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамасола боло меравад ва кишварҳои олам робитаи худро бо давлати мо густариш мебахшанд.
Имрӯз Тоҷикистон бо аксари мамлакатҳои кураи арз муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви комилҳуқуқи тамоми созмонҳои минтақавию аксар созмонҳои байналмилалӣ аст. Аз арзишҳо ва манфиати миллӣ дифоъ мекунад, дар масъалаҳои мубрами сатҳи ҷаҳонӣ назару мавқеъи худро иброз медорад. Айни ҳол Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ба ҳайси кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, ҷонибдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷабҳа эътироф шудааст.
Аз дигар самт, Сарвари давлатамон дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои давлатӣ ва миллии Тоҷикистонро дар мадди назари аввали сиёсати хориҷии кишвар қарор дода, тавассути риояи тавозун дар робитаҳо бо кишварҳои мухталифи дунё тавонистанд истиқлолияти воқеии ҷумҳуриро таъмин созанд. Далели раднопазири ин гуфтаҳо сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2021 аст. Муҳимтарин ҳуҷҷатҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расониданд, аз таҳкими дӯстиву рафоқати ду халқи ба ҳам дӯсту бародар шаҳодат медиҳанд. Ин амалҳои нек дар сафари давлатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, истиқболи гарму ҷӯшони Роҳбари олимақоми ин кишвар низ бори дигар ба назар расид.
Сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон имкон фароҳам овард, ки халқи тоҷик, ба таъбири худи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «таърихи навини худро бо дастони хеш навишта, саҳифаҳои гузаштаи пурифтихори аҷдодонамонро зинда гардонад ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намояд, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати фарҳангии тоҷик мебошад. »
Қайд кардан месозад, ки мавзӯи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми махсус дошта, дар аксар баромаду суханрониҳои худ аз вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ёдрас карда, мардуми шарифи Тоҷикистонро барои таҳкими сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамоянд.
Ҷавонон ба кӯшишу заҳматҳои беохиру шабонарӯзии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сокини кишварро зарур аст, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва гиромӣ доштани он солимии тафаккури аҳли ҷомеа, алалхусус ҳифзи насли ояндасоз аз ҳар гуна андешаҳои носолим саҳми худро гузорад. Дар ин бора, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26-уми январи соли 2021 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи амнияти кишвар чунин баён намуданд: «Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хорҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-уми асри XX доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. »
Ин аст, ки таъкиди Пешвои муаззами миллат дар мавриди таъмини сулҳу субот ва якпорчагии марзу буми кишвар аз таҳдидҳои ҷаҳони муосирро басо мубрам меҳисобем. Ҳамин минвол, расидан ба ваҳдати миллӣ мӯҷиби он гардид, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба итмом расида, давлати мо ба дастовардҳои муҳим ва назарраси сиёсиву иқтисодӣ ноил гардад.
Дар ниҳоят бо итминони комил метавон гуфт, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бартарафсозии низои дохилӣ ва барқарор кардани сохти конститутсионии кишвар, ҳамзамон баҳри расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ хеле бузург буда, маҳз бо заҳмату талошҳои беандозаи Роҳбари олимақоми давлат дар мамлакати соҳибистиқлоламон сулҳу субот пойдор гардид, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат тағйироти муҳим ба вуқӯъ пайвастанд.
Мавҷуда Бобоева, ходими давлатию ҷамъиятӣ,
муовини якуми Раиси Шӯрои Ҳаракати
ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар
вилояти Суғд.
Аз китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент». Душанбе, 2022
Таҳияи Мавзуна Салимова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.