Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Саъдулло Ҳайдаров: Ваҳдати сулҳу саодатовар

Ҳар гоҳе калимаи ваҳдат ба забон оварда мешавад, пеши назар фаъолияти дастаҷамъона намудор мегардад, ки дар натиҷаи он мардум, ҷамъият ва кишвару давлатҳо ба дастовардҳои шоён шарафёб шудаанд. Заминаҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ густариш ёфтаву вусъат пайдо кардаанд. Мардум аз пайомадҳои неку фараҳафзои он баҳравар шудаанд, дар фаъолияти самаровари хеш аз он манфиатнок истифода бурда, хушҳоливу некфолӣ доранд.
Аслан ваҳдат дастоварди беназир ва падидаи дилпазирест, ки инсоният барои сомон додани корҳои хубу хотирмон дар марҳалаҳои гуногуни таърихиву ҷамъиятӣ онро сармашқи фаъолияти гуногунҷанбаи хеш қарор дода, ба натиҷаҳои дилхоҳ расидааст.
Ниёгони некандешу некманиши мо ҳанӯз аз қадимзамон ба ин падидаи навзуҳуру ҳидоятгари сарҷамъиву баҳамоӣ эътимоду эътиқод зоҳир намуданд. Онро хубу қавӣ поярезӣ кардаву аз он пазиро шуданд. Моҳияташро дар муқобилгузорӣ бо нифоқу аз ҳамрезӣ бозгӯ намуданд. Ин маънӣ дар осори Ҷалолуддини Балхӣ инъикоси густарда дорад. Ба қавли ӯ:
Парокандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад
Агар ба таърих таваҷҷуҳ зоҳир намоем ба хубӣ мебинем, ки дар баробари илму дониш, фарҳангу маърифат, забону таърихи пурғановат, худшиносиву худогоҳӣ омили ваҳдату ҳусни тафоҳум низ мавҷудияти ҳастии моро устувор побарҷо доштааст.
Ваҳдату ягонагӣ дар ҳамаи давру замонҳо ҳаммаромӣ, ҳаммақсадӣ, ҳамгироӣ, ҳамовозӣ, ҳамақидагӣ, ҳамандешӣ ва баҳамоиро таъмин намудаву рӯи кор овардааст. Аз ин ҷост, ки он дар ниҳоди мардумони пешгому некмаром маскан гузидаву гули мақсуд ба бор меоварад.
Мардуми некахгари мо чун ниёгони илму фарҳангсиришти худ арҷгузори ваҳдату якпорчагии давлату миллати худ мебошанд, дар ҳар кору фаъолияти хеш аз он бомаром истифода мебаранд.
Як назари иҷмолие ба ҳодисаву воқеаҳо ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта афканем, аён мешавад, ки дар ин давраи бесару сомон ба сари мардуми ҷафокашу заҳматқарини мо чи бурду балоҳое омад. Осмони мусаффои кишварро ҷангу дуд ва абри сиёҳи ҷанг, муқобили ҳам сангаргириҳо фаро гирифт. Ҳисси яъсу навмедӣ аксариятро домангир шуд. Бо дасти душманони дохиливу хориҷӣ, “коргардонҳо”-и беруна, ҷудоиандозону нифоқбарангезон, душманони миллату бадхоҳони давлат, таассубкорону ҷаҳолатпешагон дар як он тухми низову бадбинӣ, ҳамдигармаҳвсозию давлатпароканӣ, муқобилбархезонии писар бар падару духтар бар модар кошта шуд. Ҳосилаш оташи ҷанг барафрӯхта, хонаву дарҳои обод сухта, мардум тарки манзилу макони ободу гарм карда. Бори гурезагӣ бар дӯш гирифт. Зиндагиву фаъолият низомашро гум кард. Фоҷеаи азим ба сар омада буд. Ҳастии миллат, давлат ва соҳибистиқлолӣ дар вартаи нобудӣ қарор дошт.
Ана дар ҳамин гуна лаҳзаҳои ҳасос ва тақдиру сарнавиштсоз қалами ақлу қоғази хирад ва шамъи маърифат корагару манфиатовар шуд. Моҳияти ягонагиву ҳамдилӣ ба ҳамоиву муташаккилӣ барҷаста зоҳир гардид. Мардум аз қайди фанду фиреб, дасисаву ҳувийятбохтагӣ вораста, ба тақозои виҷдон, лаҳну садои имон, оҳангу навои нияти нек ва меҳру садоқати паймон ба ваҳдати миллӣ, хиради зотии халқамон ва роҳнамоии фарзандони барӯманди фарзонаи он пайвастанд. Дар натиҷа даъвати хирадмандона ва тақозои заковатмандона моҳи ноябри соли 1992 иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Тавассути он қарорҳои судманду созанда қабул кардаву ҷавони чашми кордон Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати Сарвари давлат рӯи кор овард ва ба маснади роҳбарӣ нишонд.
Барои мамлакат марҳалаи нав оғоз шуд. Боздошти роҳи ҷангу хотима бахшидан ба он, ба сулҳу саодат расондани мардум, бозгардонидани фирориён, устувор сохтани пояҳои давлату соҳибистиқлолӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он давра буданд.
Пайдо намудани роҳҳои мусолиматомези баҳамоӣ, созмони музокароти тарафҳо, ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ барин масоили муҳим дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор дошт. Хушбахтона, ин масъалаҳо бо ҷаҳду талошҳои пайваставу шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли худро ёфтанд. Тавре ки устод Лоиқ тасвир кардааст:
Раҳми Парвардигори мо омад.
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
Ҳотифи зиндадори мо омад…
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Баробари ба сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ расидан мардуми накӯшиори мо ба марҳалаи нав – созандагиву бунёдкорӣ ворид шуда, дар гул-гулшукуфоии Ватан саҳми носутурдании худро мегузоранд. Аз ин рӯст, ки тавассути бунёди роҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба истифода додани нақбҳои замонавӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадем.
Ҳадафҳои дар пеш доштаамон амнияти озуқаворӣ ва истиқлоли энергитикиро роҳандозӣ намуда, айни ҳол дар пиёдасозии ҳадафи навбатӣ-саноатикунонии мамлакат қарор дорем. Ин ҳама натиҷаи меҳнати босуботи мардуми кишвар ва мавҷудияти ваҳдати миллӣ аст, ки ба сокинони мамлакат нерӯи созандагию эҷодкорӣ ва некнигарию некофарӣ илқо менамояд.
Дастовардҳои мардуми кишвар, ки натиҷаи часпу талошҳои пайвастаи мардуми сулҳовару ваҳдатофар мебошад, мавриди илҳоми шоирон қарор дошта, дар асоси онҳо шеъру достонҳои тозаву хонданӣ ва мондагор рӯи эҷод омаданд. Ба истиқболи сулҳу ваҳдат рафтан ва аз он хуш пазироӣ кардан аз тарафи эҷодкорон ба маврид талқин шудааст. Ба ин маънӣ шоири сулҳу саодат ва ваҳдатсаро Қаҳрамонии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки ба ин васила сурудаҳояш машҳури олам гардидааст чунин фармудае дорад:
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
Саъдулло Ҳайдаров,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Аз китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент». Душанбе, 2022
Таҳияи Мавзуна Салимова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.