Ба пешвои Рӯзи Ваҳдат. Хуршед Азизмуҳаммад: “Баракати Ваҳдат дар иродаи миллат”
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон боғи ҳаёти мардуми моро шукуфову рангину пуртароват сохтааст. Дар ин масир Ваҳдати миллӣ сарчашмаи зиндагии орому нишотбахш, дастовардҳои соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳангу иҷтимоиёт шинохта шудааст. Бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тоҷикон бори дигар ба аҳли башар собит намуданд, ки миллати тамаддунсоз ва фарҳанговар мебошанд, анъанаҳои миллӣ аз ҷумла, ғояҳои сулҳҷӯёнаи гузаштагонро пос медоранд. Бо тарзи дигар ифода намоем, ваҳдати миллӣ, ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмии комил чунин рамз бошад-дар меҳру дӯстӣ мисли хуршед нурпош аст.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дарозои беш аз 30-сол ҳаёти ҷомеаи муосирамонро, Ваҳдати миллии бунёдии тоҷикон дар давоми беш аз 25-сол кишвари маҳбуб ва миллати бофарҳанги моро мисли хуршеди ховар нурполову бофайзу нусрат гардонида, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, амалисозии барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025 асоси вақт гузоштаанд, ки имрӯзҳо ҷараёни тоза доранд. Ва ба шарофати Ваҳдати миллӣ, ҳидоятҳо ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азизамон марҳалаи нави таърихӣ оғоз ёфта, созандагиву бунёдкориҳо ва рушди устувор дар фазои оромиву осуда рушд намуд.
Воқеият ва ҳақиқат собит намудааст, ки нуқтаҳои Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати комили миллӣ, ҳамбастагиву ҳамдилии мардуми кишвари соҳибистиқлоламон асос ёфтаву раҳнамои миллат шинохта мешавад. Воқеан, ваҳдат ин неъмати муаззаму муқаддас, ки бо азму субот ва ҷонбозиҳои муҳтарам Президентамон ба ҳаёти ҳақиқатасоси ҷомеа ва мардуми тоҷик ворид шудааст, муаррифгари фарҳанги инсондӯстӣ, омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии замони муосири мо арҷгузорӣ мегардад. Дарозои беш аз чаҳоряк асри Ваҳдати миллии тоҷикон собит намудааст, ки мардуми тоҷик аз азал миллати фарҳангиву тамаддунсозанд. Роҳбари давлатамон ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд. Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ, махсусан, ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шароиту имкониятҳои бавуҷудомада изҳор медоранд, ки бо шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем.
Мегӯянд, ки бунёди ҳама нишоту фараҳмандӣ, хушбахтиву сарбаландии инсон муҳаббат аст. Муҳаббат аст, ки моро раҳнамоӣ ба некиву хайрхоҳиву ҷавонмардӣ, шуҷоату далериҳо менамояд. Волотарин, қиёсмандтарин, баландтарин муҳаббате, ки метавонад омили хушбахтии як халқ ва ё ин ки як миллат бошад, бе ягон муболиға, муҳаббат ба Ватан аст. Ҳамин муҳаббату самимият аз Ваҳдати миллӣ, дӯстдории миллат сарнома мегирад.
Каме ба таърих муроҷиат менамоем: Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ин ду боли тавонои суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеаи ҷадид, асоси мустаҳкамии ҳуқуқӣ, заминаи бунёди давлати ҳуқуқасос ва ташаббусҳои қонунгузорӣ ба маърифати баланди ҳуқуқӣ ва фаъолнокии сиёсӣ гардиданд. Дар ин росто, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати ҳуқуқбунёд замина гузошт. Бо тақозои замон ва пешрафти ҷомеа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ҳол се маротиба, яъне 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки онҳо ба рушду такомули давлату давлатдории миллӣ мусоидат намуданд.
Мушаххасан-тағйиру иловаҳои ҷиддӣ солҳои 1999 ва 2003 вобаста ба ташкилу фаъолияти парлумони ҷадид ба боби сеюми Конститутсияи кишвар ворид шуда, моҳиятан он дар таҳрири нав қабул гардид. Ҳамчунин, тибқи тағйироти охирони Конститутсияи мамлакат, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон манъ шуд. Ин тағйирот барои таъини ваҳдату субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таъсири унсурҳои бегона, алалхусус равандҳои хусусияти инфратгароиву бегонапарастидошта, ки ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, бо дарназардошти ҷаҳонишавии ҷомеа, қабул гардид.
Бисту нуҳ сол пеш аз ин, 27–уми июни соли ҳазору нӯҳсаду наваду ҳафт фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони меҳнатдӯсту сулҳхоҳи тоҷик дар натиҷаи музокироти сулҳ “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”-ро имзо карданд. Воқеият ин равандро собит намуд, ки сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ, накӯкорӣ, ваҳдати ногусастанӣ шуълаи зиндагӣ ва ҳаёти суруроварро барафрӯхт.
Ваҳдати миллӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон, хушбахтона, ба яке аз муҳимтарин рукни устуворӣ, якпорчагӣ ва кафили равандҳои сулҳу субот ва рушду нумӯӣ равандҳои демократӣ, инкишрфу пешрафти иқтисодиёти миллии кишварамон табдил шудааст. Мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикистониён қадру қимати Ваҳдати миллиро хуб дарк карда, фаҳмида баракати онро бо иродаи қавӣ афзун менамоянд, созандагиву ободкориҳоро файзи дигаргун мебахшанд.
Ва боиси хушнудист, ки бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаи сулҳу ваҳдат ба фарҳанги насли ҷавони кишварамон табдил ёфтаву идеяи сулҳу ваҳдат чун ғояи миллӣ барои ҷомеаи мо хидмати бузургу беҳамто дорад. Имрӯз Ваҳдати миллӣ ба ғояи умумимиллӣ ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо мубаддал шудааст.
Аз китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент». Душанбе, 2022
Таҳияи Мавзуна Салимова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.