Баҳром Фирӯз. Ном ва номгузорӣ

Номи зебо ними ҳусн. Ҳарчанд имрӯз дар мавзӯи ному номгузорӣ мақолаҳо зиёд нашр мешаванд ва ахиран дар Тоҷикистон чанд китоби номҳо низ нашр шуданд, вале ба назар мерасад ин баҳс нав нест ва солҳо идома доштааст.

Ҳангоми мурури бастаи маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” – и солҳои 80-и асри гузашта, чашмамон ба мақолаи нависандаи маъруф Баҳром Фирӯз “Ном ва номгузорӣ” уфтод. Адиби шинохта мулоҳизоти ҷолиберо дар ин замина ҳанӯз соли 1981 навиштаву чоп карда будааст. Ҷолибтар аз ҳама мақола имрӯз ҳам дархури дарди ҷомеа аст. Чун бисёриҳо имрӯз ҳам дар номгузорӣ ба иштибоҳҳо роҳ медиҳанд.

Дар зер мақоларо бо каме ихтисор меорем.

Номи инсон як умр ҳамсафари  ӯст. Баробари  номи ӯ ҳаёт аст, балки  баъд аз вафот ҳам.

Дар Аврупо аз қадимулайём инсон бештар  бо фамилияи худ шӯҳрат дорад, аммо  баъзе мамолики Шарқ  имрӯз ҳам  одам бо номи худ  маъруф  аст, на бо номи падар. Фамилияи  нависандаи маъруфи ҳинд НарайанРозипурам Кришнавсвами аст. Нарайан номи худи вай аст. Адиб дар зери  осораш  Р.Н.Нарайн  менависаду  бародараш рассоми  маъруф Р.К. Лаксман. Оре, инсон бояд бо номи худ  фахр кунад, на бо номи падар. Саъдии бузургвор беҳуда нагуфтааст: «Гирди  номи падар чӣ мегардӣ? Падар хеш бош, агар мардӣ».

Ба фарзанд номи нек додан яке аз шартҳои аввалиндараҷаи  падарию  модарист. Падару модар дар номи барои фарзанд интихоб кардаи худ ифодаи кули орзую ҳаваси худро мебинанд ва онро бо рағбати тамом ба забон мегиранд. Агар касе номи фарзанди онҳоро ноқису нопурра ба забон гирад, шиканад, таҳриф кунад, сахт меранҷанд.

Бинобар он, дар интихоби номи фарзанд, пеш аз ҳама, ба падару модари навзод ихтиёр бояд дод, то ки онон ба фарзанди худ номи дилхоҳашро диҳанд.

Агар кас дақиқ мушоҳида кунад, дар номҳои мардуми ҳар як маҳал табъи бадеъ, завқи ҷӯшон, донишу хирад ва ҷаҳонбинии он касро дармеёбад. Умуман дар бобати рангорангии ном метавон яқин гирифт, дар байни миллатҳои олам кам андар кам халқе  ба мардуми мо ҳамсарӣ дорад. Ба ин номҳои шевои духтарони тоҷик мулоҳиза фармоед: Шарбат, Нозук, Гулзода, Гулбаҳор, Гулсифат, Сабо, Ситора, Моҳира, Боғӣ, Ҳаловат, Маъмура, Ҳуснро, Мижгон, Дармон… номи мардон ҳам  сифати маънӣ ва рангу бори хоси ҷавонмардонро дорад: Ҷасур, Ҷовид, Ғайрат, Нусрат, Комрон, Паймон, Симо, Сино, Довар, Сарвар

Гуногунӣ ва рангорангии ном дар забони мо ба ҳаддест, ки чандин номнома тартиб додаанд.

Бо вуҷуди ин ҳама мардум мо аз қадим ҳангоми ба фарзанд ном додан бо мулоҳиза ва фаросат аз аҳли илму адаб маслиҳат мепурсид, ҳеч набошад, аз мулло ва ё мударриси хушсаводи деҳааш хоҳиш мекард аз китоб барои фарзанди вай номе мувофиқ ҷӯянд. Ба ҳамин васила номҳои нағзу сара дар ҳеҷ давру замон кам набуданд. Вале,  мутаассиф, ки дар баъзе маҳалҳо бар асари  камин одамони китобхон ва хушсавод номҳо якранг, беруҳу беназокат низ буданд. Болта, Табар, Сангак, Сафол, Бӯрон, Ҷӯлибой аз ин  қабил номҳояд. Як силсила номҳое, ки кайҳо ғубори кӯҳнагӣ ба рӯи онҳо нишастааст, хушбахтона, имрӯз кам мешаванд.

Дар ивази ин қабил номҳои баъзан хандаовар, баъзан дурушту гуфтанаш мушкил номҳои фасеҳу бамаънӣ, рехтаву боназокат беш аз пеш ҷорӣ ва расм мешаванд. Ҳоло дар бобати  номгузорӣ ақида ва назари гуногун, равишҳои мухталиф ба назар мерасанд. Агар гурӯҳе толиби номҳои тозаи имрӯзӣ бошанд, тоифае ба номҳои ашхоси  таърихӣ, аз қабили Хусрав, Парвез, Сосон, Сомон, Саъдӣ, Ҳофиз, Таҳмина, Манижа, Рухшона, Рудоба моиланд. Дар ин  миён баъзан мазмуни калимоти кӯҳнаро нафаҳмидани баъзе номгузорон низ ба назар мерасад.

Бо калимоти форсию тоҷикӣ ва арабӣ миллатҳои гуногуни олам ба фарзандонашон ном мегузоранд. Дар тӯли  бисёр асрҳо забони форсӣ ва арабӣ забони илмию адабӣ ва динию мазҳабии бисёр қавму миллатҳо буд ва ин ҳодиса ба ҳаёти онон беасар нагузаштааст. Вале чунин ҳол ба мушоҳида мерасад, ки ҳар яке аз ин миллатҳо бо  номҳои худ аз дигарӣ тафовут мекунад.

  Бигирем номҳои тоторӣ, озарӣ, узбекӣ, тоҷикӣ, қавмҳои Ⱪафқози Шимолӣ ва ғайраро. Агарчи ин мардум дар номгузорӣ калимоти арабӣ ё форсӣ-тоҷикиро асос гирифтаанд, ҳамеша онҳо аз  якдигар фарқ доранд ва ин фарқҳо гуногунанд. Алалхусус, агар баъзе номҳо хоси мардуми тотор гашта бошанд, баъзеи дигар махсуси озариҳо ва ё ӯзбекҳост. Бешак, дар ин миён номҳои ба тамоми ин қавмҳо хос ва умумӣ низ ҳастанд. Номҳои тоҷикӣ низ ҷиҳатҳои фақат ба мардуми мо  махсусе дорад, ки ин ҷиҳати онро на ҳар кас имтиёз ва ингкишоф мекунад.

Гоҳе рафиқон савол мекунанд, ки ба фарзандон ба чӣ тартиб ном гузоранд ва дар ин хусус чӣ шартҳоро риоя бояд кард? Ба фикри банда, номи инсон беҳтар аст аз як калимаи фасеҳи  якреша иборат бошад: Озод, Ороста, Бунафша… Вале номҳои мураккаби аз ду  ва ё зиёда калимот сохтагӣ низ ҷоизанд, ба шарте ки талаффузи он ба кас  мушкилӣ наорад. Шаҳрошӯб, Гулчеҳра, Дилором аз ҳамин гунна таркибҳоанд.

Шарти дигар ин, ки ном бояд замонавӣ бошад, орзую омоли падару модарро ифода кунад, дилнишин ва фасеҳ бошад. Маҳз бо ҳамин ният номи писаронро Умед, Вафо, Номвар, Дидор  мегузоранд ва духтаронро Шифо,  Саломат, Покиза, Нафиса, Сулҳия, Меҳрӣ,  Равшан, Гулшан, Баҳор ном мекунанд.

Иддае аз суханшиносон мувофиқат ва ҳамоҳангии номи фарзандро бо номи падар ӯ хостгоранд, ки ин тарзи номгузорӣ ҳам аз қадиммулайём дар байни тоҷикон маълум аст. Имрӯз ҳам  дар баъзе маҳалҳо Орзу писари Барзуро  «Орзуи Барзу» мегӯянд. Мурод писари Ҳаётро «Муроди Ҳаёт » ва ё  агар духтар бошад, боз ҳам   ба тарзи қофиянок ва мувофиқоҳанг – Хумори Меҳриёр, Шабнамои Хуррам, Шукуфаи  Маъруф, Шодоби Шодмон ном мебаранд…

Имрӯз дар байни тоҷикон ба додару бародарони ҳамзод номҳои ҳамоҳанг додан хеле маъмул аст. Бародарон – Сосон, Салмон, хоҳарон –Ситора, Шарора, Нигора ва ғайра. Баъзан  ҳамоҳангии ҳиҷои авали ном ё ҳиҷои охири он ҳам барои ин мақсад мувофиқ аст: Рухсора, Рухшона, Баҳман, Беҳрӯз.

Аз қадим дар байни мардуми мо  номи  кӯдаконе, ки тавъам (дугона) ба дунё омадаанд, таъин буд: Ҳасайн ва Ҳусейн, Фотима ва Зӯҳро. Хуб аст, ки ҳоло баръакс ин одат падару  модарони хушзавқ ба фарзандони тавъам номҳои мувофиқ ёфтаанд. Ин ҳам далели маърифати мардум ва боло гирифтани завқи онҳост. Ҳоло  кӯдакони тавъам номҳои дилчаспу рангин доранд: Ҷамол ва Камол, Ороста ва Пероста, Рудоба ва Судоба, Садаф ва Гавҳар, Шукӯҳ ва Шукуфа, Хуррам ва Хурсанд, Фаррух ва Фарзона, Шаҳбоз ва Шаҳноз, Шамсу Камар…

Доир ба суффикси «ҷон» ва ба ин монанд ҳиссаҳои таркиби номҳои тоҷикӣ солҳои охир фикру ақидаҳо мухталифанд. Аксар бар сари онанд, ки ин ҷузъҳо, агарчи ба тарзи навозиш  гуфта мешаванд, набояд бо ном навишта бошанд. Дар воқеъ, ба номи ҳама «ҷон», «гул», «хон», «моҳ», ва ғайра илова  кардан чӣ маънӣ дорад?! Агар  ин қабил ҳиссаҳо дар таркиби номсахт марбут бошанд ва истиснои он ба маънии ном халале овард, бешак навиштан даркор аст (Шодигул, Рӯзигул, Тозамоҳ). Вале номҳои Раъно, Зеборо агарчи баъзан ба тарзи Раъногул, Зебогул гӯем ҳам бе «гул» навиштан дуруст аст.

Дар сари интихоби номи фарзанд падару модарон бояд бо ҷиддияти тамом андешанд,  ҷустуҷӯ кунанд ва аз шахсони хушсавод, китобхон маслиҳат бигиранд. Он гоҳ фарзандон ҳамеша аз номи худ мамнун ва дар ин бобат аз падару модар ризоманд хоҳанд буд. Дар ин кор ходимони идораҳои ЗАГС, котиботи ҷамоат ба мардум бо маслиҳати худ кӯмак расонанд. Аз ин ваҷҳ дар чунин идораҳо ба кор таъин кардани шахсони хушсавод ва бомаърифат айни матлаб аст.

Баҳром Фирӯз. Маҷаллаи  «Занони Тоҷикистон», 1981, №9

Таҳияи Малика Абдуллоева.