Ба зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад. Мактаби инсонгароӣ ва инсоншиносӣ
Устод Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, аз зумраи он адибони соҳибҳунар ва соҳибистеъдодест, ки аз нашри нахустин асарҳояш мавриди таваҷҷуҳи аҳли таҳқиқ ва доираи васеи хонандагон қарор дорад. Қиссаи ӯ «Баъд аз сари падар» ҳанӯз соли 1979 аз зуҳури як адиби дорои диду тасвир ва сабку салиқаи хоси адабию ҳунарӣ мужда дода буд. Ба қавли адабиётшинос А. Набавӣ, қиссаи мазкур, ҳатто, бо унвонаш диққати касро ҷалб мекунад. Бо мутолиаи он хонанда якбора ба олами шахсе ворид мешавад, ки аз саробони хонавода – падар маҳрум шудааст. Дар зиндагии воқеӣ ин як ҳодисаи маъмулист, аммо нависанда дар контексти фавти сарвари хонавода симоҳо, хислату характер ва сифатҳои гуногуни инсониро, ки дар чунин ҳолатҳои муҳими зиндагонии иҷтимоии инсон бозтоб мегарданд, ба тасвир мегирад. Ин шеваи тасвири ҳақиқати зиндагиро мо дар бисёр аз асарҳои хурду бузурги ӯ ба мушоҳида мегирем, ки он як шеваи хуби ҷалби таваҷҷуҳи хонанда ба моҳияти ҳодисаю воқеаҳои зиндагист.
Аз ибтидо дар эҷодиёти нависанда ду типи ахлоқ, ду шеваи кору зиндагии инсон мавриди таваҷҷуҳ мебошад. Ашхосе, ки устод А. Самад тасвир менамояд, аз нигоҳи зоҳир одамони одию муқаррарӣ ҳастанд, вале аз лиҳози ахлоқ, рафтор, ормонҳои маънавӣ ва аҳдофи зиндагӣ хеле бартариҳо ва тафовутҳои назаррас доранд. Ин одамон, мисли Ҳайдару Хусрав аз қиссаи «Баъд аз сари падар» меҳнати ҳалол ва роҳи дурусти зиндагиро пеша кардаанд. Ин типи шахсиятҳои достониро метавон дар ҳар як асари хурду бузурги нависанда пайдо намуд.
Масири адабию эҷодии устод А. Самадро агар аз оғоз то имрӯз ба мушоҳида гирем, ба хубӣ дарк менамоем, ки ҳадафи адиб аз пешаи нависандагӣ таҳқиқ ва шинохти инсон ва моҳияти зиндагии он мебошад. Дар ин роҳ, ба ибораи дигар, дар масири одамшиносӣ аз ибтидои фаъолияти адабиаш устод А. Самад марҳила ба марҳила хонандагони асарашро ба ин дунёи рангину зебо, вале дар айни замон пуртазоду мураккаб, ворид месозад, ки мисоли равшани он қиссаи «Баъд аз сари падар» мебошад. Дар ин асар хонанда дар қатори Ҳайдару Хусрав, Бобои Саиду Қурбони подабон бо инсони пасту касифе мисли Аҷик вомехӯрад. Нависанда ба хонанда хеле равшан нишон медиҳад, ки хислату фазилатҳои баду неки инсонӣ реша бар ахлоқу муҳити суннатии хонаводагӣ доранд. Аҷик хислатҳои бади инсониро аз падари дуздаш ба мерос гирифтааст. Дар қиссаи мазкур хислатҳои бади Аҷик тадриҷан, зина ба зина ба хонанда ошкор мегардад ва ҳангоми мутолиа кас перомуни ин қабил ашхос, зуҳуру мавҷудияти онҳо дар зиндагии иҷтимоӣ андеша мекунад.
Чунон ки ишора шуд, устод Абдулҳамид Самад нависандаи инсоншинос мебошад ва ин фазилати адабии ӯ дар марҳилаҳои баъдии эҷодиёташ тадриҷан амиқ гардида, дар маҷмуъ, як мактаби хоси адабию эҷодиро созмон додааст, ки онро метавон мактаби адабии А. Самад номид. Чунки дар маркази аксари асарҳои нависанда сарнавишти инсон қарор мегирад ва муаллиф ҳам муносибати худро ба ин равшан баён мекунад. Ҳар як қаҳрамони асарҳои хурду бузурги нависанда як типи иҷтимоӣ, намунаи як гурӯҳи одамон мебошад, ки мо дар рӯзгори ҳамарӯза бо онҳо бархӯрд дорем. Ба ин нукта ишора карда, адиби маъруфи кишвар, устод Саттор Турсун дуруст таъкид менамояд: «Вақте ки кас навиштаҳои Абдулҳамид Самадро бо диққат мехонад, мутаассир шуда, беихтиёр ба андеша меравад,- нависанда ҳодисоти олами ҳастиро ба риштаи тасвир кашида, аз дунёи мураккаби ботини ҳар фард сараввал покизагӣ, диловарӣ, эътимод, мардонагӣ, сабру субот, рафоқат, нангу номус ва садоқат меҷӯяд». Воқеан, ин сифатҳо ва фазилатҳои инсонии шахсиятҳои достонии асарҳои А. Самад таҷассумкунандаи ахлоқи суннатии миллии тоҷикон мебошад, ки он дар тули ҳазорсолаҳо дар фарҳанги иҷтимоии халқ шакл гирифтааст.
Фазилати муҳими дигари адабию эҷодии устод А. Самад ин мушоҳидакорист, ки онро мо бештар дар ҳикояҳои нависанда ба равшанӣ эҳсос мекунем. Дар ҳикояҳои «Зодрӯз», «Асп мерафт», «Пиёлаи шикаста», «Шоҳрух» ва ғайра, ки дар байни хонандагон хеле маъруфанд, масъалаҳое ба миён гузошта мешаванд, ки касро дар мавриди пастию баландӣ ва маънию моҳияти зиндагии инсон ба андеша мебаранд. Дар аксари қиссаю ҳикояҳои китобҳои «Баъд аз сари падар», «Паррончакҳо», «Косаи давр», «Майдон», «Шохи чанор» ва ғайра ин фазилати муҳими ҳунари нависандагии муаллифро мушоҳида кардан мумкин аст. Ба қавли А. Набавӣ, он чи осори А. Самадро ҷолибу ҷозиб мегардонад, ҳамоно хуб донистани маводи тасвир ва хуб огоҳ будан ба ҷузъиёти ахлоқиву равонӣ ва миллӣ мебошад. Ин ҷиҳати муҳими эҷодиёти нависандаро мо ҳангоми тасвири рӯзгор ва кору пайкори ҷавонону наврасон, ки дар марҳилаи муҳими зиндагӣ қарор доранд, ба хубӣ эҳсос менамоем. Назари адиб ба масъалаи ҷавонон назари наву дигаргуна, дидгоҳи хоси худи ӯст. Ин падидаро мо дар тасвири симои Хусрав аз қиссаи «Баъд аз сари падар», Наиму Насим, Раҳматшоҳу Пакана, Назокату Латофат аз повести «Паррончакҳо» равшан мушоҳида мекунем. Махсусан, қиссаи «Паррончакҳо», ки ҳамчун беҳтарин асар дар бораи ҳаёти донишҷӯён эътироф гардидааст, дар таҳқиқи бадеии сарнавишти ҷавонон асари муҳим мебошад. Ин нукта аз тарафи аксари муҳаққиқон ва мунаққидони эҷодиёти нависанда таъкид гардидааст.
Масъалаи дигар ин аст, ки дар аксари асарҳои ин нависандаи маъруфу маҳбуб одатан низоъ ва ихтилоф байни ашхоси дорои хислатҳои неку бад, одамони ҳалолкору одамони ҳаромкор сурат мегирад. Дар ҷаҳони бадеии адиб одами меҳнаткашу заҳматписанд ашхосе мебошад, ки дорои хислатҳои неки инсонӣ, аз қабили ҳалолкорӣ, ростқавлӣ, адолатпешагӣ ва одамгарист. Аз тарафи дигар, симоҳои бадеии мӯйсафедон ва одамони калонсолу ботаҷриба дар асарҳои нависанда таҷассумкунандаи ахлоқи миллӣ, бозтоби пайвандҳои маънавию фитрии гузаштаю ояндаи халқ мебошанд. Мисоли равшани ин шахсиятҳои достонии қиссаи «Аспи бобом» мебошад.
Чунонки ишора шуд, устод А. Самад дар ҳикоя ва қиссаю романҳояш ҳамеша ашхоси достониро аз нигоҳи ахлоқ ва рафтору кирдори неку бадаш ба тасвир мегирад. Вай аз тасвири ҳаёти мардуми деҳот арзишҳои суннатии ахлоқиро меҷӯяд, ки ҳанӯз дар деҳаҳо, дар хонаводаҳои суннатгаро устувору побарҷой аст. Ин қабил ҷусторҳо ва ковишҳои адабию ҳунарии нависандаро мо дар қиссаи «Косаи давр» ва романи «Гардиши девбод» ба хубӣ мушоҳида мекунем. Сарнавишт, рафтор ва ахлоқи Шоҳин аз қиссаи «Косаи давр», ки пешааш чӯпонист, хеле омӯзанда ва хотирмон мебошад. Чунки барои Шоҳин, ки таҷрибаи бои зиндагӣ дорад, инсон дар ҷомеа танҳо тавассути меҳнатдӯстӣ, ору номус, мардонагӣ, масъулиятшиносию хайрхоҳӣ нисбат ба атрофиён арзиш пайдо мекунад. Шоҳин ва ӯ баринҳо ҳамеша одаму одамгарӣ, ҳақталошӣ ва инсофу адолатро дар зиндагӣ ҳимоят ва тарафдорӣ мекунанд. Ин фазилатҳои қаҳрамон дар қиссаи номбурда характери миллӣ ва башарӣ касб менамояд. Ба қавли устод С. Турсун: «Абдулҳамид Самад рӯзгори шоистаи инсонро ҳамбаста ба ҳофизаи таърихӣ ва иҷтимоӣ мебинад. Инчунин, медонад, ки агар шахс ҳамин сифати муҳимашро бой диҳад, ба пояи ахлоқи ӯ низ футур меравад. Одамро, аслан, фаъолият, андеша ва офариниш ба камол мерасонад». Ин нуктаро хонандаи дақиқназар ҳангоми мутолиаи қиссаҳои «Аспи бобом», «Маҳбус», «Паррончакҳо» ва хосса романи «Гардиши девбод», ба хубӣ дармеёбад.
Бояд зикр кард, ки масъалаи шинохти инсон ва маърифати фалсафаи ҳастии маънавию иҷтимоии он дар романи «Гардиши девбод» умқ ва вусъати тоза пайдо мекунад. Дар ин асар сарнавишти инсон дар миёни воқеаҳои хурду бузурги таърихӣ ва иҷтимоӣ ба қалам дода мешавад. Гардиши девбод на танҳо маҷрои табиии зиндагиро тағйир медиҳад, балки сарнавишт, ахлоқ, рафтору кирдор, ормонҳои иҷтимоиву маънавӣ ва ахлоқии одамонро дигаргун месозад. Нависанда дар ин роман робитаи маънавӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии наслҳои гуногунро ба тасвир мегирад. Раванди тағйирёбии сарнавишт ва моҳияти ахлоқию маънавии инсонро ба ҳама пастию баландӣ, фоҷиаю хурсандиаш ба хонанда бозгӯ менамояд. Адабиётшинос, устоди зиндаёд Худоӣ Шариф ҳангоми баррасии романи мазкур ба масъалаи зикргардида ишора намуда, дуруст таъкид карда буданд: «Фалсафаи романи Абдулҳамид Самад «Гардиши девбод» ҳамин аст, ки гардиши бодҳо нобасомонӣ меоранд ва инсон дар шароити осуда ва ҳатто дар замони печопечу ошӯби зиндагӣ ба ду чиз машғул аст: нигоҳ доштани асолати инсонӣ дар асоси суннатҳо ва таҷрибаҳои хоси шароити табиӣ ва сохтану офаридан ҷиҳати таъмини саодат ва маишати инсонии худ». Воқеан, сарнавишти Некному Дилёб, Рашид ва дигарон қаробату иртиботи маънавию ахлоқии онҳо андешаи устод Х. Шарифро дар мавриди романи «Гардиши девбод» собит менамояд. Дар ин асар, ки ҳаҷман бузург аст, масъалаи асосӣ ва бунёдӣ асолати инсонӣ мебошад. Аз назари муаллифи асар сифатҳои неку волои инсонӣ дар ҷараёни зиндагии инсон аз насл ба насл мегузаранд ва дар ин маҷро сифатҳои тозае касб карда, одамро комилтар мегардонад. Симои бадеии Рашид рамз ва бардавомӣ ва устувории фазилатҳои асосии инсонӣ дар ҷомеа мебошад.
Бояд гуфт, ки романи «Гардиши девбод» аз нигоҳи таҳқиқи бадеии асолати инсонӣ як навъ идома ва инкишофи пурвусъати консепсияи адабию бадеии нависанда дар ин заминаҳо мебошад. Ин ҷо ҳам мисли қиссаҳои пешинаш адиб ба тасвири зиндагии мардуми деҳот мепардозад. Аммо вазъият, ҳолат ва фазои иҷтимоию таърихӣ дигаргуна ва хеле ҳассостар мебошад. Масъалаи адолат, инсоф ва ҳақиқат дар фазои ахлоқию маънавии замон арзиш ва аҳамияти бештару амиқтар касб мекунад. Нависанда муҳимтарин фазилатҳои волои мардуми деҳоти тоҷикро дар симои Дилёб, Некном, Мирак, Сифат, Заъфарон, Гулхумор, Нуқра ва дигарон ба қалам медиҳад, ки он хеле самимӣ, хотирмон ва омӯзанда аст. Вай таъкид менамояд, ки инсон сарфи назар аз вазъу ҳолати зиндагии иҷтимоӣ бояд ба гардиши девбодҳои табиию ғайритабиӣ, ба гардишҳои муқаррарию ғайримуқаррарии зиндагӣ омода бошад. Махсусан, падидаи иҷтимоие мисли ҷанг раванди табиии зиндагии ҷомеаро сахт халалдор мекунад, инсонро роҳгум мезанад ва фоҷиаҳои азимеро ба сараш меорад. Сарнавишти Сифат, ки ба ҷанг рафта, барнагашт, далели равшани оқибати фоҷиабори он аст.
Фазилати дигари романи «Гардиши девбод» дар он мебошад, ки воқеаю ҳодисаҳо, садамаҳои сиёсию иҷтимоӣ, шинохти воқеаҳои таърихӣ, шахсиятҳои достонӣ, ҷузъиётҳои бадеӣ аз ҳар ҷиҳат тозаю нотакроранд. Муаллиф дар симои як деҳа ва аҳли он оқибатҳо ва таъсироти воқеаҳои сиёсиро ба иҷтимоъ ба қалам медиҳад. Сарнавишти пурфоҷиаи домулло Латиф, Қувват ва Комилбой намуна ва бозгӯи оқибатҳои фоҷиабори ҷангу инқилобҳо мебошад. Дар тасвири нависанда гирдбоди инқилоб на танҳо низоми сиёсиро тағйир дод, балки меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои суннатии инсониро ҳам шикаст, ба решаи маънавият ва русуму сунани мардум теша зад ва дар маҷмуъ, боиси фоҷиаи миллӣ гардид. Ба ибораи дигар, романи «Гардиши девбод» як драмаи мансури девбодҳои бузурги ба сари мардумомада дар фосилаи сад соли охир мебошад. Дар бораи ин ҳодисаҳо осори зиёде таълиф гардидааст, вале А. Самад ба мо ин фоҷиаҳоро аз даричаи дигар, аз дидгоҳи дигар менамоёнад, ки он ба сарнавишти инсонҳо робитаи мустақим дорад.
Дар маҷмуъ, устод Абдулҳамид Самад аз ҷумлаи нависандагонест, ки ба сарнавишти инсон, аз ҷумла шахсиятҳои достонии асарҳояш, муносибати хос дорад. Вай паёми адабии худро аз тариқи тасвири сарнавишти онҳо ба хонанда ироа менамояд. Ба ҷуз ин, рисолати адабиётро ҳамин гуна мешиносад ва онро тавассути асарҳои хурду бузургаш пиёда месозад. Аз ин ҷиҳат метавон эҷодиёти устод Абдулҳамид Самадро дар адабиёти муосири тоҷик ҳамчун як мактаби қавии адабӣ, ба гунаи як мактаби олиҷаноби одамшиносӣ ва тарбияи наслҳои имрӯзу оянда унвон кард.
Шамсиддин СОЛЕҲОВ, доктори илмҳои филология,
Абдулқодири РАҲИМ, адиб ва рӯзноманигор