“Баҳори шеъри тоҷик” дар маҳфили навбатии «Ҳамешабаҳор»
Дар бинои Муассисаи давлатии Сохтмони асосии шаҳри Душанбе маҳфили “Ҳамешабаҳор”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Маҳфилоро Шоири халқии Тоҷикистон Хайриддини Хайрандеш буд. Дар он 7 нафар ғолиб омаданд ва 1 нафар соҳиби Шоҳҷоиза гардид.
Мавзуи маҳфили «Ҳамешабаҳор»“Баҳори шеъри тоҷик” унвон дошт.
Дар маҳфили мазкур, ки аз ҳафт равзана (Афрӯза, Афроза, Афшина, Афшона, Андеша, Ангора ва Ангеза) иборат буд, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолона ширкату сабқат намуданд.
Иштирокдорон дар бораи муҳтавои китобҳои хондаашон кутоҳ ибрози назар намуданд, аз ҷумла як аъзои доимии маҳфил хулосаи китоби Ҷуброн Халил Ҷубронро барои ҳозирин ҳикоя кард.
Ҳунарнамоии ҳунармандони наврас ва маъруфи кишвар, ансамбли “Фирӯза”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар гурӯҳҳои ҳунарӣ, инчунни саҳначаҳои тарбиявӣ ва омӯзишӣ аз ҷониби ҳунарпешаҳои Муассисаи давлатии театри намунавии “Оина” маҳфилро гарму ҷаззобтар гардонид.
Шоҳҷоизаи маҳфили “Ҳамешабаҳор” телевизор насиби Шодмон Субҳон гардид.
Маҳфил аз ҷониби мардум хуш пазируфта шуда, тавассути он ширкаткунандаҳо маънои вожаҳои навро ёд гирифта, алоқаашон ба китобу шеъру ҳикоя меафзояд. Зеро дар ин маҳфил ширкаткуннадагон аз китобҳои мутолиакарда, шоҳбайтҳои азёднамуда, чистону зарбулмасал ва латифаҳои намакину зебо дар бахшҳои гуногуни маҳфил пешкаши ҳуззор мегардонанд.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.