«Баҳористон»-и А Ҷомӣ мояи тарбияи маънавӣ – ахлоқии насли наврас”
Инкитоб соли 2025 чоп шудааст ва тавре аз номаш пайдост, ҷусторест дар аз “Баҳористон”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ дар боби тарбияи маънавиву ахлоқӣ. Доктори илмҳои педагогика, профессор Бахтиёр Қодирӣ дар сарсуханаш ба китоб аз ҷумла навиштааст:
Дастнависи китоби Маҳкамов Дастам зери унвони «Баҳористон»-и А Ҷомӣ мояи тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас», ба дастам расид, мутолиа намудам ва дарёфтам, ки ин китоб арзиши баланди маънавӣ-ахлоқӣ педагогӣ ва башариро ноил буда, метавонад пеши роҳи косташавии маънавиёт ва ахлоқии насли наврасро дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо гирад. Гумон накунед, ки китоби мазкур танҳо андешаҳои шахсии муаллифанд, балки гуфтор доир ба амалҳои накӯи умумиинсонӣ дар он ҷой дорад ва гуфтан зарур аст,ки барои ҳама табақаҳои аҳолии ҷомеа муфид ва манфиатрасон мебошанд. Фикр мекунем, ки ин китоб маводи саривақтӣ дар рафти амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ва ба эътибор гирифтани унсурҳои асосии Консепсияи миллии тарбия дар раванди омодагӣ ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи саривақтӣ мебошад.
Китоби мазкур ҳамчун гувоҳномаи рӯзгор аз арзишҳои ахлоқию маънавии миллати тоҷик ва шахсан мардуми срзамини мо буда, аз хаёлбофӣ тоза ва дар заминаи ҳодисоти воқеӣ бо ишораи қаҳрамонони воқеӣ, дидаву шунидаҳо ва натиҷаи хулосаҳои илмиву назарявӣ тавлид гардидааст. Мушоҳида ва бардоштҳои муаллиф марбут ба паҳлуҳои муҳимми рӯзгори мардум, фарҳангу тамаддуни қадимии ориёии миллат, суннатҳои қадимии он, чун нангу номуси миллӣ, дарки некӣ ва накукорӣ, росткавлӣ ва покандешӣ, таблиғу талқини сифатҳои ҳамидаи инсонӣ, муҳаббат ба мулку диёр, дастгирии бародаронаву беғаразона нисбат ба атрофиёну аҳли байт ва нозукиҳои оиладорию меҳмоннавозӣ дар ин китоб ҷойи асосиро ишғол менамоянд.
Муаллиф дар ин асар то тавонистааст ҳамчун файласуф мартаба ва мавқеъи инсонро мавзуи асосии таҳлили хеш қарор дода, ба марҳилаҳои асосии камолот ва зеҳну фаросати азалӣ такя намуда,ҷузъитарин василаи тарбияро дар раванди омӯзишу парвариш бо нигоҳдории мақоми асл ва моҳияти хосса ҷилвагар сохтааст. Ин китобро кас ба даст гирифта, дар вақти таҳлил ва омӯзиш дар ҷойи зарурӣ ва вақти зарурӣ барои хеш ҷойи хосаеро пайдо менамояд ва мутолиаи ин китоб шахсеро ба хулосабарорӣ водор менамояд, ки кадом самтро дар рӯзгор ва зиндагии хеш қабул ва пайравӣ намояд. Бок адом роҳ равад,ки боиси пушаймонӣ ва доштани ҷабин нагардаду , мавқеи волои инсониро аз даст надиҳад….
Хоҳишмандон метавонанд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Умеда Хӯҷаева,
мутахассиси шуъбаи
нигоҳдории китоб