Баҳринисо: “Дар хоб ҳам бо коғазу қалам буд” (Хотираҳо аз Низом Нурҷонов)
Ў дона-дона резаҳои сухан, резаҳои байту таронаҳои мардумӣ, резаҳои нақлу ривоятҳои гўяндагони афсонаҳои халқӣ, резаҳои бозиҳои хонагиву саҳнавии масхарабозон, ҳикмати донишмандон, дона-дона садои дойраву дутору сурудҳои халқиро бо як эҳсоси баланди гўяндагӣ ҷамъ меовард.
Ў дона-дона аз бозиҳои ҳаваскорон, аз байни мардум ҳунар меҷуст. Ў бо чашм ин ҳунарро медиду бо дили пуршўри ҷавонӣ ба ин ҳунарҳо ошиқ мешуд, он бозёфтҳои худро дар дили пурмеҳру муҳаббаташ руст мекард. Ин ҳамаро меомўхт ва бешак, ҳамарўза дар хусуси ин бозёфтҳои хеш андеша мекард. Ва ин андешаҳо баъдтар ба намуди мақолаҳои ҳунарӣ, ба шакли китоб мешуд ва ба дасти ҳаводорони санъати театрӣ мерасид.Муаллифи ин мақолаҳо ва китобҳо ба номи Низом Нурҷонов дар фазои илму адаб ва фарҳанг тез ошноӣ пайдо кард.
Ман, ки дўстдори театр ҳастаму ҳамеша ба тамошои намоишҳо мерафтам, бо муаллим Низом Нурҷонов хеле барвақт шинос шуда будам. Ҳангоме ки дар театр паҳлўи ин муҳақиқ менишастам, медидам, ки дар китобчаи хурди худ баъзе чизхоро менавишт. Дар байни намоишнома гўё худ ба худ гап мезад. Гоҳ механдиду гоҳ хеле мутаассир ба назар менамуд. Гоҳе аз бозии хуби ҳунарманде ба ваҷҳ омада, дар лабонаш табассуме ҳувайдо мешуд. Гоҳе чун аз касе норозӣ бошад, чеҳраашро турш мекард.
Ў ҳамроҳи ин ҳунармандон дард мекашид, гоҳе давои ин дардро ёфта натавониста, боз ҳам чеҳраш ҷиддитар мешуд. Ў ҳангоми тамошои намоишҳо ҳушу гўш мешуд, худро дар саҳна ҳамроҳи ҳунармандон медид. Ў, ҳатто нафари дар паҳлуяш нишастаро намедид ва дар миёни бозии ҳунармандон хуб ҷой гирифта буд. Аз бозии актёрҳои хушзавқ, ба ваҷҳ омада, қаноатманд гардида, дар лабонаш табассум ҳувайдо мешуд.
Ман бо муаллим Низом Нурҷонов ҳамсуҳбат мешудам. Дар бораи мавзуи ин ё он намоишнома ва бозии ҳунармандон бештар суҳбат мекардем. Муаллим ҳамеша таъкид мекарданд, ки театр ин саҳнаи зиндагист ва мактаби бузургест, ки дар он даси зиндагӣ меомўзанд. Муаллим бисёр мехостанд, ки ҳар ҳунарманде дар саҳна хеле хуб бозӣ кунад ва тамошобин ба ин ҳунарманд, ба бозии ў, ба суханҳои ў бовар кунад ва чун ин ҳунарманд зиндагӣ намояд.
Натиҷаи ҳамин тадқиқот буд, ки ин олими нуктасанҷу мушоҳидакор баъди омўхтани ҳаёт ва эҷодиёти бисёре аз ҳунармандони театр дар бораашон китобҳои алоҳида ба нашр расондааст. Аз ҷумла, аз фаъолияти ҳунари Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Қосимов, Асли Бурҳонов, Тўфа Фозилова, София Туйбоева, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Гулчеҳра Бақоева, Хайрӣ Назарова, Ҳошим Гадоев, Ато Муҳаммадҷонов, Муҳаммадҷон Воҳидов, Фаррух Қосимов ва чанде дигарон. Маҳз тавассути ҳамин китобҳои нашргардида, мухлисони театри тоҷик бо зиндагӣ ва эҷодиёти ин ҳунармандон беҳтар шинос шуданд ва меҳру муҳаббаташон ба ҳар яки он бештар гардидааст.
Ҳанўзам ёдам меояд, ки ҳангоми ҳамроҳи ҳунармандон шогирдонашон Баҳора Хуррамова ва Гулчеҳра Наимова ба дидорбиниашон ба хонаашон мерафтем, ҳини суҳбат дар мавриди бозиҳои ин ё он ҳунарманд ҳарф зада, пора- пора аз нақшҳои бозикардаи ҳар як ҳунарманд бо як ҳисси баланд сухан мегуфтанд. Он ҳангом дар рўбарўи мо нишаста, нақши як ҳунармандро бо тамоми нозукиҳояш ба ёд оварда, суханҳояшро аз ёд мегуфтанд. Гўё ин саҳнаро дирўзакак тамошо карда бошанд. Яъне, он кас як лаҳза ҳам аз саҳнаи театр, аз тамошои намошнома дур намонда буданд.
Ў бо олами ҳамаи он ҳунармандон, ки дар саҳна медиду бозии ҳар яки онҳоро дар андешааш ҷой дода буд, маҳз бо ҳамин андеша, бо ҳамин гуфтугўйи байни худаму ҳунарманд зиндагӣ мекард. Ў бо онҳо дар муколама буд. Ў бо онҳо гуфтугўй мекард. Ў бо онҳо дарди дил мегуфт, розҳояшро ба онҳо мегуфт, дарди дилашро холӣ мекард. Фикр мекунам, ки ў ҳамаи онҳоро дўст медошт. Беҳтарин ҳамсўҳбаташ, беҳтарин дўстонаш ҳамин ҳунармандон буданд. Ў ҳамроҳи онҳо қариб як аср зиндагӣ кард.
Воқеан, ба касби худ содиқ будан ва ба қадри вақт расиданро маҳз аз суҳбатҳое, ки бо муаллим доштам, шунида, ба он кас ҳасад мебурдам, зеро барои амали намудани ин ду чизи муҳим на ҳама кас метавонад қодир бошад, вале Низом Нурҷонов иродаи қавӣ, ки доштанд, ба ин ду чизи асосии зиндагии воқеӣ муяссар гаштанд. Ҳам ба қадри вақт расиданд, ҳам ба касби худ содиқ монданд.
Боре аз муаллим пурсон шудам, ки реҷаи коратон чӣ гуна аст? Он кас гуфтанд, ки саҳар барвақт аз хоб бедор шуда, баъди чанд лаҳза машқи бадан кардан, худро ба сўи мизи кориам мерасонам. Ҳамин тавр, то вақти субҳона расидан тақрибан се-чор соат дар олами китобу дафтар сайр мекунам. Баъди субхонаро хўрдан ба мутолиаи рўзномаю маҷалаҳо машғул мешавам. Аз навигариҳои илму ҳунар огоҳӣ пайдо мекунам. Баъди чанд лаҳзае боз ба сўи сарнавиштам, ба тарафи мизи кориам мешитобам. Баъд ман пурсидам, ки Шумо ҳамагӣ дар як шабонарўз чанд соат ба хондану навиштан машғул мешавед ? Он кас гуфтанд, ки аз нисф зиёди шабонарўз ва боз хандида гуфтанд, ки шояд қариби як шабонарўз ҳам бошад. Ман гуфтам, ки ин чӣ хел мешавад ? Шумо хоб намекунед-мӣ ? Он кас бо табассуми хаёлангез гуфтанд, ки ман дар хобам ҳам бо ҳамин қоғазу қалам ҳастам. Дар бораи ҳар як чизе, ки мансуб ба ҳунар буда, бо онҳо дар хобам низ, гуфтугў мекунам.
Баъд аз ин гуфтугў ба ҳамин хулоса омадам, ки агар муаллим ҳамин гуна реҷаи корӣ намедоштанд, пас ин гуна асарҳои бузурги калонҳаҷмро чӣ гуна эҷод мекарданд ? Худ ба худ ба андеша рафтам, ки ин тарзи зиндагию эҷодӣ муаллим барои ҳар як эҷодкори наврас, ки тоза ба даст қалам гирифтааст, омўзанда аст. Вақтро ба ҳисоб гирифтан, ба қадри вақт расидан, аз ҳар як лаҳзаи зиндагӣ ба манфиати хеш истифода бурдан, чунин буд мақсаду мароми Низом Нурҷонов дар ҳаёт.
Маҳз ҳамин тарзи кории муаллим Низом Нурҷонов буд, ки дар тули фаъолияти илмиву эҷодиашон таърихи театри тоҷикро саҳифабандӣ карда, ба шакли китоб барои дўсторони санъати театр ва кули мардуми тоҷик ва ҷаҳон пешниҳод карданд. Заҳматҳояшон мавриди қадрдонӣ низ, гардид. Аз ҷумла соли 2004- ум асари дуҷилдаи “Театри анъанавии тоҷик” дар Эрон бо Ҷоизаи байналмилалии “Китоби сол” мушараф гардид. Бештари асарҳояшон ба мисли панҷҷилдаи “Санъати мусиқии Помир”, китоби “Олами беканори рақси тоҷик” ва чанде дигар на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он нашр гашта, мавриди омўзиши олимон, ҳунармандон, коргардонҳо ва дўстдорони санъати театрӣ қарор доранд.
Муаллим Низом Нурҷонов ҳамеша ба ҷавононе, ки дар ҷодаи илму фарҳанг қадамҳои нахустин мегузоштанд, аҳмияти махсус медоданд. Аз сўҳбатҳое, ки бо муаллим доштем, маълум мешуд, ки ба зиндагиву хониши ҷавонон бетараф набуданд. Бо як дилсўзии махсус ба худашон дар бораи ҷавонон нақл мекарданд. Ба шогирдонашон маслиҳатҳои муфид медоданд.
Ман ду шогирдашон – ду ҳунаршинос Баҳора Хуррамова ва Муҳамммадулло Табаровро медонам, ки то имрўз маслиҳатҳои устодашонро амалӣ гардонда, барои пешрафти санъати театри тоҷик хидматҳои шоёне менамоянд.
Муаллим барои ман низ, маслиҳатҳои муфид медоданд. Рўзе аз ман пурсон шуданд, ки Шумо бояд дар ягон рўзнома кор кунед, то бо муҳити адабӣ наздик бошед ва барои ҳамин ба номи муҳаррири рўзномаи “Адабиёт ва санъат” устод Аскар Ҳаким мактуб навиштанд. Ҳарчанд ин мактуб ба дасти устод Аскар Ҳаким нарасида бошад ҳам, ин ҷо онро барои хотирае аз дастгириҳои муаллим Низом Нурҷонов ба ҳар яки мо ҷавонони онвақта, ки доштанд, хостам ёдовар шавам.
Муаллим Нурҷонов Шашмақомро хеле дўст медоштанд. Дар як сўҳбате, ки оид ба ин мусиқии малакутӣ доштем, ибрози ақида карданд, ки Шашмақом бароям ҳамеша илҳоми саршор медиҳад. Баъди шунидани сурудхои классикӣ (шашмақом) дучанд зиёд кор мекунам. Боре дар рўзи мавлуди муаллим Низом Нурҷонов ҳунармандони мақомхон ба хонаашон омада, чанд сурудҳои дилнишинро хонданд ва муаллим чанд вақт зери таъсири оҳангҳои онҳо худро руҳбаланд нигоҳ доштанд. Ҳамин дам ман ва Баҳора андак дер монда, ба хонаи муаллим расидем. Муаллим афсус хўрданд, ки аз чунин сурудҳои дилнавоз бебаҳра мондем. Ман ҳамоно пешдастӣ карда, гуфтам, ки ҳеҷ гап не, сурудхониро ман давом медиҳам ва чанд мисраъ аз “Ушоқи Самарқанд” замзама кардам. Муаллим сурудҳоро хомўшона гўш карданд. Баъд як сайри таърихӣ карда, аз заҳматҳое, ки дар омода сохтани ин жанри мусиқӣ ҳунармандони мондгори мо Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев карданд, ёдовар шуданд. Баъд аз ин ҳар гоҳе, ки барои дидорбинӣ ба хонаи муаллим меомадам, на танҳо дар бораи таърихи театр ҳарф мезадем, аз таърихи “Шашмақом” низ, суҳбат меоростем.
Инак, аз рўзи мавлуди ин олими мондагор 100 сол, яъне як аср гузаштааст ва бо қатъяти том метавон гуфт, ки асарҳои ҷовидонаи ин олим на танҳо як аср, балки чанд асрҳои дигар, барои наслҳои оянда, барои миллати тоҷик, ҳамчун манбаи омўзиши таърихи санъати театрӣ, таърихи фарҳангу маънавиёти мо хидмат хоҳанд кард.
Ҳанўзам дар маҳфилҳои театрӣ, дар суҳбатҳои хоссаи ҳирфаӣ, дар барномаҳои радиоиву телевизионӣ, ҳангоми тамринҳои ҳунарӣ дар саҳнаи театрҳо аз ў ёд мкунанд. Аз китобҳои навиштаи ў дар бораи ҳар як ҳунарманд, аз тақризҳояш ба ин ё он намоишномаҳо иқтибос меоранд. Хотираҳояшонро, андешаҳояшонро бедор мекунанд. Хотирашонро пос медоранд. Ҳанўзам аз рўйи китобҳои навиштаи ў дар донишкадаҳои ҳунарии Тоҷикистон, устодон ба шогирдон дарс медиҳанд. Донишҷўён сабақ меомўзанд. Аз ў чун як муҳақиқи нуқтасанҷ ба некӣ ёдовар мешаванд. Аз ин рў, дар хотимаи сухан гуфтаниам:
Зиндаю ҷовид монд, ҳар ки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.
Баҳринисо
Аз китоби “Низом Нурҷонов ва театри тоҷик”, Душанбе соли 2023.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Фирўза Таурова, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.