Баҳс дар атрофи як повести устод Айнӣ дар маҳфили «Муколамаи адабӣ»

Ширкаткунандагони маҳфили имрӯзаи “Муколамаи адабӣ” ба ин натиҷа расиданд, ки повести устод Садриддин Айнӣ «Марги судхӯр» танҳо як асари бадеӣ нест, балки оинаест, ки мушкилоти ҷомеаи як давраи таърихиро инъикос мекунад ва имрӯз низ аҳаммияти тарбиявӣ ва маънавии худро нигоҳ доштааст.
Ин маҳфил субҳи имрӯз дар толори Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…»-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз хонандагон ва мутахассисон доир гардид.
Дар маҳфил омӯзгори Марказ рушди истеъдодҳо Абдушукур Ҳафизов ва хонандагони фаъоли Китобхонаи миллӣ иштирок намуда, доир ба мазмуну муҳтавои асар, образҳои асосӣ, арзишҳои ахлоқиву тарбиявӣ ва аҳаммияти иҷтимоии он мубодилаи афкор намуданд. Суҳбат дар шакли муколама ҷараён гирифта, иштирокдорон андешаҳои худро озодона баён карданд.
Абдушукур Ҳафизов бо пешниҳоди суолҳои гуногун хонандагонро ба таҳлили амиқи асар, баррасии хислатҳои қаҳрамонон ва дарки ғояҳои асосии нависанда ҳидоят намуд. Дар ҷараёни баҳс иштирокдорон вобаста ба симои Қорӣ Ишкамба, падидаи судхӯрӣ, беадолатии иҷтимоӣ ва таъсири манфии ҳирсу тамаъ ба зиндагии инсон андешаҳои ҷолиб иброз дошта, онҳоро бо воқеияти ҷомеаи имрӯз муқоиса намуданд.
Посухҳои иштирокдорон аз он шаҳодат медоданд, ки онҳо асарро бо диққат мутолиа намуда, тавонистаанд паёмҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии онро дуруст дарк намоянд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки «Марги судхӯр» на танҳо асари бадеӣ, балки оинаи инъикоскунандаи мушкилоти ҷомеаи як давраи таърихӣ буда, имрӯз низ аҳаммияти тарбиявӣ ва маънавии худро нигоҳ доштааст.
Дар анҷоми маҳфил иштирокдорон иброз доштанд, ки чунин нишастҳои адабӣ барои рушди тафаккури таҳлилӣ, густариши ҷаҳонбинии хонандагон ва тарғиби фарҳанги китобхонӣ нақши муассир доранд. Китобхонаи миллӣ минбаъд низ баргузории маҳфили «Муколамаи адабӣ»-ро идома дода, дӯстдорони китобу адабиётро барои иштирок дар ин нишастҳои илмӣ ва фарҳангӣ даъват менамояд.
Маврид ба ёдоварист, ки бо мақсади татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғиби фарҳанги китобхонӣ, омӯзиши мероси гаронбаҳои адабиёти миллӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории силсилаи маҳфилҳои адабӣ ва маърифатиро идома медиҳад.
Шукрона Шерзода.
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.