Баҳс дар бораи повести «Одина»-и устод Айнӣ дар маҳфили «Муколамаи адабӣ»

Бо мақсади бедор намудани завқи китобхонӣ дар миёни аҳли ҷомеа, омӯзиши мероси пурғановати ниёгон ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як зилсила маҳфилҳо ва нишастҳоичорабиниҳои фарҳангиро ташкил ва роҳандозӣ намудааст.

Яке аз чунин нишастҳо маҳфили «Муколамаи адабӣ» буд, ки имрӯз, сешанбе, 21-уми июл дар толори Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…»-и Китобхона баргузор гардид. Ин навбат маҳфил ба баррасии мазмуну муҳтавои повести машҳури «Одина»-и сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бахшида шуда буд. Дар он хонандагони фаъолу доимии китобхона ва омӯзгори Маркази рушди истеъдодҳо Абдушукур Ҳафизов иштирок намуданд.

Маҳфил хеле ҷолиб ва пурмуҳтаво баргузор гардид. Абдушукур Ҳафизов суолҳое пешниҳод мекард, ки барои рушди қобилияти эҷодии иштирокдорон мусоидат менамуд.

Дар ҷараёни суолу ҷавоб хонандагон Марям Ҳалимова ва Нозигул Ғафурова фаъолияти назаррас нишон дода, андешаҳои ҷолибу асоснок иброз намуданд. Иштирокдорон доир ба хислатҳои қаҳрамонони асар, рӯйдодҳои он ва пайванди мантиқии асар бо замони муосир баҳсҳои пурмазмуну шавқовар анҷом доданд.

Абдушукур Ҳафизов бо пешниҳоди суолҳои гуногун тавонист сатҳи дарки асарро аз ҷониби хонандагон арзёбӣ намуда, онҳоро ба андешаронӣ ва эҷодкорӣ ҳидоят намояд. Посухҳои иштирокдорон аз он шаҳодат медоданд, ки онҳо асарро бо диққат мутолиа намуда, метавонанд назару вокунишҳои худро нисбат ба мазмуну муҳтавои он аз дидгоҳи имрӯз иброз намоянд.

Дар маҷмӯъ, маҳфили мазкур хеле шавқовар ва пурмазмун баргузор гардид. Умед аст, ки дар оянда теъдоди чунин маҳфилҳои адабӣ боз ҳам бештар гардида, барои тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва рушди тафаккури хонандагон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.