Бахшҳое аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ.Шайх Наҷмуддин Куброи Хоразмӣ

Намунаи адабиёти тоҷикВафоташ дар санаи 618 дар фитнаи чингизӣ.

(Аз рўи тартиб бояд ашъори шайх дар рақами 23 баён меёфт. Азбаски дар мавридаш ҷомеъро фаромўшӣ рўй дода, ночор дар ин ҷо зикр ёфт.)

Аз «Оташкада»

                                                 Қитъа

Хоҷагон дар замони маъзулӣ

Ҳама Шибливу Боязид шаванд.

Боз чун бар сари амал оянд,

Ҳама чун Шимру чун Язид шаванд.

Қитъа

………………………..

………………………..

Гар ҷуҳуде қурозае дорад,

Хоҷаи молдори фарзонаст.

Рубоиёт

1

Он моҳвашон, ки аслашон аз чӣ гил аст?

Гуё ки сиришти покашон аз Чигил аст.

Дилро бибаранду қасди ҷон низ кунанд,

Ин аст бало, вагарна з-эшон чи гила-ст?

2

Пайваста аз он силсиламў метарсам,

З-он хатти хушу тундии хў метарсам.

Тарсидани ҳар ки ҳаст, аз чашми бад аст,

Бечора ман аз чашми накў метарсам.

3

Гар тоати худ нақш кунам бар ноне

В-он нон биниҳам пеши саге бар хоне

В-он саг соле гурусна дар зиндоне

Аз нанг бар он нон назанад дандоне.

Аз «Намунаи адабиёти Эрон»:

1

Эй розиқи мўру мору зоғу булбул!

Гаштанд ҳалок бандагони ту бакул.

Муште сагро баҳонае сохтаӣ,

Аз туст, ту мекунӣ, на тотору муғул!

2

Чун нест, зи ҳар чи ҳаст, ҷуз бод ба даст,

Чун ҳаст, ба ҳар чи ҳаст, нуқсону шикаст,

Пиндор, ки ҳаст, ҳар чи дар олам нест,

Ангор, ки нест, ҳар чи дар олам ҳаст!

3

Дар рои талаб расидае мебояд,

Доман зи ҷаҳон кашидае мебояд.

Биноии хешро даво кун, зеро-к

Олам ҳама ўст, дидае мебояд.

4

Эй дида, тўӣ муояна душмани дил,

Пайваста ба бод бардиҳӣ хирмани дил

В-эй дида ба рўи дилбарон дарнигарӣ

В-он гоҳ ниҳӣ гуноҳ бар гардани дил!

5

Эй тирашаб, охир ба саҳар мен-ойӣ?

Ғамҳои манӣ, ки худ ба сар мен-ойӣ!

Эй субҳи гаронрикоб, гӯӣ, ки ту низ

Мақсуди дили манӣ, ки бармен-ойӣ.

 

Гўянд, вақте лашкари Чингизхон Хеваро муҳосира карда, хон, ки шўҳрати шайхро шунида буд, амр фармуд, то шайх аз шаҳр барояд ва дар қатли ом талаф нашавад. Шайх қабул накард ва гуфт: «Умре ба ин мардум ба сар бурдам, дар вақти вуҷуди бало худро ба соҳили саломат кашидан ва эшонро танҳо гузоштан аз мардумӣ нест». Оқибат дар он қатли ом шаҳид шуд.