Мулоқоти директори Китобхонаи миллӣ бо ҳайати намояндагони бахши рушди тиҷорати ширкати британиёии “Efekta Education

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ бо ҳайати намояндагони бахши рушди тиҷорати ширкати британиёии “Efekta Education, аз ҷумла, Бегҷонова Лайло – директори ширкати мазкур, Макеенко Иван – директори шарикии ҳукумати ҷаҳонӣ, Сарибекова Асем – менеҷери ҳамин барнома, баргузор гашт.
Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори бахши рушди тиҷорати ширкати “Efekta Education” Лайло Бегчоноваро дар доираи сафари расмии номбурда ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Мақсад аз мулоқот баррасии ҳамкориҳо ва татбиқи технологияҳои таълимӣ (EdTech), аз ҷумла платформаҳои муосири зеҳни сунъӣ (AI) барои омӯзиши забони англисӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Efekta Education як ширкати британиягии соҳаи технологияҳои таълимӣ (EdTech) буда, ба омӯзиши забонҳо ва дигар фанҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ машғул аст. Ширкат худро ҳамчун таҳиякунандаи платформаҳои омӯзишии AI барои мактабҳо, донишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.
Дар зимн, ширкати британиягии “Efekta Education” қаблан низ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ёддоштҳои тафоҳум (23 феврали соли 2026) ба имзо расонида аст.