Баҳси манфиатҳои миллӣ ва васоити электронии ахбор  дар маҳфили “Тоҷикшиносӣ”  

ТоҷикшиносӣМуассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Тоҷикшиносӣ”-ро дар мавзуи “Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва васоити электронии ахбор дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор намуд. Дар маҳфили имрӯза устодон, кормандони Китобхонаи миллӣ, хабарнигорон ва донишҷӯёни риштаҳои рӯзноманигорӣ  ширкат карданд.

Дар ифтитоҳи маҳфил муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода суханронӣ намуда, аз таърихи таъсиси маркази “Тоҷикшиносӣ” ва мақсаду мароми ин марказ, ки ба тарҷума, таҳия, тадвин ва чопи китобҳои арзишманди мероси хаттии ниёконамон таҳти унвони «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун») дар 50 ҷилд машғул аст, ибрози назар намуд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки силсилакитоби «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун), бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳияву чоп мегардад. Қобили зикр аст, ки дар ин муддат 15 ҷилди силсилаи мазкур нашр гардидааст. Ҳадаф аз нашри ин силсила, эҳё, густариш, муаррифӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҳамватанонамон ва бахусус ҷавонони саодатманди тоҷик аст.

Илҳомҷон ҲамидиёнДар идомаи маҳфил Илҳомҷон Ҳамидиён – дотсенти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Таъйинот ва моҳияти шабакаҳои иҷтимоӣ” суханронӣ карда, вобаста ба манфиат ва зарари истифодаи шабакаи умумиҷаҳонии интернет, шуруъ аз шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Инстаграм”, “Твиттер”, “Однокласники” маълумотҳои ҷолиб ва навтаринро пешниҳод намуд.

Илҳомҷон Ҳамидиён дар робита ба истифодаи васеъи шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид намуд, ки мо наметавонем барои кӯдак ё ҷавони имрӯз истифодаи ин шабакаҳоро пурра манъ кунем, танҳо бо ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо ва назорати онҳо метавонем пеши роҳи  хатарро гирем. Ҳамчунин зимни пешниҳоди рӯнамоии мавзуъ Илҳомҷон Ҳамидиён аз оморҳои охирини истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ёдовар шуд.

Мурод МуродӣДар идома Мурод Муродӣ, профессори факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сухан кард. Ӯ аз ҷумла истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоиро махсусан барои ҷавонон таъкид, намуда, гуфт ки маърифати истифодаи дуруст ва беҳуда сарф накардани вақт худ нишони доштани фарҳангӣ баланд ва дониши кофист. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки воситаҳои электронии ахбор хеле дастрас ва қобили истифодаанд, вале он ҷо маълумотҳои нолозим хеле зиёд аст.

Дар охир суолу ҷавоб миёни иштирокдорон ва меҳмонони маҳфил сурат гирифта, ҳамчунин бо барномаи фарҳангӣ ва сурудхониҳо маҳфилро хотима бахшиданд.

Наргис НАЗАРЗОДА