Баҳси роҳҳои расидан ба дастовардҳои илмӣ дар маҳфили «Кашшофони ҷавон»

14 – уми августи соли ҷорӣ дар Шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маҳфили «Кашшофони ҷавон» таҳти унвони «Роҳҳои расидан ба дастовардҳои илмӣ» нишасти илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил олимону муҳаққиқон, хонандагони фаъоли шуъба, кормандони китобхона, инчунин довталабон ва иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории маҳфил мусоидат ба баланд бардоштани шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, рушди қобилияти таҳқиқотӣ ва дарёфти роҳҳои самараноки расидан ба дастовардҳои илмӣ буд.
Дар нишаст дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии Донишгоҳи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Дилшод Табаров ва номзади илмҳои физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Зафар Давлатов ба ҳайси меҳмонони маҳфил иштирок ва суханронӣ карданд.
Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода ифтитоҳ намуда, ба иштирокдорони нишаст барору комёбӣ ва истифодаи самаранок аз суҳбати донишмандонро орзу намуд. Мавсуф барои пазируфтани даъват ва иштирок дар маҳфил ба меҳмонони гиромӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин маҳфилҳо ба рушди маърифати илмии ҷавонон ва омодагии онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ мусоидат менамояд.
Сайфиддин Камолзода ҳамчунин аз таҳкиму такмили фаъолияти маҳфилҳои илмӣ-маърифатии шуъба изҳори қаноатмандӣ намуда, аз иштирокдорон даъват кард, ки дар ҷараёни суҳбат саволҳои мушаххас ва андешидашуда пешниҳод намоянд, зеро саволи дуруст метавонад ба пайдо кардани ҷавоби муфид ва боз шудани равзанаи нави дониш мусоидат кунад.

Сипас, Дилшод Табаров дар мавзуи «Роҳҳои расидан ба дастовардҳои илмӣ» маърӯза намуда, оид ба аҳаммияти дониш, ахлоқи илмӣ, муоширати созандаи илмӣ ва нақши илм дар рушди ҷомеа андешаҳои ҷолиб баён кард.
Номбурда таъкид намуд, ки барномаҳои давлатӣ дар самти рушди илм, маориф, иқтисодиёт ва саноат бо ҳамдигар робитаи зич дошта, пешрафти устувори ҷомеа ба тавсеаи илм ва истифодаи дастовардҳои илмӣ дар амал вобаста мебошад. Ба гуфтаи ӯ, илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ имконият фароҳам меоранд, ки аз захираҳо ва ашёи хом маҳсулоти дорои арзиши баланд ба вуҷуд оварда шуда, барои рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.

Дар идомаи маърӯза Дилшод Табаров ду омили муҳимми расидан ба дастовардҳои илмиро — ахлоқи илмӣ ва муоширати илмӣ — махсус таъкид намуд. Ӯ зикр кард, ки дар фаъолияти илмӣ пеш аз ҳама эҳтироми андешаи дигарон, бодиққат гӯш кардани ҳамсуҳбат, таҳаммулпазирӣ, одоби муошират ва омодагӣ ба омӯзиши пайваста муҳим мебошад.
Мавсуф аз ҷумла таъкид кард, ки дар раванди омӯзиш набояд аз пурсидан тарсид. Агар инсон чизеро надонад, савол додан нишонаи нодонӣ нест, балки қадами муҳим барои ба даст овардани дониш ба шумор меравад. Ҳамчунин, ҳангоми шунидани андешаи мухолиф ё ишора ба иштибоҳи худ набояд ранҷид, балки зарур аст, ки шахс дубора таҳқиқ намуда, ба натиҷаи дуруст бирасад.
Дар рафти суҳбат масъалаи интихоби дурусти самти таҳсил ва фаъолияти илмӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ҳар як ҷавон ҳангоми омӯзиши илм бояд дурнамои зиндагӣ ва фаъолияти минбаъдаи худро ба назар гирифта, барои худ ҳадафҳои мушаххас муайян намояд. Илм бояд на танҳо барои рушди шахсӣ, балки барои пешрафти ҷомеа ва беҳбудии зиндагии мардум хидмат кунад.
Дар фарҷоми маърӯза таъкид шуд, ки дониш танҳо дар сурате арзиши воқеӣ пайдо мекунад, ки дар амал татбиқ гардад. Чунонки фармудаанд:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.

Меҳмони дигари маҳфил — номзади илмҳои физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Зафар Давлатов — дар бораи аҳаммияти рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ суханронӣ намуда, иқдоми саривақтӣ ва муҳим будани татбиқи барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф»-ро, ки барои солҳои 2020–2040 пешбинӣ шудааст, таъкид кард.
Зикр гардид, ки таваҷҷуҳи хосса ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои тарбияи насли дорои тафаккури илмӣ, рушди неруи зеҳнӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб барои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.
Дар бахши ниҳоии маҳфил иштирокдорон ба меҳмонон суолҳои гуногун пешниҳод намуда, ба посухҳои муфид ва тавсияҳои судманди олимону мутахассисон дастрасӣ пайдо карданд.
Баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ-маърифатӣ дар Китобхонаи миллӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, омӯзиши илм, рушди тафаккури эҷодӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои ҷавон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Инобат Бобоева
бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи Китобхонаи миллӣ