Байтҳои Усмон Олим аз китоби ӯ “Ваҳдатнома”

Китоби “Ваҳдатнома”-и шоири маъруф Усмон Олим соли 2021 дар нашриёти “Нодир”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст. Дар ин китоб шоири ваҳдатсаро ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии диёр, сиёсати дурнамо ва хирадмардонаи Пешво муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ватанхоҳӣ, сулҳ амонии пойдор,эҳёи суннатҳои ниёгон, бунёдкорию созандагӣ ва зиракию ҳушёрии миллиро тараннум кардааст.
ИН БАЙТҲО АЗ ҲАМИН КИТОБАНД:
Кошо, ки шавам рўи раҳат сабзаи тар,
Озор набинад пойи сафедат духтар.
*** ***
Ҳар шому саҳар саҷда кунам ман ба Худо,
Мизбон бишавӣ дар рўяки ҳавлии мо.
**** ****
Соғу ба сарат кошо биёӣ лабу рў,
Пеш аз сафарам бўса чинам аз лаби ту,
**** ****
Рўмолаки худбофат ба дастам, духтар,
Аз ҳил-ҳили он як умр мастам духтар.
**** ***
Ҷои ману ту миёни гандумзорай,
Гўянд, биҳишт он ҷо, ки беозорай.
*** ***
Аз умри ду-се рўзаи худ ҳайрунам,
Шабҳо ба хаёлу рўзҳо сарсунам.
**** ****
Рўмолаки ту бар дасти ёрам афтод,
Билло ба Худо камтар нашуд аз «ҷаллод».
**** ****
Бо роҳи хаёлам меравам ҷавдаравӣ,
Бо дилбари шармини худ пастиғавӣ.
**** ****
Аз оҳи дилам камон кашад дуди чароғ,
Зеро, ки туро ҷонона ҳастам ба суроғ.
**** ****
Семаҳ бозай аз ту ҷудо мегардам,
Дар лаб ғазали Юсуф Вафо мегардам.
**** ****
Таҳияи Ҷамила Мамасаидова,
сармутахассиси шуъбаи нигоҳдорӣ.