Баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар Китобхонаи миллӣ
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур 27 нафар довталаб аз рӯи чор номинатсия иштирок намуданд.
Сараввал муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода муҳтавои озмунро ба иштирокчиён шарҳ дода, ба онҳо ҳайати комисияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – ро муаррифӣ намуд. Ҳамчунин ба довталабон бо низоманома ва имтиёзҳои озмун дубора шинос карда шуда, ба онҳо муваффақият тамано карданд.
Баъдан, муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атоев суханронӣ карда қайд намуд, ки мо вазифадорем, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама самтҳои илму дониш дастгирӣ намоем. Мову Шумо медонем, ки ташаббускори асосии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва мақсади ин озмунҳо ҷалби ҷавонону наврасон ба китоб, китобхонӣ ва сохтани ҷомеаи мутаммадину солор аст. Аз ин рӯ дар партави ҳамин сиёсат имрӯз даври аввали озмуни мазкурро доир карда, беҳтаринҳо ба даври баъдӣ роҳхат дода мешаванд.
Тибқи рӯйхати пешниҳодгардида, дар даври аввали озмун 27 нафар довталаб аз рӯи 4 номинатсия иштирок намуда, донишу маҳорати худро пешниҳоди аъзои ҳакамон гардониданд. Дар ҷамъбасти даври аввали озмун аз тарафи комисияи озмун хулоса бароварда шуд, ки 3 нафар ба даври ноҳиявии озмун роҳхат дода шуданд. Дар номинаи адабиёти ҷаҳон 2 нафар ва 1 нафар дар номинаи адабиёти муосир ба даври баъди роҳат гирифтанд.
Дар охир ба ғолибони даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” супориш дода шуд, ки барои нуфузи муассиса кӯшиш намуда, то даври ноҳиявии озмун омодагии хуб бинанд ва муаррифгари худ ва тамоми ҳайати муассиса гарданд.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.