Баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илм ва фарҳанги тоҷик”

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илм ва фарҳанги тоҷик» баргузор гашта, дар он олимону муҳаққиқон, аҳли илму фарҳанг ва меҳмонон аз хориҷи кишвар ширкат доштанд.

Конференсияи мазкур бо ибтикори Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 80-умин солгарди гиромидошти Арбоби шоистаи санъати РСС Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаққиқ, хунёгари мумтоз, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷӯрабек Назрӣ таҷлил гардид.

Дар кори конференсия Президенти академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода; муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар;директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода; Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – Низом Қосим; ходими намоёни давлативу сиёсии Русия, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдулатипов Рамазон Абдулатипович; директори Институти дастхатҳои Шарқи Академияи илмҳои Русия дар Санкт-Петербург, профессор Попова Ирина Фёдоровна; академик Абдуҷаббор Раҳмонзода; Муҳаммадҷаъфар Яҳақӣ, Акбар Эронӣ, Қаҳрамон Сулаймонӣ – меҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон; корманди калони илми институти шарқшиносии АИР, шарқшинос Лана Раванди Фидоӣ; Комилҷон Рахимов – меҳмон аз Ӯзбекистон,; Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Мусоев Амирбек; Шоири халқии Тоҷикистон – Гулрухсор; Шоири халқии Тоҷикистон- Фарзонаи Хуҷандӣ суханронӣ намуданд.

Крнференсияро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуда, сараввал ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, баъдан аз ҳаёт ва фаъолияти Ҷӯрабек Назрӣ маълумот дод. Қобилҷон Хушвахтзода зикр намуд, ки таҳқиқотҳои илмии Ҷӯрабек Назрӣ манбаи муҳими илмӣ маҳсуб мешаванд. Ӯ дар мавзӯи «Мактабии Шерозӣ ва достони  “Лайлӣ ва Маҷнун”-и ӯ” рисолаи номзадии хеш ва дар мавзӯи “Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форс-тоҷик” рисолаи докториашро дифоъ карда аст.

Сипас муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар сухан ронда, қайд намуд, ки хидматҳои Ҷӯрабек Назрӣ дар таҳқиқи адабиёти классикӣ ва мусиқии тоҷик беназир буда, ӯро дар сатҳи байналмилалӣ ҷой додаанд.

Низом Қосим – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сухан аз сифатҳои олии инсонии Ҷӯрабек Назрӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷӯрабек Назрӣ баҳри ваҳдату баҳамоварии инсонҳо мекӯшид ва тарғибгари худшиносиву ватандӯстӣ буд. Илова бар ин Ҷӯрабек Назрии ҷавон тавонист дар баробари Боймуҳаммад Ниёзов ва Зафар Нозимов барин ҳунармандон сабки худро муаррифӣ намояд.

 

Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ зимни суханронии хеш қайд кард, ки таҳқиқотҳои илмиву адабии Ҷӯрабек Назрӣ барои илми филологияи тоҷик ғановати бузург аст. Лутфия Абдулхолиқзода ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар Китобхонаи миллӣ даҳҳо асару рисолаҳои Ҷӯрабек Назрӣ маҳфуз буда, Китобхонаи миллии Тоҷикистон Китобномаи шарҳиҳолии Ҷӯрабек Назриро рӯи  чоп овардааст.

Ҳамзамон Абдулатипов Рамазон дар мавзӯи саҳми илми шарқшиносӣ дар мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикстону Русия сухан аз корҳои илмии Ҷӯрабек Назрӣ ва адабиёти бойи халқи тамаддунофар ва соҳибфарҳанги тоҷик  ронда, аз ҷумла гуфт, ки ҳаёт ва фаъолияти ин донишманди маъруф шоистаи таҳқиқу баррасӣ мебошад.

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо арзи сипос аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва хонаводаи Ҷӯрабек Назрӣ барои хидматҳои шоёни хунёгари мутоз дар баргардон намудани “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и  Исмоили Ҷурҷонӣ аз хатти форсӣ ба сирилик иброз дошт, ки ин амал яке аз дастовардҳои беназири Ҷӯрабек Назрӣ мебошад, зеро “Захираи Хоразмшоҳӣ” шоҳасари бебаҳои тиббӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин Абдуҷаббор Раҳмонзода аз саҳми арзандаи Ҷӯрабек Назрӣ дар ҷодаи фарҳангу ҳунар сухан гуфта, сурудаҳои Ҷӯрабек Назриро намунаи олии ҳунармандӣ арзёбӣ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки муҳаққиқон ва олимон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон – Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ, Акбар Эронӣ, Қаҳрамон Сулаймонӣ низ дар суханронии худ қайд намуданд, ки фаъолияти илмӣ, адабӣ  ва ҳунарии Ҷӯрабек Назрӣ ҷойгоҳи асил дошта, сурудаҳои Ҷӯрабек Назрӣ гулчини адабии беҳтаринро дар бар мегиранд.

Дигар меҳмонону иштирокчиёни нишаст низ зимни баромадҳои худ аз фаъолияти илмии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷӯрабек Назрӣ сухан карда ёдаш гиромӣ доштанд. Гуфта шуд, ки Ҷӯрабек Назрӣ илми дил ба даст оварданро балад буда, дар ҳама самтҳо тавонист дили шунавандаашро ба даст оварад.

Дар ҳақиқат Ҷӯрабек Назрӣ ба дунёи ҳунари мутрибиву хунёгарӣ эҷодкорона, бо тарзу тариқи нав, бо услуби ба худ хос омад, ки имрӯзҳо чунин роҳу тариқи сароидани сурудро мактаби ҳунарии Ҷӯрабек Назрӣ мегӯянд. Сурудаҳояш марзҳои маҳаллу минтақаро шикастанд. Садои ӯ дар ҳама атрофу акнофи Тоҷикистон ва берун аз он мақбули аксар гаштанд.

Пас аз нимирӯзӣ конфронс ба кори худ идома дод.  Дар қисмати фарҳангии нишаст ҳофизону мутрибон ва дастаҳои ҳунарии шинохтаи кишвар аз қабили Файзалӣ Ҳасанов, Абдулло Назрӣ, Афзалшо Шодиев, Лоиқ Холов, Соҳиб Назриев ва шоҳсутуни ҳунари волои тоҷик, ҳунарпешаи маҳбубу шоиста Ҷӯрабек Муродов хотири ҳозиринро шод намуданд.

Махфират Муҳидинова,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа