Баргузории курси сайёри такмили ихтисос
Бо ташаббуси роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Китобхонаи марказии ВМКБ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ курси сайёри такмили ихтисос оғоз гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои китобдорони китобхонаҳои оммавӣ – давлатии вилоят ба нақша гирифта шуда, дар он кормандони китобхонаҳои оммавии шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд.
Ин давраи омӯзишӣ фарогири мавзуъҳои ҷадиди соҳаи китобдорӣ буда, дар он навгониҳои соҳа ба китобдорони вилоят омӯзонида мешавад.
Ин машғулиятҳо аз 15 то 23 июл идома намуда, мутахассисони соҳа аз Китобхонаи миллӣ навгониҳои соҳаи китобдориро ба шунавандагон шарҳу тафсир мекунанд.
Дар фарҷоми омӯзиш аз ҷониби Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ ба шунавандагон сертификат ва китобу дастурҳои методии нашрнамудаи Китобхонаи миллӣ тақдим карда мешавад.
Муҳаммадиқбол Атозода, сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияи китобдорӣ