Баргузории маҳфили адабӣ-фарҳангии «Хонандаи имрӯз – созандаи фардо» дар Китобхонаи миллӣ

Дар доираи татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди зеҳнии наврасону ҷавонон дар давраи таътили тобистона маҳфили адабӣ-фарҳангии «Хонандаи имрӯз – созандаи фардо»-ро роҳандозӣ намуд.
Нахустин маҳфил таҳти унвони «Аз афсона то маърифат» баргузор гардида, ҳадафи он ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, дӯстиву рафоқат ва масъулиятшиносӣ мебошад.
Маҳфилро ровиён Азизов Эҳсон ва Бобоева Робиа оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфтанд. Сипас сухани ифтитоҳӣ ба директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ, дода шуд.

Директори Китобхонаи миллӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои муассиса барои моҳҳои июл ва август беш аз 45 маҳфилу барномаи адабӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва фароғатӣ баргузор карда мешаванд. Ба гуфтаи мавсуф, маҳфили «Хонандаи имрӯз – созандаи фардо» яке аз муҳимтарин чорабиниҳои ин силсила буда, ҳадафи он таҳкими фарҳанги китобдӯстӣ, тарғиби мутолиа ва ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба китобхона мебошад.
Дар қисмати фарҳангии маҳфил қаҳрамонони афсонаҳои дӯстдоштаи кӯдакон ба саҳна баромада, худро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин иштирокдорон шеър қироат карда, суруд сароиданд, дар озмунҳои шавқовар ва бахши саволу ҷавоб, ки ба китобу китобхонӣ бахшида шуда буданд, фаъолона иштирок намуданд.

Дар анҷоми маҳфил таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ минбаъд ҳар ҳафта дар Китобхонаи миллӣ баргузор хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин маҳфилҳо барои ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон, баланд бардоштани завқи мутолиа ва таҳкими фарҳанги китобхонӣ аҳамияти муҳим дошта, дар тарбияи насли донишманду худогоҳ саҳми арзанда мегузоранд.
Инобат Бобоева
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа Китобхонаи миллӣ