Баргузории нахустмаҳфили “Кашшофони ҷавон”

Дар ҳошияи 20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили “Кашшофони ҷавон” баргузор гашт. Дар маҳфил Раҳимқул Бобоев – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии Донишкадаи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмалалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Дилшод Табаров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода бо сухани ифтитоҳӣ ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, аз фаъолияти шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ ва аҳамияти адабиёти дар ин шуъба гирдовардашуда сухан ронд. Ҳамчунин доир ба аҳамияти бузурги Истиқлоли давлатӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Истиқлол

овардааст.
Муҳаммадиқбол Атозода афзуд: “Агар як инсон барои маърифати ҷомеа ба таҷриба, ба адабиёт ва забон ниёз дошта бошад, пас як давлат барои иқтидору пешрафти худ ба соҳаи фанҳои дақиқ ва корҳои дақиқи бунёдӣ ниёз дорад, ки омӯзиши ин фанҳо аз мактаб, китобхона ва донишгоҳ оғоз меёбад. Ин аст ки Китобхонаи миллӣ, дар ҳошияи 20- солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040 тасмим гирифтааст дар ҳамкорӣ бо устодон, олимон, мутахассисон ва нафароне, ки ба риштаи фанҳои дақиқ таваҷҷӯҳи хоса доранд, маҳфили озод ва саҳавиро баргузор намоянд.”

Дар иртибот ба ин муовини директори Китобхонаи миллӣ қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ин маҳфил бо истифода аз таҷрибаи мутахассисону нафароне, ки дар соҳа таҷрибаи хубӣ корӣ доранд, фазои солими муколамаро байни наврасону ҷавонон ба вуҷуд овардан аст.
Сипас Раҳимқул Бобоев – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромад намуда, ба ҳозирин дар мавриди омӯзиши илм, хосатан илмҳои дақиқ маълумот дод. Устоди Донишгоҳи миллӣ иброз дошт, ки чӣ илм, чӣ ҳаёт, чӣ адабиёт ду қулла доранд, яъне назария ва амалия. Устод ба василаи мисолҳову фактҳои дақиқ ба иштирокдорон назарияи бе амалия ва баръакси инро фаҳмонид. Ҳамзамон Раҳимқул Бобоеа доир ба роҳҳои расидан ба дастовардҳои илмӣ, ки аз 10 бахш иборат аст, муфассал сухан ронд. Зимни суҳбат аз аҳамияти омӯзиши илмҳои дақиқ, бахусус фанни физика, ва дастовардҳои олимони бузургу номдори Тоҷикистону ҷаҳон гуфта гузашт. Чуноне, ки маълум гашт, дар қарни гузашта институти астрофизика ва институти гастроэнтрологияи Тоҷикистон яке аз институтҳои сермаҳсул маҳсуб мешуданд.
Дар идомаи маҳфил дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии Донишкадаи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмалалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Дилшод Табаров барои иштирокдорони маҳфил дар мавзӯи омӯзиши фанҳои дақиқ, пешрафти илму техника ва рӯи кор омадани зеҳни сунъӣ, ҳамчунин имконияти басо хуби хондану дониш андӯхтан дар замони муосир маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Дар ҷараёни суҳбат Дилшод Табаров афзуд, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон имрӯз амнтарин давлат аст. Аз ин рӯ ҷавонони моро мебояд бо истифода аз фурсату шароити фароҳамоварда илм омӯзанд, алалхусус омӯхтани илмҳои дақиқро пеша кунанд, зеро дар раванди ҷаҳонишавии давлатҳо ва пешрафти илму техника зеҳни сунъӣ вориди ҳаёти мо гаштааст. Аз ин рӯ дар баробари мутолиаи китобҳои бадеӣ, қироати шеъри адибони классику муосир омӯхтани фанҳои физика, химия, математикаву астрономия, география, геология ва биология зарур аст. “Агар адабиёт зеҳну тафаккур ва фикрронии моро инкишоф мебахшад, омӯхтани илмҳои дақиқ ба пешрафту тараққиёти Ватани мо замина мегузорад.”

Сипас меҳмонони маҳфил ба суолҳои пешниҳоднамудаи хонандагони доимии шуъба ва муҳаққиқони ҷавон марбут ба мавзӯъ посух гуфтанд. Маҳфил хеле ҷолиб ва хотирмон буд, зеро устодон барои посух ба суолҳо бо истифода аз пешрафту тараққиёти илм ва техника дар замони муосир мисолҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми маҳфил иштирокдорони нишаст аз намоиши китобҳои тозанашр, ки кормандони шуъба омода сохта буданд, баҳравар гардиданд.
Маъфират МУҲИДИНОВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.