Баргузории онлайн-вохӯрии Китобхонаи миллӣ бо Китобхонаи вилоятии кӯдакон ва наврасони Пенза
Тими хонандагони шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Китобхонаи вилоятии кӯдакон ва наврасони Пензаи Федератсияи Россия дар телемости байналмилалӣ таҳти унвони “Война. Победа. Память” (“Ҷанг. Ғалаба. Хотира”), ширкат варзид.
Дар телемости байналмилалӣ муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода, хонандагони доимии шуъбаи адабиёти кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ ва кормандони шуъбаи мазкур ширкат варзиданд.
Барнома се қисматро ташкил медод:
- Сухани ифтитоҳии тарафҳо, ки дар он аз корнамоиҳои ҷангиву меҳнатии шаҳрҳояшон гуфта мешавад;
- Баромади хонандагони тимҳо аз ду тараф дар бораи қаҳрамонони сарзамини худ дар ҶБВ;
- Суханони хотимавӣ ва хулосаҳо аз тарафи китобдорони Пенза ва Душанбе.
Вохурии онлайниро аз тарафи Китобхонаи миллӣ муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ифтитоҳ намуда, аз корнамоиҳои ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон ва корнамоиҳои меҳнатии халқи меҳнаткаши Тоҷикистон дар ақибгоҳ сухан кард. Салима Раҷабзода ҳамчунин қайд кард, ки дар қатори дигар халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ, ҷанговарон аз Тоҷикистон низ саҳми босазое гузоштаанд. Барои ҷасорат ва шуҷоъат дар набардҳо дар мубориза бо фашизм 56 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз шуда, 54 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил ва 15 нафар ба се дараҷаи ордени Шараф комёб шудаанд.
Амиралӣ Саидбеков, Аҳмадҷон Қурбонов, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Домулло Азизов, Неъмат Қаробоев, Антон Буюкли, Иван Разин, Раҳим Азимов, Эргаш Шарифов, Исмат Шарифов, Исмоил Ҳамзаалиев, Саидқул Турдиев, Набӣ Акрамов, Раҳимбой Раҳматов, Олим Ҳакимов ва даҳҳо нафар ҷанговарони дигар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуданд.
Қисмати баъдии барнома хеле ҷолиб буд, зеро дар он хонандагон – иштирокдорони вохӯрӣ дар бораи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба мисли Милюков Александр, Басумов Евгений ва Глазунов Василий аз тарафи тими Китобхонаи вилоятии кӯдакону наврасони Пенза ва дар бораи Неъмат Қаробоев, Саидқул Турдиев ва Домулло Азизов аз тарафи тими Китобхонаи миллии Тоҷикистон маълумот доданд.
Иштирокчиёни ин вохӯрии онлайнӣ: Холмирзозода Миҷгона, Қосимова Умеда, Ҳалимова Марям ва Ашурзода Рухшона ба забони русӣ ва Ҳасанзода Саида, Ҳасанов Усмон бо забони тоҷикӣ дар мавзуи ҷанг шеърҳо қироат намуданд. Ҳамзамон Абдуллоева Зуҳро ва Гулмадова Ёсуман сурудҳои машҳури даврони ҷангиро бо забони русӣ замзама намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки аз замзамаи онҳо хонандагони тими Китобхонаи вилоятии кӯдакону наврасони Пенза илҳом гирифта сурудеро дастаҷамъона сароиданд.
Қисмати сеюми онлайн-вохурии мазкурро сарони тимҳо хотима бахшида, намояндагони ҳар ду тараф бо изҳори сипосу эҳтиром умед ба ҳамкориҳои минбаъда бастанд. “Барои ҳамкорӣ аз Китобхонаи вилоятии кӯдакону наврасони Пенза, ҳамзамон ба созмондиҳандагони вохурии имрӯза ва пазироии самимӣ сипосгузор ҳастем. Барои ҳамкориҳои минбаъда омода ҳастем ва то вохурии оянда саломату муваффақ бошед, ” – гуфт дар охир Салима Раҷабзода – муовини якуми Китобхонаи миллӣ.
Бояд гуфт, чунин суҳбату вохуриҳои хонандгони Китобхонаи миллӣ пайваста баргузор гардида, метавонад дар самти тарғибу ташвиқи насли наврас ба мавзуҳои Ватан, модар ва дӯстдоштани сарзамини аҷдодӣ саҳмгузор бошад.
Махфират Муҳидинова, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа