Бархез баҳор омад, лаклак ба чанор омад…

Маҷмуъаи “Гули баҳман” аввалину охирин девони шеъри шоири 

ҳамешаҷавон Ҷумъа Дӯст буд, ки пас аз маргаш бо талоши дӯстонаш ва сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон, устод Гулназар Келдӣ, ки ҳамакнун низ аз дори дунё рафтааст, нашр шуда буд. Аз чопи ин маҷмуъа 21 сол мегузарад. Дафтари шеъри Ҷумъа Дӯсти ғурамарг ҳам ҳамин аст, меросу нишонаш ҳам ҳамин. Дигар касе аз ӯ намонд. Дар як рӯзи сарди охири тирамоҳи соли 1986 ҳамроҳ бо ҳамсару фарзандон ва бародараш бо мошине, ки озими Душанбе буд, ғарқи дарёи Зарафшон шуд.

Ҷумъа Дӯст ошиқи баҳору Наврӯз буд. Ва имрӯз хостем аз ӯ ёд кунем ва беҳтар аз навиштаи устоди зиндаёд Гулназар Келдӣ  матлабе наёфтем. Шоир дар бораи шоир.

 

 

  Пешгуфтор

Хонандаи арҷаманд ва маҷмӯаҳои нахустини адибони ҷавон бисёр пешгуфторҳоро хондааст. Ба таври маъмулӣ ин ҷо мо аз бурду бохти соҳиби маҷмӯа чизе намегӯем, ба ӯ комёбӣ хоҳон ҳам намешавем.            Ҷумъа Дӯст аз мафҳили мо рафтааст, ҷовидон рафтааст. Он рӯзи сиёҳ рӯи ҳавлии бобоии Ҷумъа пур аз мурда буд. Чунин воқиаи мудҳишро касе ёд надорад. Модари мӯпарешон ва рӯканда бемадорона аз болои тобуте ба болои тобути дигаре мерафт, нола мекард, кӯҳҳо ба садо меомаданд, рӯди Зарафшон навҳа мекашид сангу хок месӯхт.

            Модар ба сари тобути Ҷумъаи навхонаву навхома хам зада шеван сард дод:

            – Бенишон  рафтӣ, писарам!

            Дар паҳлуи тобути Ҷумъа тобути зану фарзандонаш меистод ва дили ҳамдеҳагонро хун мекард.

Онҳо, аҳли хонавода, савори мошин озими Душанбе буданд, фалокате пеш омад, мошин аз ҷарӣ фурӯ афтод, ҳама қурбон шуданд.

«Бенишон рафтӣ…»

Ҳамкорону дӯстони Ҷумъа аз Душанбе барои мазори ӯ санги нишон бурданд, санги мармари Тоҷикистон.

«Бенишон рафтӣ…»

Аз дафтару ёддоштҳои Ҷумъа шеъру қитъаҳои  парешонашро ҷамъоварӣ кардем, ҳамин китоби аввалину охирини каламкаши ҷавон фароҳам омад, нишони рӯзгори бенишонаш. То шеъраш ҳаст, то меҳраш дар дили ёру дӯстонаш маскан гузидааст, ӯ бенишон нахоҳад буд. Рӯзи фоҷиаи рӯзгораш шеъре гуфта будам, ки ин аст:

 

Ҳама донанд ту куҷо рафтӣ,

Ҳама донанд ту чаро рафтӣ.

Касе аммо наёрад гуфт: ба куҷо?

Касе аммо натонад гуфт, ки чаро?

Ба зиёрати модар камар бастӣ,

Ва аз он ҷо барнагаштӣ,

Ҳамчунон ки модарат низ

Ба диданат рафту роҳи бозгашт гум кард.

Аз туву модарат ду теппае боқист

  Байни теппаҳои бешумори  қабристон.

Ин ҳама дидаву боварам н-омад,

Ки ҳосили зиндагӣ бувад ночиз.

Шояд он ки хоки ту кард болотар

Хоки деҳаро як ваҷаб охир,

Мукофот аст?

 

Хонаву модари ту танҳо буд,

Дар он ҷое, ки хуни нофат рехт.

Солҳо дар пойтахти тоҷикон

Дар ба дар будиву бесомон,

Манзили нав кунун муборак бод,

Эй тоҷики бехона!

 

Ту дар ин хона наӣ иҷоранишин,

Ҳам ғами иҷорапулет набувад.

Шеърҳои нотамоматро тамомӣ бахш,

Ки чун лола ғарқи хун рӯяд

Дар сари гӯри хоксори ту.

Бисёр хондаам чунин  шеърҳоро

Ҳам рӯзе чунин шеър хоҳам гуфт.

 

Ҳар саҳар ба коргаҳ оям,

Ҷазбае мекашад дасти маро

Сӯи тилфонат.

Гӯиё ту тавонӣ бишкастан

Хомӯшии гарони миёнаи моро.

 

Таҳияи Малика Абдуллоева,

шуъбаи маркетинг ва менеҷменти

фаъолияти китобдорӣ.

 

Маркетинг ва менеҷмент