Барномаи “Фӯрӯғ” ва оғози мавсими нав дар  озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Фурӯғ ...Барномаи “Фурӯғ” майдони нави баҳсу мунозараи довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” , ки ҳадаф аз он танҳо китобхон ва китобдӯст тарбият намудани насли наврас мебошад. Бо хондани китоб инсон худро сифатан нав ва қобилияти андешарониро беҳтар мекунад. Бо дарки ин мафҳум ҳамасола теъдоди иштирокчиёни озмун зиёд мешавад. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иродаи инсонро мустаҳкам мекунад ва ҳамин иродаи устувор касро ба мақсад мерасонад.

Бо ҳамин ҳадафҳо имрӯз дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи навбатии “Фурӯғ” баргузор карда шуд.

Иштирокдорони ин барнома довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” ҳамчунин хонандагони фаъоли шуъбаи мазкур мебошанд, ки ҳар навбат дар барнома ширкат варзида, доир ба ин ё он асари хондаи худ миёни ҳам баҳс меороянд.

“Ҳезумкаш ва мор” – афсонаи халқи тоҷик, ки аз некии ҳезумкаш ба мор ва дар иваз бадӣ дидани ӯ қисса мекунад, дар маҳфил барасӣ гардид. Нависандаи маъруф Азизи Азиз, ки асосан барои бачаҳо шеъру афсонаҳо эҷод мекунад, меҳмони барномаи “Фурӯғ” буд ва ба суолҳои хонандагон посух дода, ҳамчунин барои дуруст ва манфиатнок будани мутолиаи афсонаҳо барои онҳо тавсияҳо пешниҳод кард.

Ба мор кӯмак кардани ҳезумкаш дуруст аст?

Барои чӣ мор хубӣ накард?

Барзагов барои чӣ ба суоли ҳезумкаш, ки магар бар ивази хубӣ бадӣ бояд кунем, ҷавоби мусбат дод?

Ин ва чандин суолҳои дигар, ки иштирокдорони барнома дар доираи онҳо миёни ҳам баҳс намуданд. Бояд зикр намуд, ки маҳфил дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таҳия ва пешниҳоди бинандагон гардонида мешавад. Ҳадаф аз барнома, ки ҳафтае як маротиба гузаронида мешавад, ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани савияи дониши онҳо ва ҳамчунин омода намудани онҳо ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он мебошад.

Хонандагон метавонанд афсонаи “Ҳезумкаш ва мор” ва чандин  афсонаҳои дигарро дар толори хониши  шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди ҷумҳурӣ ҷараён дошта, ғолибони он ба даври дуюм  ё ноҳиявии озмун роҳхат мегиранд. Умедвориҳо аз ин озмун дар соли шашуми баргузориаш хеле зиёд аст. Бояд гуфт, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид.

Тасмими афзудан ба шумораи Шоҳҷоиза ба хотири ба назар гирифтани  хусусияти синну солии кӯдакону наврасон гирифта шудааст, зеро чунин тағйирот барои дарёфти «Шоҳҷоиза», ки хондан ва аз бар намудани 70 дарсади осори назмиву насрӣ аз рӯи чор номинатсия барои онҳо каме душвор буд, ворид шуд. Ҳамзамон шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар расид, ки дар маҷмуъ 130 нафар чун ғолиби озмун эълон хоҳанд шуд.